Дар Хуҷанд Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба теннис миёни ҷавонон ҷамъбаст мешавад
ДУШАНБЕ, 22.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба теннис байни ҷавонони солҳои таваллудашон 2002, 2004 ва 2005, ки 19 октябр бо иштироки ҳайати дастаҳои ғолиб аз минтақаҳои ҷумҳурӣ оғоз шуда буд, анҷом меёбад. Дар ин бора котиби матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримҷон Салимзода ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, марҳилаи аввали мусобиқаи мазкур 21 сентябр дар сатҳи шаҳру ноҳияҳои мамлакат доир гардида буд.
Дар мусобиқаи мазкур 54 нафар варзишгарони мамлакат аз 4 минтақаи Тоҷикистон барои дарёфти мақомҳои ифтихорӣ миёни ҳам рақобат доранд.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар ҷамъбасти мусобиқа ғолибон бо диплом ва медалҳои кумитаи тадорукот сарфароз гардонида мешаванд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд






