Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи миллии Малайзия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ДУШАНБЕ, 19.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 нақша дорад, ки бо дастаи миллии Малайзия бозии дӯстона баргузор намояд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, вохӯрии мазкур 9 ноябр, соати 20:45 бо вақти Малайзия ва соати 17:45 бо вақти Душанбе дар Варзишгоҳи марказии Букит Ҷалили шаҳри Куала-Лумпур доир мешавад. Баъди анҷом додани дидори рафиқона дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба шаҳри Янгони Мянма сафар мекунад.
Бояд зикр кард, ки 14 ноябр дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи рақобатҳои даври 5-уми марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 бар муқобили дастаи мунтахаби Мянма қувва месанҷад. Дидори дастаҳо дар варзишгоҳи «Mandalar Thiri Stadium», соати 15:30 бо вақти Душанбе баргузор мешавад. Баъдан шогирдони Усмон Тошев аз шаҳри Янгони ба шаҳри Бишкек барои анҷом додани бозии навбатии марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 ба муқобили дастаи мунтахаби Қирғизистон сафар мекунанд. Ин вохӯрӣ 19 ноябр, соати 19:00 бо вақти Душанбе дар назар аст.
Ёдовар мешавем, ки 15 октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии даври 4-уми марҳилаи дуюми интихобии Чемпионати ҷаҳон – 2022 дар гурӯҳи «F» байни дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистон ва Япония бо ҳузури 19100 сад нафар мухлисон ва дӯстдорони футболи тоҷик дар сатҳи баланду хотирмон баргузор гардида, бо ҳисоби 0:3 ба фоидаи меҳмонон ба анҷом расид.
Маврид ба тазаккур аст, ки дар ин дидори ҷолиб дар ҳайати дастаи мунтахаби Япония ду голро ҳамлагар Такуми Минамино дар дақиқаҳои (53,56) ва як голи дигарро ба дарвозаи дастаи мунтахаби Тоҷикистон Асано Такума дар дақиқаи 82 вохӯрӣ ворид намуданд.
Дар бозии дигари даври мазкур дастаи мунтахаби Қирғизистон дастаи мунтахаби футболи Муғулистонро бо ҳисоби 2:1 мағлуб намуд. Ҳамин тавр, пас аз даври чаҳоруми марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо 6 имтиёз ҷои сеюмро ишғол мекунад.
Қаблан дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» дастаҳои мунтахаби Қирғизистон ва Муғулистонро бо ҳисоби якхелаи 1 : 0 мағлуб намуда буд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон 14 ноябр дар даври навбатӣ бо дастаи мунтахаби Мянма рақобат мекунад.








ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ГӮШТИН-2026. Загреб мизбони сабқатҳои тарзи озод ва юнонӣ-римӣ мешавад
Чемпионати ҷаҳон оид ба қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ дар Познани Полша баргузор мешавад
Чемпионати ҷаҳон оид ба тенниси рӯйи миз дар Лондон баргузор мешавад
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон барои анҷоми машқҳои дастҷамъӣ ба Дубай рафт
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба Мусобиқаи байналмилалии ҷудо «Dushanbe Grand Slam 2026» омодагӣ мебинад
Дар шаҳри Саняи Чин Бозиҳои 6-уми соҳилии Осиё оғоз гардиданд
Бахшида ба Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа мусобиқаҳои варзишӣ оғоз шуданд
Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар шаҳри Турсунзода дар сатҳи баланд доир гардид
Ҷудочиёни тоҷик аз Чемпионати Осиё–2026 бо 5 медал ба Ватан баргаштанд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасону ҷавонон баргузор гардид
Дар Хоруғ мусобиқаи вилоятии шоҳмот баргузор гардид
Дар шаҳри Москва Чемпионати кушод оид ба ҷудо таҳти унвони “Дӯстии халқҳо” оғоз гардид






