Кишоварзони шаҳри Конибодом ба хирмани мамлакат 13 ҳазору 300 тонна пахта ҳамроҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 29.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони шаҳри Конибодом нақшаи истеҳсоли пахтаро иҷро карда, ба хирмани мамлакат 13 ҳазору 300 тонна пахта ҳамроҳ намуданд.
Тавре аз хадамоти матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иттилоъ доданд, пахтакорони шаҳри Конибодом имсол дар 6000 гектар чигит кишт намуда, ҷамъоварии 13 ҳазору 300 тонна «тиллои сафед»-ро ба уҳда гирифтанд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аснои сафари корӣ ба шаҳри Конибодом дар ҷамъомади идонаи кишоварзон ширкат варзида, сокинони шаҳр, хосса кишоварзонро бо ин зафари меҳнатӣ табрик намуд. Раиси вилоят зимни суҳбат бо кишоварзон баҳри пурраву беталаф ба хирман супоридани пахтаи боқимонда дастур дода, таъкид намуд, ки бо истифода аз обу ҳавои мусоид то ғӯзаи охирин ҳосилро ҷамъоварӣ намоянд.
Ҳамчунин ба ин муносибат як гурӯҳ чинакчиёни пешқадами хоҷагиҳои кишоварзӣ бо туҳфаҳои хотиравии Раиси вилоят сарфароз гардиданд.
Раиси шаҳри Конибодом Зафарбек Давлатзода иброз дошт, ки пахтакорони шаҳр имкониятҳои мавҷударо самаранок истифода намуда, қариб 4 ҳазор тоннаи дигар пахта ҷамъоварӣ менамоянд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар иҷрои нақшаи имсолаи шаҳри Конибодом саҳми ҷамоатҳои деҳоти ба номи Ғафурҷон Ортиқов, Пӯлодон, Раҷаб Ҳамробоев, Эргаш Шарифов, Лоҳутӣ ва Патар назаррас аст. Инчунин ҳиссаи чинакчиёни пешқадам, ҳашарчиён ва ёрдамчиён аз ташкилоту муассисаҳои шаҳр назаррас мебошад.
Тавре муовини сардори Раёсати муносибатҳои байналмилалии илм ва тадбиқи дастовардҳои илмии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Толибзода иброз намуд, истеҳсоли пахта назар ба соли гузашта хеле назаррас мебошад. Тавре медонем, аллакай дар бештари вилоятҳо хоҷагиҳои кишоварзӣ нақшаи пахтасупориро иҷро намуданд.
Вазорати кишоварзӣ низ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки то саршавии боришоти фасли зимистон пахтаи навъи аъло аз саҳро ҷамъоварӣ шавад.
Мавсуф иброз намуд, ки бориши шаби гузашта ба навъ ва сифати пахта таъсир нарасонид. Зеро агар борон як ё ду шабонарӯз беист борад, он вақт сифати пахта тағйир меёбад.
Ба гуфтаи масъулин, айни замон пахта дар саҳро фаровон буда, сокинон бо истифода аз рӯзҳои офтобӣ сарҷамъона ба ғунучини он машғуланд.








Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» доир гардид
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Дар Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ гардидааст
Дар Тоҷикистон дар беш аз 223 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида мешавад
Соҳибкорон аз Чин бо фаъолияти корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос шуданд
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
Соли 2027 дар Душанбе ҷаласаи 49-уми Шурои байнидавлатӣ оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии Замин доир мегардад
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
Пахтакорони ноҳияи Мастчоҳ азм доранд 25 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд






