Давоми ду рӯз дар роҳи мошингарди Душанбе — Чаноқ ду садамаи маргбор рух дод

Октябрь 7, 2019 13:28

ДУШАНБЕ, 07.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Давоми ду рӯз – аз 4 то  6  октябр дар роҳи  мошингарди Душанбе — Чаноқ ду  садамаи нохуши нақлиётӣ рух дод, ки   боиси марги  3 одам  ва маҷрӯҳ гардидани 2 нафар  гардидааст. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, 4 октябр,  тахминан соати 02:00, ронандаи мошини тамғаи «Лада-Калина», сокини ноҳияи Шаҳринав Акрамҷон  Ашурови 64 –сола ҳангоми ҳаракат аз вилояти Суғд ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Зидеҳи ноҳияи Варзоб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба тарафи рости роҳ чаппа шудааст.  Дар натиҷа, худи ронанда А. Ашуров ва ҳамсараш Рӯзигул Одинаеваи 58 –сола  ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Мусофири дигари мошини мазкур, сокини шаҳри Турсунзода Суҳроб Меликови 29 –сола  ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Садамаи дигари нақлиётӣ  дар роҳи мазкур  6 октябр, тахминан соати 10:30 рух додааст. Ронандаи мошини тамғаи «Опел-Зафира», сокини ноҳияи Б.Ғафуров Толибҷон Усмонови 24-сола ҳангоми ҳаракат дар болои пули ҳудуди Ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров ба муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба мошини тамғаи «Опел-Вектра», таҳти идораи сокини ноҳияи Б.Ғафуров  Абдуқаҳҳор Қаландарови 38-сола  бархӯрдааст.

Дар натиҷа, ронандаи «Опел-Вектра» А.Қаландаров ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Мусофири мошини тамғаи «Опел-Зафира», сокини ноҳияи Б.Ғафуров Мубинҷон Ҳомидови 22-сола  ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур  корҳои таҳқиқу тафтиш идома доранд.

Октябрь 7, 2019 13:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст