Дар Хуҷанд Мусобиқаи 7-уми байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон оғоз гардид
СУҒД, 03.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. 2 октябр дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд маросими кушодашавии Мусобиқаи 7-уми байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар маросими кушодашавии мусобиқаи бонуфузи байналмилалӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Назаров, Раиси Федератсияи дзюдои Тоҷикистон Нурулло Лоиқов, ноиби Президенти Федератсияи байналмилалии дзюдо Виктор Флореску ва дигар меҳмонони олиқадр иштирок доштанд.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода меҳмонон ва иштирокчиёни Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гўштини дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба сарзамини меҳмоннавози Суғд хайрамақдам гуфта, таъкид кард, ки дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз бо ташаббус ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи варзиш аҳамияти хосса дода шуда, дар ин самт як қатор иқдомҳо роҳандозӣ гардиданд. Мавриди истифода қарор додани иншооти гуногуни варзишӣ, аз ҷумла толор ва қасрҳои варзишӣ, майдончаҳои варзишӣ ва ҳавзҳои шиноварӣ, рўзи шанбе эълон шудани «Рўзи варзиш», ташкили мусобиқаҳои оммавии варзишӣ ва дигар чорабиниҳое, ки ба ин самт нигаронида шудаанд, гувоҳи гуфтаҳои боло мебошанд.
Натиҷаи чунин дастгириҳост, ки соҳаи варзиш дар мамлакат рушд намуда, варзишгарони мо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ба дастовардҳои назаррас ноил мешаванд. Аз ҷумла танҳо давоми нуҳ моҳи соли равон варзишгарони вилоят дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок намуда, ба гирифтани 98 медали тилло, 57 медали биринҷӣ ва 115 медали нуқра ноил гардиданд.
Мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ҳафтум аст, ки дар сатҳи баланд баргузор мегардад ва он бори аввал дар вилояти Суғд доир шуда истодааст. Дар мусобиқаи мазкур зиёда аз 200 нафар варзишгарони кишварҳои минтақа иштирок доранд. Мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи ҳафт категорияи вазнӣ миёни мардон: -60кг, -66кг, -73кг, -81кг, -90кг, -100кг, +100кг гузаронида шуда, то 5 октябр идома меёбад.










Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






