Дар Душанбе якчанд далели бе иҷозатнома сиёҳ кардани оинаҳои воситаҳои нақлиёт ошкор гардид

Октябрь 9, 2019 10:50

ДУШАНБЕ, 09.10.2019./АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, аз ҷониби Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди пойтахт баҳри таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт амалиёт  идома дорад. Дар натиҷаи  амалиёти  навбатӣ якчанд далели бе иҷозатнома сиёҳ кардани оинаҳои воситаҳои нақлиёт ошкор карда шуда, нисбат ба соҳибони чунин мошинҳо бо моддаи 330 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, аз ҷумла  ин вайрокунандагони ҳаракат дар роҳ – ронандаҳо   Дилшод Раҷабов  (мошини  тамғаи «Лексус»,  қайди давлатияш 1100 АМ 01), Худойдод Ҷалолов (мошини  тамғаи «Лексус-460», қайди давлатияш 1361 НА 01), Шарофуддин Ташрифов  (мошини  тамғаи «Тайота Ленд Курузер», қайди давлатиаш 2323 ЕЕ 01, Муҳиддин Зайниддинов ( мошини  тамғаи «Мерседес-Бенс», қайди давлатияш 100 СС 01), Шаҳбоз Турдиалиев  (мошини тамғаи «Мерседес-Бенс»,  қайди давлатияш 1998 SS 01)  ва дигарон мебошанд, ки акси онҳо бо  воситаҳои нақлиёташон дар сомонаи Вазорати корҳои дохилаи ҷумҳурӣ гузошта шудааст.

Тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, аксари ронандагоне, ки ба вайронкуниҳои қоидаҳои ҳаракат дар роҳ даст задаанд, соҳибони мошинҳои  қиматбаҳои хориҷӣ ҳастанд.

Бояд хотирнишон намуд, ки мувофиқи қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои идора намудани воситаи нақлиёт бо оинаи сиёҳкардашуда иҷозатномаи мақомоти ваколатдори давлатӣ ҳатмист. Вале мутаассифона, баъзе аз ронандагону соҳибмулкони воситаҳои нақлиёте ҳастанд, ки талаботи ҳатмии муқаррароти қонунҳои амалкунандаро риоя накарда, ба ҳуқуқвайронкунӣ роҳ медиҳанд.

Ҳамчунин дар натиҷаи баргузории  ин  амалиёт  якчанд ҳолати идора намудани воситаи нақлиёт бо рақамҳои қайди давлатии бегона ошкор гардида,  нисбат ба  ронандагони мазкур тибқи талаботи моддаи 313 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.

Октябрь 9, 2019 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷавонон бояд қарзи шаҳрвандӣ — таҳсили илму дониш ва саҳмгузорӣ дар пешрафти Ватанро софдилона иҷро намоянд
Тоҷикистон дар мубориза бо қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар нақши калидӣ дорад
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабиниҳои канорӣ дар доираи иҷлосияи 67-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба воситаҳои нашъадор иштирок намуд
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон бо Чин ва Эрон дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор баррасӣ шуд
Ҷаласаи гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии канории Қазоқистон дар Вена иштирок намуд
Дар Вена оид ба сиёсати зиддимухаддиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода шуд
Мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ доир гардид
Тарбияи ватандӯстӣ — омили муттаҳидии миллат дар мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 67-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба воситаҳои нашъадор дар Вена иштирок дорад
14 МАРТ-ИДИ КАСБИИ КОРМАНДОНИ ПРОКУРАТУРА. Давоми 32 сол фаъолияти ин ниҳоди давлатӣ ба таври назаррас тақвият ёфт
Эмомалӣ Раҳмон: «Хурофот хатарест, ки ба имрӯзу ояндаи Тоҷикистон ва минтақа таҳдиди ҷиддӣ дорад»