Фаъолияти 10-солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пурзӯр намудани низоми миллии муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда

Октябрь 29, 2019 16:40

ДУШАНБЕ, 29.10.2019/АМИТ «Ховар»/. Дар Бонки миллии Тоҷикистон бахшида ба 10-солагии таъсиси Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон /БМТ/ дар мавзӯи «Дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пурзӯр намудани низоми миллии муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли /МҚД/МТ/МПСҚО/» ҳамоиш баргузор гардид.

Раиси БМТ Ҷамшед Нурмаҳмадзода зикр кард, ки дар ҷаҳони муосир муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли  ом  яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб рафта, давлатҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати мубориза алайҳи ин амали номатлуб тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида истодаанд.  Дар ин радиф, бо мақсади мустаҳкам намудани ҳамкории байналмилалӣ дар самти мазкур аз тарафи кишварҳои бонуфузи ҷаҳон соли 1989 Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба қонунигардонии даромадҳо  — машҳур бо номи ФАТФ таъсис дода шуд ва дар робита бо он тавсияҳои дахлдори ФАТФ таҳия ва қабул гардида, иҷрои онҳо тавассути мутобиқ намудани низоми миллии худ ба тавсияҳои зикршуда аз ҷониби аъзои давлатҳои СММ пазируфта шуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар қатори дигар кишварҳои ҷаҳон ба мутобиқ намудани низоми миллии  муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ба Тавсияҳои ФАТФ, тақвияти фаъолияти ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ ва боло бурдани нуфузу эътибори мамлакат чораҳои зарурӣ амалӣ намуда, аз соли 2004 ҳамчун давлати аъзо ба яке аз гурӯҳҳои минтақавӣ, ба монанди ФАТФ — Гурӯҳи Авруосиё шомил мебошад. Бинобар ин, соли 2008 аз ҷониби коршиносони Бонки ҷаҳонӣ баҳодиҳии тарафайни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мутобиқат ба Тавсияҳои ФАТФ гузаронида шуда, тибқи натиҷаҳои он таъсис додани мақомоти кашшофии молиявӣ дар ҷумҳурӣ мувофиқи мақсад арзёбӣ гардид.

Ҷиҳати иҷрои талаботи тавсияҳои ФАТФ, дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 20 октябри соли 2009, дар назди БМТ Департаменти мониторинги молиявӣ таъсис дода шуда, инчунин тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2017, Бонки миллии Тоҷикистон (Департаменти мониторинги молиявӣ) мақоми ваколатдор дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом муайян гардид, — изҳор намуд Раиси Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид МҚД/МТ ва МПСҚО, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода. Ба гуфтаи ӯ, солҳои охир Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тақвияти низоми миллии муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом кӯшиши зиёд ба харҷ додааст, ки аз иродаи қавии сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти Ҳукумати ҷумҳурӣ дар татбиқи Тавсияҳои ФАТФ шаҳодат медиҳад.

Дар тӯли фаъолияти хеш дар доираи салоҳият ва вазифаҳои худ дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ ва бахши хусусии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани як қатор чорабиниҳо, ки ба таъмини амнияти иқтисодии давлат, инчунин рушди низоми миллии кишвар дар ин самт равона гардидаанд, нақши муҳим бозидааст, зикр кард Раиси БМТ.

Директори Департаменти мониторинги молиявӣ Фарҳод Билолов оид ба  фаъолияти ҷории департамент дар самти  МҚД/МТ/МПСҚО рӯнамоии худро манзури аҳли нишаст гардонида, зикр кард, ки маҳз бо саъю кӯшиши мақомоти дахлдор Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Иштирокдорони ҳамоиш таъкид карданд, ки дар ҳамбастагӣ бо мақомоти дахлдори мамлакат метавонанд ҳолатҳои марбут ба қонунигардонии даромадҳо ва маблағгузории терроризмро ошкор намуда, барои рушди минбаъдаи низоми миллии муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва паҳнкунии силоҳи қатли ом такони ҷиддӣ бахшида, нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти муқовимат ба падидаҳои терроризм дар арсаи ҷаҳонӣ боло баранд.

Октябрь 29, 2019 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе вохӯрии минтақавии ниҳодҳои пешбарандаи содироти мамлакатҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон бо раиси Бонки миллии Швейтсария роҳҳои тақвияти ҳамкориро баррасӣ намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар мулоқот бо намояндагони Хазинаи Байналмилалии Асъор масъалаҳои марбут ба низоми бонкиро баррасӣ намуд
Саҳми Бонки ҷаҳонӣ дар татбиқи ислоҳоти сохтории иқтисодиёти Тоҷикистон назаррас арзёбӣ гардид
Намоишгоҳи молу маҳсулоти корхонаҳои саноатии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе то 21 апрел идома меёбад
Дар қаламрави Тоҷикистону Узбекистон қариб 400 корхонаи муштарак фаъолият менамояд
Дар вилояти Хатлон татбиқи 368 лоиҳа ба маблағи 8,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Вазири кишоварзии Узбекистон дар шаҳри Ҳисор бо фаъолияти корхонаи «Агротехсервис» шинос гардид
«Гардиши мол байни ду давлат дар ояндаи наздик ба 1 миллиард доллари амрикоӣ расонида мешавад», — бардошт аз Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Узбекистон
Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарияти IFC роҳҳои тавсеаи ҳамкориро баррасӣ намуд
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунанда оид ба муаррифии ҳисоботи СММ баргузор шуд
Татбиқи лоиҳаҳои муштарак байни Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд