Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба Сомон Маҳмадбеков 10 000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим мекунад

Октябрь 23, 2019 15:30

ДУШАНБЕ, 23.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни ҷавонон соҳиби медали тилло ва унвони чемпионӣ гардидани паҳлавони  маъруфи  тоҷик Сомон Маҳмадбековро қадрдонӣ карда, ӯро бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10 000 сомонӣ қадрдонӣ менамояд. Мукофоти мазкур 24 октябр дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе зимни маросими бошукӯҳи пешвозгирии  паҳлавони  маъруфи  тоҷик Сомон Маҳмадбеков тақдим мегардад. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Ёдовар мешавем, ки Сомон Маҳмадбеков дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни ҷавонон, ки 17-20 октябр дар шаҳри Марокаш доир гардид, дар вазни -73 кг бар варзишгарони Кеп Верд (Семедо Клаудиано), Қирғизистон (Асад Масабиров), Белгия (Абдул Малик Умаев), дар чорякфинал бар намояндаи Италия (Эдуардо Мелла), дар нимфинал бар Самуэл Гасснер аз Австрия ва дар финал бар Георгий Элбакиев аз Россия дастболо шуда, унвони чемпиони ҷаҳонро миёни ҷавонон сазовор гардид.

Паҳлавони тоҷик баъд аз ин пирӯзӣ дар раддабандии олимпии вазни 73 килои Федератсияи ҷаҳонии дзюдо аз ҷои 21-ум ба мақоми 14-ум ва дар раддабандии ҷаҳонӣ аз ҷои 31-ум ба ҷои 19-ум баромад.

Қобили зикр аст, ки Сомон Маҳмадбеков аз дастгирии молиявии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҳар моҳ дар ҳаҷми 300 доллари ИМА бархурдор буда, охири сол барои ин дастовардаш дар ҳаҷми 50 000 сомонӣ бо Ҷоизаи Президенти ҷумҳурӣ сарфароз мегардад.

Сомон Маҳмадбекови 20-сола шурӯъ аз соли 2015 дар мусобиқаҳои байналмилалии дзюдо иштирок мекунад ва то ин вақт медалҳои тиллои Ҷоми Африқо миёни ҷавонон (Тунис, 2017), Ҷоми Аврупо миёни ҷавонон (Арад, 2017), Ҷоми Осиё миёни калонсолон (Ҳанг Конг, 2018), медали нуқраи Ҷоми Аврупо миёни ҷавонон (Коимбра, 2018), медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон (2017)-ро мушарраф гардида, дар Чемпионати ҷаҳон миёни калонсолон соли 2019 дар Токио маҳорати хуб нишон дода, ҷои 5-умро ишғол кард.

Октябрь 23, 2019 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид