Давоми ду рӯз дар роҳи мошингарди Душанбе — Чаноқ ду садамаи маргбор рух дод

Октябрь 7, 2019 13:28

ДУШАНБЕ, 07.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Давоми ду рӯзаз 4 то  6  октябр дар роҳи  мошингарди ДушанбеЧаноқ ду  садамаи нохуши нақлиётӣ рух дод, ки   боиси марги  3 одам  ва маҷрӯҳ гардидани 2 нафар  гардидааст. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, 4 октябр,  тахминан соати 02:00, ронандаи мошини тамғаи «Лада-Калина», сокини ноҳияи Шаҳринав Акрамҷон  Ашурови 64 –сола ҳангоми ҳаракат аз вилояти Суғд ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Зидеҳи ноҳияи Варзоб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба тарафи рости роҳ чаппа шудааст.  Дар натиҷа, худи ронанда А. Ашуров ва ҳамсараш Рӯзигул Одинаеваи 58 –сола  ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Мусофири дигари мошини мазкур, сокини шаҳри Турсунзода Суҳроб Меликови 29 –сола  ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Садамаи дигари нақлиётӣ  дар роҳи мазкур  6 октябр, тахминан соати 10:30 рух додааст. Ронандаи мошини тамғаи «Опел-Зафира», сокини ноҳияи Б.Ғафуров Толибҷон Усмонови 24-сола ҳангоми ҳаракат дар болои пули ҳудуди Ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров ба муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба мошини тамғаи «Опел-Вектра», таҳти идораи сокини ноҳияи Б.Ғафуров  Абдуқаҳҳор Қаландарови 38-сола  бархӯрдааст.

Дар натиҷа, ронандаи «Опел-Вектра» А.Қаландаров ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Мусофири мошини тамғаи «Опел-Зафира», сокини ноҳияи Б.Ғафуров Мубинҷон Ҳомидови 22-сола  ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур  корҳои таҳқиқу тафтиш идома доранд.

Октябрь 7, 2019 13:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад