Дар Қоҳира машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Миср баргузор гардиданд
ДУШАНБЕ, 04.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 3 октябр дар Қоҳира даври навбатии ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арабии Миср зери роҳбарии муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ ва муовини вазири корҳои хориҷии Миср Ҳонӣ Салим баргузор гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ҳайатҳои ду давлат масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Миср дар заминаҳои гуногун ва ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ намуда, перомуни мавзӯъҳои муҳими минтақавию байналмилалии мавриди эҳтимоми муштарак табодули афкор карданд.
Дар ройзаниҳои сиёсӣ омодагӣ ва рағбати тарафайн ба густариши бештари муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни ду давлат дар ҳамаи соҳаҳо таъкид гардид.
АКС: ВКХ ҶТ








Сафири Тоҷикистон бо Вазири ҷавонон ва варзиши Миср мулоқот намуд
Дар Берлин 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Нахустин Сафири Тоҷикистон дар Салтанати Умон ба Султони Умон эътимоднома супорид
Дар Париж 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил шуд
Дар Ашқобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Агентии давлатии сайёҳии Ҷумҳурии Озарбойҷон мулоқот намуд
Дастовардҳои 35 соли Истиқлолияти Тоҷикистон дар маҷаллаи «Оvo diplomatic»-и Эрон ба нашр расид
Дар Вашингтон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Токио 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Вена ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон чорабинии расмӣ доир шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Русия чорабинии тантанавӣ доир шуд
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Умон дар соҳаи меҳнат баррасӣ шуданд






