Имрӯз дар Марокаш Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни ҷавонон шурӯъ мегардад

Октябрь 16, 2019 10:10

ДУШАНБЕ, 16.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 16 октябр дар Марокаш Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни ҷавонони то 21- сола  шурӯъ гардида, то 20 октябр  идома меёбад. Дар ин бора  намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ, дар чемпионати мазкур 517 нафар варзишгарон (294 мард, 223 зан) аз 81 давлати ҷаҳон иштирок мекунанд, ки миёни онҳо варзишгарони тоҷик низ ҳастанд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 6 нафар ба Марокаш сафарбар гардид, ки дар 3 вазн миёни мардон гӯштин мегиранд: Ҷамолиддин Абдуллоев, Идибек Сафаров (-66кг), Сомон Маҳмадбеков, Қоим Шукронов (-73кг), Абубакри Акобир, Эмомризо Анварзода (-90кг).

Хотиррасон менамоем, ки  Чемпионати мазкур аз рӯи 14 категорияи вазнӣ (7 вазн миёни мардон, 7 вазн миёни бонувон), ҳамчунин қувваозмоии даставии омехта сурат мегирад.

Ғолибону ҷоизадорон дар баробари медалу диплом бо ҷоизапулӣ: ҷои аввал — 2500 доллари ИМА, ҷои дуюм – 1500 доллар, ҷойҳои сеюм – 850 долларӣ  қадрдонӣ мешаванд.

Барномаи Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни ҷавонон:

16.10.2019
Бонувон: -48кг, -52кг; мардҳо: -60кг, -66кг

17.10.2019
Бонувон: -57кг, -63кг; мардҳо: -73кг

18.10.2019
Бонувон: -70кг; мардҳо: -81кг, -90кг

19.10.2019
Бонувон: -78кг, +78кг; мардҳо: -100кг, +100кг

20.10.2019
Қувваозмоиҳои даставӣ

Октябрь 16, 2019 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд