Дар Москва ҷаласаи Мушовараи якҷояи вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Россия баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 08.10.2019./АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия бо иштироки Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода ва Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия, генерали политсия Владимир Колоколтсев ҷаласаи Мушовараи якҷояи вазоратҳои корҳои дохилии ду давлат баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур аз ҷониби вазирони ҳар ду давлат нақшаи кори вазоратҳои корҳои дохилии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020 тасдиқ гардид. Ҳамчунин дар доираи Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои таҳким бахшидани ҳамкории байни воҳидҳои тафтишотии вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, густариши равобити мақомоти корҳои дохилӣ ҳангоми тафтишоти пешакии парвандаҳои ҷиноятӣ, инчунин андешидани тадбирҳо дар самти такмил додани ҳамкорӣ зимни пешгирӣ, муайян ва ошкор кардани ҷиноятҳои вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъадори гурӯҳи афюн мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр кард, ки ҳамкории мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия рӯз аз рӯз тақвият ёфта, дар доираи баргузории ҷаласаи Мушовараи якҷоя боз ҳам тавсеа меёбад. Ин ҷаласа масъалаҳои муҳими ҳамкориро фаро гирифта, дар он мубориза бар зидди ҷиноятҳои фаромиллӣ, мубодилаи иттилоот ва дигар масъалаҳои мубрам мавриди муҳокима қарор дода мешаванд.
Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ҳамкории зич дошта, пайваста чорабиниҳои муштарак роҳандозӣ ва амалӣ менамоянд.
Дар ҷараёни ҷаласа оид ба андешидани тадбирҳо дар самти такмил додани ҳамкорӣ байни воҳидҳои тафтишотии вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистону Федератсияи Россия як зумра таклифҳои судманд пешниҳод гардиданд.
Дар интиҳои ҷаласа вазирони ҳар ду мамлакат сухани хотимавӣ гуфта, аз натиҷаҳои ба дастомада изҳори қаноатмандӣ карданд.








ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид






