«Дил, биё як дам кунем ёд аз фалак» — таҳти чунин унвон бахшида ба Рӯзи фалак барномаи консертӣ доир мегардад

Октябрь 9, 2019 16:41

ДУШАНБЕ, 09.10.2019./АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 10 октябр дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев ба ифтихори Рӯзи фалак таҳти унвони «Дил, биё як дам кунем ёд аз фалак» барномаи консертӣ баргузор мегардад.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар барномаи консертӣ Ҳофизи халқии Тоҷикистон Раҳматулло Ҳошимов, ансамбли фолклории “Ганҷина” ва зиёда аз 20 нафар санъаткорону сарояндагон ҳунарнамоӣ мекунанд.

Бояд гуфт, ки  маҳфуми фалак ифодагари осмон, кайҳон, сипеҳру афлок, гардун, гардиши рӯзгор, сарнавишт ва амсоли инҳо мебошад.  Аз ин лиҳоз, имрӯз жанри мусиқии фалак ҳамчун падидаи нодири ҳунарӣ дар фазои мамлакати соҳибистиқлоламон бо ҷилову садои дилнишин танинандоз гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки 20 июли соли 1989 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб бо роҳбарии Давлатманд Холов ансамбли «Фалак» таъсис ёфт. 16 ноябри соли 2001 бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ансамбли «Фалак» мақоми давлатӣ дода шуд ва ҳоло он дар назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукмати ҷумҳурӣ фаъолият дорад.

Ҳамчунин  соли 2015 номинатсияи мусиқии суннатии тоҷикон- «Фалак» ба Ҷоизаи байналмиллалии «GLOBAL RATING NOMI-NATION»-и Институти рейтинги байналмиллалӣ- «INTER-NATIONAL RATING SISTEM» — ЮНЕСКО  мушарраф гардидааст.

Октябрь 9, 2019 16:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкорӣ байни муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Тоҷикистон ва Ҷопон густариш меёбад
ШОҲНОМАПАЖӮҲӢ ДАР ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ҳадафи ниҳоии Фирдавсӣ аз иншои асараш инсонсозӣ бо ҳувияти миллӣ будааст
Китоби «Мероси таърихӣ, фарҳангӣ ва табиии Тоҷикистон» аз чоп баромад
Антропологи машҳури рус дар ёдгории Сари Майни ноҳияи Айнӣ таҳқиқот мегузаронад
НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 21 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
«Қалъаи Хуҷанд» ба рӯйхати 10 мавзеи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон шомил гардидааст
Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд