Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи миллии Малайзия бозии дӯстона анҷом медиҳад

Октябрь 19, 2019 12:40

ДУШАНБЕ, 19.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 нақша дорад, ки бо дастаи миллии Малайзия бозии дӯстона баргузор намояд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи  футболи Тоҷикистон иттилоъ  медиҳад.  

Тибқи иттилои манбаъ, вохӯрии мазкур 9  ноябр, соати 20:45 бо вақти Малайзия ва соати 17:45 бо вақти Душанбе дар Варзишгоҳи марказии Букит Ҷалили шаҳри Куала-Лумпур доир мешавад. Баъди анҷом додани дидори рафиқона дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба шаҳри Янгони Мянма сафар мекунад.

Бояд зикр кард, ки 14 ноябр дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи рақобатҳои даври 5-уми марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 бар муқобили дастаи мунтахаби  Мянма қувва месанҷад. Дидори дастаҳо дар варзишгоҳи «Mandalar Thiri Stadium», соати 15:30 бо вақти Душанбе баргузор мешавад. Баъдан шогирдони Усмон Тошев аз шаҳри Янгони ба шаҳри Бишкек барои анҷом додани бозии навбатии марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 ба муқобили дастаи мунтахаби Қирғизистон сафар мекунанд. Ин вохӯрӣ 19  ноябр, соати 19:00 бо вақти Душанбе дар назар аст.

Ёдовар мешавем, ки 15 октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии даври 4-уми марҳилаи дуюми интихобии Чемпионати ҷаҳон – 2022 дар гурӯҳи «F» байни дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистон ва Япония бо ҳузури 19100 сад нафар мухлисон ва дӯстдорони   футболи тоҷик дар сатҳи баланду хотирмон  баргузор гардида, бо ҳисоби 0:3 ба фоидаи меҳмонон ба анҷом расид.

Маврид ба тазаккур аст, ки дар ин дидори ҷолиб дар ҳайати дастаи мунтахаби  Япония ду голро ҳамлагар Такуми Минамино дар дақиқаҳои  (53,56) ва як голи дигарро ба дарвозаи дастаи мунтахаби Тоҷикистон Асано Такума дар дақиқаи 82 вохӯрӣ ворид намуданд.

Дар бозии дигари даври мазкур дастаи мунтахаби  Қирғизистон  дастаи мунтахаби футболи   Муғулистонро бо ҳисоби 2:1 мағлуб намуд. Ҳамин тавр, пас аз даври чаҳоруми марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» дастаи мунтахаби  Тоҷикистон  бо 6 имтиёз ҷои сеюмро ишғол мекунад.

Қаблан дастаи мунтахаби Тоҷикистон  дар марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» дастаҳои мунтахаби  Қирғизистон ва Муғулистонро бо ҳисоби якхелаи 1 : 0 мағлуб намуда буд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон 14 ноябр дар даври навбатӣ бо дастаи мунтахаби Мянма рақобат мекунад.

Октябрь 19, 2019 12:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад