ФУТБОЛ: ғалаба дар даври нахустини Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистонро садрнишини ҷадвал намуд

Октябрь 29, 2019 09:00

ДУШАНБЕ, 29.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯзи Тоҷикистон бо хушхабар шурӯъ гардид, зеро дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон оид ба футбол нахустин бозияшро дар Ҷоми ҷаҳон-2019 бо пирӯзӣ шурӯъ намуд. Ин умеду орзуҳои моро барои роҳ ёфтани дастаи дӯстдоштаамон ба марҳилаи минбаъда бештар месозад.

Ҷоми ҷаҳон-2019, ки дар Бразилия ҷараён дорад, 29 октябр, соати 4:00 ба вақти Тоҷикистон дастаҳои мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон ва Камерунро ба ҳам овард. Дар ин бозӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон чемпиони Африқо дар соли 2019 – дастаи Камерунро мағлуб сохт. Голи ягонаро дар ин дидори ниҳоят ҳассос ва муҳим нимҳимоятгар Шарифбек Раҳматов аз ҷаримаи ёздаҳметра вориди дарвозаи дастаи Камерун намуд.

Ин лаҳзаи ниҳоят ҷолибу ҳассос ва фараҳбахшро шореҳи телевизиони «Варзиш» Бобо Холмуродзода бо рӯҳияи баланд пайгирӣ дошт. Аз ҷумла, мавсуф зимни иҷрои голи ягона зикр кард, ки «ана ин аст ҳунарнамоии ҷавонони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳон, аҳсант ба онҳо, ки дар оғози нимаи дуюми бози тавонистанд футболи зебои тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ созанд». 

Ҳарчанд коршиносони футбол иброз дошта буданд, ки аъзои дастаи мунтахаби то 17-солаи Камерун аз ҳисоби қаду қомат ва ҷиҳати физикӣ нисбат ба бозигарони мо бартарӣ доранд, вале футболбозони тоҷик бо дарки масъулият бозиро бар нафъи худ, яъне бо пирӯзӣ анҷом доданд.

Ҳарчанд дақиқаҳои аввали бозӣ барои дастаи мунтахаби наврасони мо душвор сипарӣ мешуданд ва онҳо бо таваҷҷуҳ ба он, ки бори нахуст дар Ҷоми ҷаҳон иштирок мекарданд, эҳсосоту ҳаяҷон фарогирашон буд, вале тавонистанд нимаи аввали бозиро мусовӣ ба анҷом расонанд. Баъд аз танаффус сармураббӣ Зайниддин Раҳимов ду тан аз бозигарони бомаҳорат ва ҳуҷумкунанда Рустам Соиров ва Амадонӣ Камоловро ба майдон овард, ки шурӯъ аз дақиқаҳои аввал бозӣ куллан ранги дигар гирифт. Баъд аз чанд ҳуҷуми пайопай дарвозабони дастаи Камерун Рустам Соировро аз пой афтонид ва довар ҷаримаи 11-метра таъйин намуд, ки онро нимҳимоятгари мо Шарифбек Раҳматов бо гол анҷом дод.

Ин ҳанӯз аввали кор буд. Дар ҳуҷуми навбатӣ бо партофти Амадонӣ Камолов ҳамдастаи ӯ Рустам Зоиров тавонист бо дарвозабон як ба як баромада, ҳисоби бозиро ду бар сифр намояд, вале довари бозӣ аз Зеландияи Нав баъд аз таваҷҷуҳ ба низоми VAR (видеодовар) голи дуюмро   бекор намуд. Ҳарчанд баҳои довар ба ин гол мунсифона набуд ва гузашта аз ин ба ҳимоятгари тоҷик Шуҳрат Элмуродов корти сурх нишон доданд ва то андозае тарафгирии дастаи мунтахаби Камерун эҳсос мешуд, вале бо ин ҳама  футболбозони тоҷик тавонистанд ҳисобро нигоҳ дошта, қалби миллионҳо  нафар мухлисони худро шод созанд.

Сармураббии даста Зайниддин Раҳимов баъд аз бозӣ эҳсосоти худро дар бораи он чунин баён дошт: «Воқеан ҳам рақиби мо дастаи  мунтахаби наврасони то  17-солаи Камерун хеле пурқуввату тавоно ва ботаҷриба буд, вале ман ба бачаҳоямон ташаккур мегӯям, чун аз рӯи тавсияҳое, ки дода будам, амал карданд. Худатон шоҳид будед, ки чӣ гуна онҳо ба аксулҳуҷумҳои саривақтӣ мегузаштанд ва ҳамин буд, ки рақиб тоб наоварда, қоидаи бозиро дар дохили ҷаримагоҳ вайрон кард ва он ба голи пирӯзиовари мо табдил ёфт. Ман ба ҳамаи мухлисони тоҷик сипос мегӯям, зеро бовар дорам, ки онҳо моро дар ин вақт ҳамроҳӣ доштанд».

Хурсандиовар аст, ки аз миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  ва Осиёи Марказӣ Тоҷикистон ягона давлат аст, ки дар қисмати финали Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол миёни ҷавонон  иштирок дорад.

Бояд гуфт, ки яке аз дастовардҳои бузурги футболи тоҷик дар чанд соли охир маҳз ба дастаи мунтахаби наврасони 17-солаи мамлакат  мансуб аст. Ин даста бо раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар Чемпионати Осиё дар пойтахти Малайзия – шаҳри Куала-Лумпур бори аввал барандаи медалҳои нуқра гардида, роҳхати мустақимро  ба Чемпионати ҷаҳон миёни бозигарони то 17-сола соҳиб шуд.

Рустам Соиров, ки дар дақиқаҳои аввали нимаи дуюми бозӣ ба майдон омад, якҷо бо ҳамдастаи худ Амадонӣ Камолов бозии зебои футболи тоҷикро намоиш доданд ва маҳз нақши ин ду нафар дар голи ягонаи ғалабаовари дастаи мо назаррас  аст.  Рустам Соиров баъд аз бозӣ андешаи худро аз Бразилия чунин баён дошт: «Ғалабаи нахустини дастаамонро ба тамоми мардуми тоҷик мебахшем. Ҳарчанд бозӣ барои мо хеле душвор сипарӣ шуд, вале тавонистем се имтиёзи заруриро ба даст оварем. Дар дақиқаи 67-уми бозӣ ман голи дуюмро ворид сохтам, вале довар онро ба инобат нагирифт. Ман ба мухлисони футболи тоҷик ваъда медиҳам, ки дар бозии навбатӣ  ҳатман гол мезанам».

Бояд гуфт, ки пас аз ин бозӣ, яъне ғалабаи Тоҷикистон бар дастаи Камерун, Тоҷикистон дар гуруҳи худ  дар садри ҷадвал ҷой гирифт. Зеро бозии ҳамгурӯҳони дастаи мо- Испания ва Аргентина мусовӣ анҷом ёфт ва Тоҷикистон дар ҷойи аввал, Аргентина дар зинаи дуюм буда, Испания ҷои се ва Камерун бо як бохт зинаи охири ҷадвалро касб карданд.

Новобаста аз он, ки рақибони дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дар  Чемпионати ҷаҳон- 2019 дастаҳои мунтахаби маъруфи сайёра, аз қабили Испания, Аргентина ва Камерун, яъне ворисони Мессиву  Агуеро, Коставу Торес ва Жоэ́л Мати́п ташкил медиҳанд, вале дар нахустин бозии худ  ин  футболбозони навраси  мо  исбот карданд, ки футболи тоҷик чун дар кишварҳои  пешрафтаи Амрикову Аврупо ва  Африқо    рушд  мекунад.

Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби наврасони то  17-солаи Тоҷикистон дар Ҷоми ҷаҳон-2019 оид ба футбол, ки дар Бразилия аз 27 октябр шурӯъ гардида, то 17 ноябр идома меёбад, ширкат дорад. Дар ин мусобиқаи муҳими сайёра Тоҷикистон дар гурӯҳи «Е» бо дастаҳои мунтахаби Испания, Аргентина ва Камерун  ба майдон мебарояд.

Бозии дуюми дастаи мунтахаби Тоҷикистон 1 ноябр, соати 1:00 бо дастаи мунтахаби Испания ва бозии ниҳоии гурӯҳӣ 4 ноябр   боз ҳам соати 1:00 бо дастаи мунтахаби Аргентина сурат мегиранд. Мухлисони футболи тоҷик имкон доранд ин бозиҳои муҳимро тариқи телевизионҳои «Варзиш» ва «Футбол» бо шарҳ бо  забони давлатӣ тамошо кунанд. Инчунин ҳамарӯза аз натиҷаи ин бозиҳо барои ҳаводорони футбол дар Радиои «Ховар» ва сомонаи «Ховар» маводу гузоришҳои саривақтӣ манзур мешаванд.

 

Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
АМИТ «Ховар»

 

АКС аз сомонаи Varzishtv.tj

Октябрь 29, 2019 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имшаб дастаҳои мунтахаби олимпии Тоҷикистон ва Ироқ бо ҳам бозӣ мекунанд
Пайрав Воҳидов: «Бисёр шодем, ки бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2024-ро бо ғалаба анҷом додем»
Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба самбо дар шаҳри Кӯлоб муайян гардиданд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал тими Кореяи Ҷанубиро мағлуб намуд
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Дар Тоҷикистон Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба парапланеризм барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат доир мешавад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи Кореяи Ҷанубӣ бозӣ менамояд
Дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор мегардад
Саидҷамол Алимардонов сазовори Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Темурмалик гардид
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) нахустин бозиашро анҷом дод
Кормандони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Тоҷикистонро дар Чемпионати инфиродии Осиё – 2024 9 паҳлавон муаррифӣ менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Арабистони Саудӣ бозӣ менамояд