Дар Хуҷанд 7-умин Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба дзюдо доир мегардад

Октябрь 1, 2019 09:40

ДУШАНБЕ, 01.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз 2 то 5 октябр дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи 7-уми байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар медиҳад.

Мусобиқаи мазкур бо иқдоми Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар вилояти Суғд аз рӯи 7 категорияи вазнӣ миёни мардон: -60кг, -66кг, -73кг, -81кг, -90кг, -100кг, +100кг доир мегардад. Дар мусобиқа иштироки беш аз 250 нафар варзишгарон аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Афғонистон ва Федератсияи Россия дар назар аст.

Бояд зикр кард, ки ғолибону ҷоизадорон дар баробари медалу диплом соҳиби ҷоизаи пулӣ низ мегарданд. Ба ғолибони ҷои аввал 10000 сомонӣ, барои ҷои дуюм 5000 сомонӣ ва барои ду ҷои сеюм 2500 сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон аз соли 2013 инҷониб баргузор мешавад. Қаблан солҳои гуногун шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат мизбони мусобиқа буданд. 5 соли аввал қувваозмоиҳо дар вазнҳои мутлақ сурат мегирифт, вале соли дуюм аст, ки мусобиқа тибқи қоидаҳои Федератсияи байналмилалии дзюдо аз рӯи 7 категорияи вазнӣ миёни мардон доир мегардад.

5  октябри соли гузашта  дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе  шашумин   Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон дар сатҳи баланду хотирмон   баргузор шуда буд.  Дар ин мусобиқа паҳлавонон  барои соҳиб шудан ба  Ҷоми Президенти Тоҷикистон байни ҳам рақобат карданд. Мусобиқаи мазкур бо иқдоми Федератсияи дзюдои Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурӣ аз рӯи 7 дараҷаи вазнӣ миёни мардон доир гардид.

Барои ширкат дар мусобиқа варзишгарон аз давлатҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон,  Қирғизистон,  Туркманистон дар ҳайати калон ширкат ва байни ҳам рақобат карданд.  Ҳамин тариқ дар  вазнҳои  -60-66-  ва – 90 паҳлавонони ӯзбекистонӣ, дар вазни- 73  кг варзишгари  тоҷик Фарҳод Раҳматуллобеков,  дар вазни -81 кг  паҳлавони    ҷавони тоҷик Ҷаҳонгир Маҷидов,  дар вазни  -100 кг  варзишгари   шинохтаи   тоҷик Саидҷалол Саидов  ва  дар вазни  + 100 кг варзишгари дигари тоҷик  Темур Раҳимов  сазовори медали  тилло ва   Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дзюдо гардиданд.  

Бояд  гуфт, ки  мусобиқа барои Ҷоми Президенти Тоҷикистон аз соли 2013 доир мешавад. Се бор (солҳои 2013-2015) ин мусобиқа дар шаҳри Душанбе барпо гардида буд. Соли 2013 Виталий Дудчики украинӣ дар вазни  то  81 кило ва Ислом Ал-Шаҳобӣ аз Миср дар вазни мутлақ ғолиб шуданд. Дудчик дар қувваозмоии ниҳоӣ  гӯштингири  тоҷик Фарҳод Раҳимовро мағлуб кард. Ал-Шаҳобӣ дар финал бар паҳлавони тоҷик Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дастболо шуд.

Баъдан ду бор Муҳаммадмурод Абдураҳмонов барандаи Ҷоми президенти Тоҷикистон гардид. Ӯ соли 2014 дар қувваозмоии ҳалкунанда барои ҷоизаи аслӣ бар ҳамватанаш Зиёратшо Баротов пирӯз шуд. Абдураҳмонов соли 2015 дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Александр Ваховяк аз Беларус ғалаба кард.

Мусобиқаи чоруми байналмилалӣ  барои  Ҷоми Президенти Тоҷикистон соли 2016 дар шаҳри Ваҳдат бо ширкати 45 варзишгар  аз 15 кишвар баргузор шуд. Станислав Бондаренко аз Украина, ки дар қувваозмоии ниҳоӣ Алекс Гарсия Мендозаро аз Куба шикаст дод, бо Ҷом, медали тилло ва ҷоизаи молӣ ба маблағи 56 ҳазор сомонӣ сарфароз гардонида шуд.

Ба варзишгари кубагӣ барои ҷойи дуюм медали нуқра ва 32 ҳазор сомонӣ тақдим шуд. Мӯҳсин Ҳисомиддинов ва Абдулло Тангриев (ҳарду аз Ӯзбекистон), ки ҷойҳои сеюмро гирифтанд, бо медалҳои биринҷӣ ва ҷоизаҳои молӣ- ҳар кадом ба маблағи 16 ҳазор сомонӣ мукофотонида шуданд.

Зимнан, дар мусобиқаи соли 2016 барои Ҷоми Президенти Тоҷикистон мизбонон бори аввал аз ҷоизаҳо бенасиб монданд.

Ёдовар мешавем, ки  5 октябри  соли 2017  дар варзишгоҳи навбунёди шаҳри Ваҳдат панҷумин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба  дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардида буд. Дар  мусобиқаи мазкур  паҳлавонон  аз 15 кишвари дунё, ба мисли Қазоқистон, Қирғизистон, Афғонистон, Покистон, Эрон, Россия, Германия, Непал, Япония, Беларус, Арманистон, Украина, Голландия, Америка ва Куба иштирок намуда, дар вазни 90 кг  байни ҳам рақобат намуданд. Ҳамчунин дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 нафар варзишгарони маъруфи тоҷик, аз ҷумла, Комроншоҳи Устопириён, Ҷаҳонгир Маҷидов, Саидҷалол Саидов,  Акмалиддин Муродов,  Саидҷамол Алимардонов ва Ғазалшоҳи Давлатшоҳ қувваозмоӣ  карданд

Аз  байни ин  варзишгарони   маъруфи тоҷик Саидҷалол Саидов, Комроншоҳи Устопириён ва Саидҷамол Алимардонов тавонистанд дар ин мусобиқаи байналмилалӣ  ғолиб шаванд.

Хотиррасон  менамоем, ки паҳлавонони шинохтаи тоҷик  Саидҷалол Саидов ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни 90 кг  бар ҳамаи рақибонашон ғолиб  омада,  ба даври финалӣ роҳ ёфтанд. Дар даври финалии мусобиқаи байналмилалӣ Саидҷалол Саидов ва  Комроншоҳи Устопириён  байни ҳам рақобат намуданд. Саидҷалол Саидов Комроншоҳи Устопириёнро мағлуб намуда, ғолиби панҷумин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба  дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.

Комроншоҳ сазовори зинаи дуюм ва  паҳлавони дигари тоҷик  Саидҷамол Алимардонов ва  варзишгари Қирғизистон  Шаҳриёр Идрисов ду ҷойи   сеюмро ба даст оварда  буданд.

 

Октябрь 1, 2019 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) бо ҳамсолони худ аз Амороти Муттаҳидаи Араб ду бозии дӯстона баргузор мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2025. Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон ба сабади дуюми қуръакашӣ дохил шуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон соли 2024-ро дар зинаи 104-уми раддабандии ФИФА ҷамъбаст намуд
ФУТБОЛ. Дмитрий Черишев сармураббии дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб таъйин шуд
Дар мусобиқаи Russian judo tour аз Тоҷикистон шаш паҳлавон иштирок менамояд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби духтаронаи то 17-солаи Тоҷикистон бар ҳамсолонаш аз Арабистони Саудӣ ғолиб омад
ФУТБОЛ. Имрӯз дастаҳои мунтахаби духтаронаи то 17-солаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ бо ҳам бозӣ мекунанд
Табрикоти Федератсияи байналмилалии футбол ба Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ
Ҷаласаи якуми ҳайати нави Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон доир гардид
Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа Рустами Эмомалиро ба муносибати президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб гардидан табрик намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби духтарони Тоҷикистон (U-17) тими Арабистони Саудиро мағлуб намуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон интихоб шуданд