Иштирокчиёни марҳилаи финалии Чемпионати Осиё оид ба футзал-2020 муайян шуданд

Октябрь 29, 2019 08:50

ДУШАНБЕ, 29.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон, ки ба марҳилаи финалии Чемпионати Осиё роҳхат гирифт, 27 октябр аз Эрон ба Ватан баргашт. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ  медиҳад.  

Тибқи иттилои манбаъ, дастаи мунтахаби  футзали  Тоҷикистон  бо роҳбарии сармураббӣ Деян Дедович дар марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020, ки дар Урмияи Эрон доир гашт, дар гурӯҳи «А»-и минтақаи Марказӣ/Ҷанубӣ се бозӣ баргузор карда, дар ду бозӣ бар дастаҳои мунтахаби футзали Непал (6:0), Афғонистон (5:2) ғалаба карда, аз дастаи мунтахаби  футзали Ӯзбекистон (3:9) мағлуб гашт.

Дар гурӯҳи «А»-и минтақаи Марказӣ/Ҷанубӣ Ӯзбекистон бо се пирӯзӣ ҷои аввал, Тоҷикистон бо ду ғалаба ва як бохт ҷои дуюмро ишғол карда, ба марҳилаи финалии Чемпионати Осиё-2020 роҳ ёфтанд. Аз гурӯҳи «В» дастаҳои мунтахаби футзали  Эрон, Қирғизистон ва Туркманистон (мизбон) ҳаққи иштирок дар марҳилаи финалиро пайдо карданд. Дар минтақаҳои дигар низ бозиҳои интихобӣ баргузор шуда, ҳамаи 16 дастаи иштирокчии марҳилаи финалӣ муайян гардиданд:

  1. Туркманистон (мизбон)
  2. Лубнон
  3. Кувайт
  4. Арабистони Саудӣ
  5. Баҳрайн
  6. Уммон
  7. Ҷопон
  8. Чин
  9. ТОҶИКИСТОН
  10. Ӯзбекистон
  11. Эрон
  12. Қирғизистон
  13. Тайланд
  14. Индонезия
  15. Кореяи Ҷанубӣ
  16. Ветнам

Ёдовар мешавем,ки марҳилаи финалии Чемпионати Осиё оид ба футзал аз 27 феврал то 8 марти соли оянда дар шаҳри Ашқободи Туркманистон баргузор мешавад.

Октябрь 29, 2019 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад