ИМРӮЗ – РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ОЗУҚА. Дар Тоҷикистон таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат маҳсуд меёбад
ДУШАНБЕ, 16.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи таъмини озуқаворӣ дар дунё яке аз масъалаҳои ҷиддитарин ва мураккабтарин аст, ки ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ ва хусусан СММ-ро сахт ба ташвиш овардааст. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо масъалаи мазкур вобаста ба ҷиддияти худ аз оғоз дар қатори яке аз чор масъалаи тақдирсози стратегӣ қарор гирифтааст. Қариб дар ҳама Паёмҳои Пешвои миллати тоҷикон масъалаи баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии мамлакат аз масъалаҳои аввалиндараҷа шуморида шуда, иқдомҳои нав ба наве тарҳандозӣ ва пайгирӣ карда мешаванд, ки дастовардҳои онҳо дар коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат бармало намоёнанд.
Рӯзи умумиҷаҳонии озуқа ҳар сол дар ҷаҳон 16 октябр таҷлил мешавад. Ин рӯз дар конфронси ташкилоти озуқаворӣ ва хоҷагии деҳоти СММ соли 1979 таъсис дода шудааст.
Ҳадафи асосии ин сана — баланд бардоштани маълумот ва огоҳии мардум аз мушкилоти вобаста ба озуқаворӣ дар ҷаҳон аст. Ба ҷуз ин, санаи мазкур боз як воситаест барои ба андеша овардани мардуми дунё аз хусуси масъалаи ҷаҳонӣ – пешгирии одамизод аз гуруснагӣ, нарасидани озуқа ва нодорӣ.
Бори аввал кишварҳои дунё расман яке аз масъалаҳои муҳимтарини ҷаҳон-аз байн бурдани гуруснагӣ дар сайёра ва фароҳам овардани шароит барои инкишофи хоҷагии деҳоти пойдорро, ки қудрати хӯрондани аҳолии дунёро дошта бошад, ба миён гузоштанд.
Муқарар карда шуд, ки гуруснагӣ ва норасоии хӯрок ба бунёди генофонди сокинони чандин қитъаи олам таҳдид мекунад. Дар ҷаҳон 45 фоизи мавридҳои мувоҷеҳ ба марг гардидани кӯдакон аз камхӯрӣ ё норасоии ғизо ба амал меояд. Кӯдакон дар “ҷаҳони сеюм” норасо таваллуд шуда, рӯҳан қафомондаанд. Онҳо қодир нестанд ақлу ҳушашонро барои дарс дар мактаб ҷамъ оранд.
Аз рӯи маълумоти расмӣ, дар дунё 821 миллион одам то ҳанӯз гуруснагӣ мекашанд, ҳарчанд хӯрокворие, ки дар дунё омода карда мешавад, барои ҳама сокинони сайёра басанда аст. Дар ростои ин 1,9 миллиард одам дорои вазни зиёдатӣ буда, аз онҳо 672 миллион нафар аз фарбеҳиву равғаннокии бадан дар азиятанд ва ин нишондод дар байни калонсолон бо суръат афзоиш меёбад.
Дар ин рӯз — Рӯзи байналмилалии озуқа аксия – хайрияҳои гуногун гузаронида мешаванд, ки барои сабук гардонидани ҳолатҳои қашшоқии кишварҳои “ҷаҳони сеюм” аҳамияти калон доранд. Аъзои фаъоли ҷамъият дар ин рӯз дар конгрессу конфренсияҳои мухталиф ширкат меварзанд.
Ҷашн ҳамчунин аҳамияти равшаннамоӣ дошта, шаҳрвандонро аз вазъи вазнини таъмини озуқа дар баъзе кишварҳо огоҳ месозад. Дар ин рӯз ташкилотҳои гуногуни хайрия ба ноҳияҳои гирифтори офатҳои табиӣ ва осебрасида кумакҳо мерасонанд.
Аз соли 1981 ба ин ҷониб дар рӯзҳои байналмилалии озуқа ягон мавзӯи ҳадафнок пайгирӣ карда мешавад. Ҳадафи ин амал пайгирии фаврӣ аз масъалаҳои ҳалталаб ва ҷалби ҷомеа ба онҳо мебошад. Аз ҷумла, ин гуна мавзӯъҳо мавриди амал қарор гирифта шуданд: “Ҷавонон бар муқобили гуруснагӣ”, “Ҳазорсолагии раҳоӣ аз гуруснагӣ”, “Алянси байналхалқӣ бар муқобили гуруснагӣ”, “Хоҷагии деҳот ва гуфтугӯи байни фарҳангҳо”, “Ҳуқуқ ба тановули ғизо”, “Расидан ба амнияти озуқаворӣ дар даврони буҳрон”, “Ҳамҷаворӣ дар мубориза бо гуруснагӣ”, “Кооперативҳои хоҷагии деҳот моро мехӯронанд” ва ғайраҳо.
Бидуни шубҳа, дар мубориза бо гуруснагӣ ва рафъи он дар дунё ташкилотҳои байналмилалии хайрия нақши бузург мебозанд ва дар партави фаъолияти онҳо шахсиятҳои боризи замон бо ибрози андеша ва амалҳои бевосита мекӯшанд саҳм гузоранд. Аз ҷумла, Жеан Жиеглер, яке аз фаъолони ин мубориза, собиқ мушовири миллии Швейтсария ва намояндаи СММ оид ба ҳуқуқи озуқа чунин баёни андеша дорад: “Ҳосили ҷаҳонии ғалладона дар як сол 2 миллиард тоннаро ташкил медиҳад. Беш аз 500 миллион тоннаи он барои хӯроквории ҷонварони кишварҳои бой сарф мешавад. Дар сурате, ки дар 122 кишвари ҷаҳони сеюм мувофиқи маълумоти омори СММ, ҳар рӯз аз гуруснагӣ 43000 кӯдак мефавтад. Ман дигар намехоҳам ба ин куштори умумиҷаҳонӣ шарик бошам. Нахӯрдани гӯшт- ин хурдтарин иқдомест, ки метавон аз он оғоз кард.”
