Ду нафар шаҳрвандон бо ҷурми порагирӣ боздошт гардиданд

Октябрь 3, 2019 14:30

ДУШАНБЕ, 03.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони шуъбаи минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор- эксперти тиббӣ-судии шуъбаи байниноҳиявии шаҳри Турсунзода У.Н.Б ва шаҳрванд Ҳ.Ф.Б-ро ҳангоми гирифтани пора боздошт намудаанд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, боздошти мазкур дар асоси аризаи шикоятии шаҳрванд «А» сурат гирифтааст.

Ба иттилои манбаъ, 19 сентябри соли равон шаҳрванд «А» ба шуъбаи мазкур бо ариза муроҷиат намудааст, ки нисбат ба номбурда тадбирҳои қонунӣ андешида шаванд.

«Номбурдагон аз ӯ бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ, барои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани писари додараш шаҳрванд «Б», ки нисбаташ бо моддаи 139 қисми 4 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст, маблағи 10 000 доллари ИМА талаб карда истодаанд», — омадааст дар иттилоияи Агентӣ.

Дар ҳамин асос, — афзуд манбаъ, худи ҳамон рӯз нисбат ба У.Н.Б. ва Ҳ.Ф.Б. бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ — тафтишотӣ У.Н.Б. баъди аз шаҳрванд «А» гирифтани маблағи 7000 доллари ИМА дастгир ва маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта, гирифта шуд.

«Айни замон тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ идома дорад»,- хабар дод манбаъ.

Октябрь 3, 2019 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд