Футзалистони дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба дарвозаи дастаи мунтахаби Непал 6 голи беҷавоб заданд
ДУШАНБЕ, 24.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё-2020, ки дар шаҳри Урмияи Эрон оғоз гардид, бар дастаи мунтахаби футзали Непал ғолиб омад. Шогирдони Деян Дедович ба дарвозаи непалиҳо 6 голи беҷавоб заданд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ин рақобати ҷолиб голҳои дастаи мунтахаби Тоҷикистонро Рустам Ҳамидов, Файзалӣ Сардоров, Парвиз Раҳматов ва Умед Қӯзиев ба нишон расониданд.
Рақобати навбатии дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби футзали Афғонистон имрӯз, 24 октябр, соати 14:30 бо вақти Тоҷикистон баргузор мегардад. Ду дастаи беҳтарини гурӯҳ ба марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2020, ки соли оянда дар Туркманистон сурат мегирад, роҳ меёбанд.
Хотиррасон мешавем, ки дар мусобиқоти интихобии Чемпионати Осиё – 2020 оид ба футзал дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар минтақаи иттиҳоди Марказ ва Ҷануб иштирок мекунад. Дар гурӯҳи «А» футзалбозони шинохта бозиҳои худро бо дастаҳои мунтахаби Непал 23 октябр, Афғонистон 24 октябр ва Ӯзбекистон 25 октябр доир менамоянд. Марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё – 2020 дар шаҳри Урмияи Эрон баргузор мегардад.
Ҳайати пурраи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал:
Дарвозабонҳо: Фируз Бекмуродов, Муродулло Алиқулов (аз – «Соро компания»), Баҳромхоҷа Сидиқхоҷаев («Сипар»);
Бозингарони майдон: Дилшод Саломов («Сипар»), Шавкат Ҳалимов, Парвиз Раҳматов, Иқбол Воситзода, Баҳодур Хоҷаев (аз – «Сипар»), Раҳмоналӣ Шарипов, Муҳаммадҷон Шарипов, Файзалӣ Сардоров, Умед Кузиев, Собирҷон Гуляков, Идрис Ёров (аз – «Соро компания»), Қувватбек Равшанбеков («Памир»), Самандар Ризомов («Карон»), Рустам Ҳамидов («Сан Сити», Қирғизистон).








Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар ноҳияи Данғара байни омӯзгорон мусобиқаи футбол доир шуд
Дар Дави миллӣ дар Душанбе беш аз 32 ҳазор нафар иштирок намуданд
ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2026. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон тими Афғонистонро мағлуб кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) иштирокашро дар Ҷоми Осиё-2026 ба анҷом расонид
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мусобиқаи футбол доир гардид
Мустафо, Абдулло ва Шарифҷон шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Муъминободро соҳиб шуданд
Дар ноҳияи Темурмалик Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор шуд
Дар Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор мегардад
Дар Истаравшан Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини юнонӣ-румӣ доир шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи наврасони Тоҷикистон дар даври чорякниҳоии мусобиқа бо дастаи Ҷопон бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тимҳои Австралия, Ироқ ва Сингапур бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Чин иштирок дорад