Шахсияти дигари намоёни замон Филипп Воллен меафзояд: “Вақте ки банда сафари рӯи олам мекунам, мебинам, ки чӣ гуна кишварҳои камбағал ғалладонаи худро ба Ғарб мефурӯшанд, дар ҳоле, ки фарзандони худашон аз гуруснагӣ дар рӯи дастонашон мефавтанд. Ғарб бо ин ғалладона “ҷонварҳои баманфиат” –и худро мехӯронад. Танҳо барои он ки мо тавонем гӯшти лаҳм хӯрем. Чӣ? Ман магар ягона касеам, ки ин ҷиноятро мебинад? Ба ман бовар кунед, ҳар пораи гӯште, ки мо мехӯрем, ин шаппотиест ба чеҳраи гиряолуди кӯдаки гурусна. Вақте ман ба чашмони ин тифл менигарам, чӣ гуна метавонам дигар хомӯш бошам? Замин метавонад ба таври кофӣ ғизо диҳад, то ки талаботи ҳама инсонҳоро қонеъ кунад, аммо на ҳарисии онҳоро”.
Таъмини амнияти озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои стьратегии Ҳукумати Тоҷикистон
Яке аз масъалаҳои ҷиддӣ ва ҳамеша мавриди диққату назари Ҳукумати Тоҷикистони соҳибистиқлол, чунонки медонем, аз оғоз таъмини амнияти озуқаворӣ будааст. Дар ин ҷода Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи амнияти озуқаворӣ” аз 29 декабри соли 2010 нақши бузург мебозад. Қонуни мазкур самтҳои асосии сиёсати давлатиро дар соҳаи таъмини амнияти озуқаворӣ ҳамчун қисми таркибии амнияти давлат, тибқи принсип ва меъёрҳои байналмилалии эътирофшуда муайян менамояд.
Мувофиқи ин қонун амнияти озуқаворӣ – вазъи иқтисодии давлат мебошад, ки аз ҳисоби истеҳсоли дохилӣ бехатарии озуқавории мамлакат таъмин гардида, дастёбии воқеӣ ба он, ки барои ҳаёти солиму фаъол ва рушди демографии ҳамаи аҳолӣ зарур аст, кафолат дода мешавад.
Дар ин қонун зикр карда мешавад, ки “таъмини амнияти озуқаворӣ таҳия ва амалӣ намудани чорабиниҳои иқтисодӣ, ташкилӣ ва барномаҳои дигарест, ки асосан аз ҳисоби истеҳсолоти дохилӣ бо озуқаи асосӣ дар сатҳи меъёрҳои муносиби илман асоснок барои қонеъ намудани талаботи аҳолӣ ва пешгирии буҳронҳои озуқаворӣ равона шудаанд”.
Дар асоси қонуни мазкур амният ва истиқлолияти озуқаворӣ дар давлати мо тавассути маҷмӯи чорабиниҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ки асосан барои аз ҳисоби маҳсулоти дохилӣ муҳайё намудани кафолати дастрасии аҳолӣ ба озуқа бо андозаи меъёрҳои муносиби истеъмоли озуқа равона шудаанд, таъмин мегардад. Дар ин қонун принсипҳои асосии таъмини амнияти озуқаворӣ, тадбирҳои дастгирии давлатӣ дар хусуси таъмини амнияти озуқаворӣ, салоҳияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар мавриди таъмини амнияти озуқаворӣ, таъминоти иттилоотӣ дар хусуси амнияти озуқаворӣ ва ғайраҳо возеҳу равшан баён ёфтаанд ва беҳтарин раҳнамо дар амалӣ намудани сиёсати амнияти озуқавории мамлакат мебошанд.
Дар муқоиса бо ҳолате, ки пас аз анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон дар мавриди дастрасии мардум ба ғизо, озуқа ва одитарин маводи хӯрданӣ, қобилияти харидории аҳолӣ ба миён омада буд, имрӯз бидуни шубҳа метавон гуфт, пешрафти хеле ба назар намоёнро метавон мушоҳида кард.
Ин падида худ гувоҳи боло рафтани сатҳи зиндагии сокинони мамлакати мост, ки низ метавон аз дастовардҳои Истиқлолияти давлатии тоҷикон донист, зеро воқеан имрӯз сатҳи зиндагӣ, фарҳанг ва маданияти шаҳрвандии сокинон дар муқоиса бо солҳои пеш ба таври назаррас боло рафтааст. Тараққиёту пешрафти ҳамарӯза дар соҳаҳои кишоварзӣ, таъсиси заминҳои нави кишту кор, зироаткорӣ, боғу токпарварӣ, ки имрӯз пайгирӣ мешаванд, то ба ҳадафи нави стратегии мамлакат — саноатикунонии он моро умедвор мегардонанд, ки сатҳи зиндагии мардум, хусусан дар мавриди дастрасӣ ба озуқа ва қобилияти харидории маводи хӯрокворӣ ҳамарӯза боло меравад.
Хотиррасон менамоем, ки таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҷонибим Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат эълон карда шудааст. Барои пурра ноил шудан ба ин ҳадаф моҳи декбри соли 2017 мақомоти нави марказии давлатӣ – Кумитаи амнияти озуқавории назди Ҳукумиати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Камол НАСРУЛЛО,
ходими адабии АМИТ «Ховар»