Қоҳир Расулзода Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро натиҷагирӣ намуд

Май 31, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 31.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо имрӯз зимни нишасти матбуотӣ  бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, Дабири кулли Созмони ҷаҳонии метеорология Селеста Сауло ва намояндагони давлатҳои иштирокчии  конфронс натиҷагирӣ карда шуд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар»

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки дар давоми се рӯз — аз 29 то 31 майи соли 2025 — дар шаҳри Душанбе мо шоҳиди муколамаи созанда, мубодилаи таҷрибаи пешрафта ва донишҳои илмӣ гардидем, ки ҳадафи онҳо ҳалли яке аз масъалаҳои муҳими экологӣ дар замони муосир — обшавии босуръати пиряхҳо мебошад. Мо бори дигар таъкид намудем, ки пиряхҳо дар нигоҳ доштани тавозуни экологӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ, рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳалли мушкилоти марбут ба захираҳои об нақши калидӣ доранд.

Иброз гардид, ки ҳифзи пиряхҳо барои таъмини воситаҳои зиндагӣ, дастрасӣ ба об, коҳиши хатарҳои марбут ба он ва инчунин барои ноил шудан ба ҳадафҳои рушди дарозмуддати минтақаҳои осебпазир зарур мебошад.

Гуфта шуд, ки натиҷаҳои ин ҳамоиши муҳим ба баргузории муваффақонаи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025 саҳми шоиста мегузорад ва талошҳои моро барои қабули тадбирҳои фаврӣ ҷиҳати ҳалли ин мушкили муҳим боз ҳам тақвият мебахшанд.

«Барномаи Конфронс баргузории ду ҷаласаи умумӣ, 12 нишасти мавзӯӣ, 2 мизи мудаввари сатҳи баланд, инчунин чорабиниҳои пешазконфронсӣ, аз ҷумла 8 форуми сатҳи баланд ва 17 чорабинии канориро пешбинӣ менамуд», — иттилоъ дода шуд зимни нишасти матбуотӣ.

Ҳамзамон баён гардид, ки шумора ва сатҳи иштирокчиёни Конфронс беш аз 2600 нафар аз 90 кишвари ҷаҳон бори дигар аҳаммияти минбари Душанберо барои муҳокимаи масъалаҳои вобаста ба обшавии пиряхҳо ва таъсири он ба захираҳои об, мубодилаи таҷрибаи пешрафта ва ҳалли инноватсионӣ, таҳкими ҳамкорӣ байни ҷонибҳои манфиатдор, баланд бардоштани нақши пиряхҳо дар рушди устувор, баланд бардоштани сатҳи огоҳонӣ ва сафарбарии иродаи сиёсӣ ҷиҳати суръатбахшӣ дар самти расидан ба ҳадафҳои дахлдори Рӯзномаи 2030-ро таъкид намуд.

Такъид гардид, ки натиҷаҳои муҳими Конфронс қабул гардидани Эъломияи Душанбе ва Даъвати Душанбе: даъват барои амал (Dushanbe Appeal: Call for Actions) мебошад, ки давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид ва ҷонибҳои манфиатдорро ба андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкории байналмилалӣ ва ҳамоҳангсозии рӯзномаи ҷаҳонӣ оид ба ҳифзи криосфера ва пиряхҳо даъват менамояд.

Ҳамзамон дар нишасти матбуотӣ Дабири кулли Созмони ҷаҳонии метеорология Селеста Сауло доир ба натиҷаҳои муваффақонаи Конфронси сатҳи баланд ибрози назар намуда, онро дар самти тақвияти ҳамкорӣ дар масъалаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо ва татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор, инчунин дар баргузории Конфронси оби Созмони Миллали Муттаҳид-2026 муассир унвон намуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 31, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қароргоҳи ЮНЕСКО оид ба омодагӣ ба Конфронси байналмилалии оби Душанбе нишасти матбуотӣ доир шуд
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба қабули қатъномаи Иҷлосияи 82-юми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором дар Бангкок
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ дар ҳалли ин масъала нақши муҳим дорад
Раҳмон Исломиддин: «Ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба обу иқлим ба ҳалли мушкилоти аҳли башар мусоидат менамоянд»
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН. Ҳифзи пиряхҳо барои амният, шукуфоӣ ва адолат муҳим аст
Дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд дар Душанбе ҳайати бонуфуз аз Миср иштирок менамояд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Сеул нишасти матбуотӣ оид ба Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
­Аз минбари СММ то «Раванди оби Душанбе»: таъсири ташаббусҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон