«ДУРУД БА МАРДУМИ ТОҶИК!». Пайғоми донишманди курд Ават Дарё ба ширкаткунандагони Симпозиуми байналмилалии илмии «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз»

Октябрь 23, 2019 10:42

ДУШАНБЕ, 23.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Созмондиҳандагони Симпозиуми байналмилалии илмии «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз», ки 22 октябр дар Душанбе ба кори худ оғоз намуд ва дар расми ифтитоҳи он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд, номаи қобили таваҷҷуҳро ба ихтиёри АМИТ «Ховар» вогузоштанд. Ин нома-пайғоми донишманди курд Авад Дарё ба иштирокчиёни симпозиум мебошад, ки дирӯз дар бахши сеюми ҳамоиш «Ҷашну оинҳои бостонӣ: авомили муҳими зиндагисоз ва баҳамоии инсоҳо» қироат карда шуд.

Хотиррасон менамоем, ки рӯзгор ва омоли курдҳо, ки дар саросари дунё аз чиҳил миллион нафар бештаранд ва қариб се ҳазор сол боз дар роҳи расидан ба Истиқлолияти давлатӣ хастанопазирона талош меварзанд, намунаи барҷастаи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ маҳсуб мешавад.

Дар зер матни номаи Ават ДАРЁро, ки намояндаи зардуштиёни Курдистон дар Вазорати авқоф ва умури мазҳабии Ироқ мебошад, пешниҳоди хонандагон менамоем.

 

Ман хеле ифтихор дорам, ки ба ин сипозиум даъват шудам, вале аз сабаби саривақт дастрас нашудани виза натавонистам дар ин ҳамоиш ширкат намоям.

Тоҷикони гиромӣ, агарчи ман дар ҳузури шумо нестам иҷоза бидиҳед ин ҳамоиши пажўҳиши фарҳанги бостонро ба шумо табрик бигўям.

Ин табрикоти маънавӣ аз ман ва ҳамаи зардуштиёни далери Курдистон аст.

Имрўзҳо дар Курдистон минтақае вуҷуд дорад, ки дар он ҷо зардуштиён зиндагонӣ мекунанд ва фарҳанги бостонии ориёиро нигаҳ медоранд.

Зардуштиёни Курдистони Ироқ ҳанўз ҳам оинҳо, суннатҳо, либосҳо, одобу русуми бостонии худро нигаҳ дошта, тибқи ҳамон пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек амал менамоянд.

Онҳо ҷашнҳои бостониро ба монанди шаби Ялдо, Сада, Наврўз ва Меҳргон ҷашн мегиранд. Дар ин ҷашнҳо шодмонӣ менамоянд. Намояндагони динҳои дигарро низ даъват мекунанд.

Дар қарни гузашта аз минтақаи Сулаймония матне ба забони паҳлавӣ ёфт шуд, ки он як пораи манзум аст. Дар ин шеър ҳамла ба зардуштиён тасвир шуда, ки аз отшасўзӣ, аз даст додани занону кўдакон, ҳамлаи қоиқҳои ҷангӣ ва амсоли ин тасвир шудааст. Дар шеър омадааст, ки бахше аз зардуштиён ба самти Шарқ ба Ҳиндустон фирор карданд.

Ҳоло рененсанси зардуштӣ дар Курдистон як рўйдоди муҳими замон аст. Зардуштиён мубаллиғи ҳамзистии мусоламатомез бо сулҳу салоҳ, ишқ ва ҳамоҳангӣ дар байни инсонҳо мебошанд. Ба вижа дар минтақаи мо, ки дар он ҷо даргириҳо зиёд аст.

Мо зардуштиёни Курдистон таи се соли гузашта дар раванди ҳамзистии сулҳомез бо динҳои дигар ҳастем. Бо намояндагони ҳашт адён – мусулмонон, масеҳиён, язидиҳо, ёрсониҳо, собинҳо ва баҳоиён ҳамоишҳо баргузор менамоем.

Инак, ёдовар мешавам, ки пажўҳиши фарҳанги мардум, яъне устура, афсона, ҳамоса, оинҳо, ҷашнҳои зардуштиёни Курдистон аз замони бостон то рўзгори мо расида. Дар воқеъ он пайванди ногусастанӣ дорад бо фарҳанги бостони ориёӣ.

Мо мехоҳем, ки фарҳанги мардуми зардуштиёни Курдистон дар оянда бештар гирдоварӣ, омўзиш ва пажўҳиш шавад. Хуб мебуд, ки дар ин масир бо пажўҳандагони Тоҷикистон ва ховаршиносони ҷаҳон ҳамкорӣ намоем.

Дуруди фаровон ба мардуми тоҷик ва донишмандонаш, ки дар пажўҳиши фарҳанги бостон талош доранд.

Бо меҳр,

                                                                                                         Ават ДАРЁ.
Аз Курдистони Ироқ.
22.10.2019.

 

Октябрь 23, 2019 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Вайрон намудани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ ҷиноят аст
Эмомалӣ Раҳмон: «Масъалаи талафоти неруи барқ ва истифодаи ғайриқонунии он дар ҷумҳурӣ ташвишовар аст»
АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ЭНЕРГЕТИКӢ ТАЪСИС ДОДА ШУД. Дар қонунгузории Тоҷикистон барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардид
Дар маҷаллаи «The Diplomatic Insight» мақолаи олимони тоҷик таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои дипломатияи байналмилалӣ» ба нашр расид
Сарвазири Тоҷикистон бо рафти корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияи Тоҷикобод шинос шуд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Пиряхҳои мо танҳо манбаи об барои минтақа набуда, дар ҳифзи иқлими минтақа низ нақши муҳим мебозанд»
Пиряхҳои Тоҷикистон боигарии бебаҳои табиӣ ва сарчашмаҳои муҳими оби тоза дар Осиёи Марказӣ мебошанд
ҶОИЗАИ «ШАҲРИ СУЛҲ». Онро Душанбе барои саҳми беандоза дар таҳкими сулҳ ва арзишҳои башарӣ бо қарори ЮНЕСКО соҳиб гардид
МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДӢ. Барои ғайриқонунӣ истифода бурдани неруи барқ ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар гардид
Президенти Комиссияи Иттиҳоди Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз иқтидори бузурги Неругоҳи азими барқи обии «Роғун»-и Тоҷикистон ёдовар шуд
Президенти Тоҷикистон тавсеаи ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказиро бо Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи энергетикаи «сабз» аз самтҳои ояндадор номиданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Пиряхҳои Тоҷикистон танҳо манбаи об барои минтақа набуда, дар нигоҳдории иқлими минтақа низ нақши муҳим мебозанд»