Мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 95 сол аст, ки дар ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд
ДУШАНБЕ, 12.10.2019/АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар ҷумҳурӣ шанбеи дуюми моҳи октябр тибқи Низомномаи Вазорати адлияи мамлакат Рӯзи кормандони мақомоти адлияи Тоҷикистон таҷлил мегардад. Агар ба таърихи таъсиси мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон назар афканем, шоҳиди он мегардем, ки мақомоти адлияи ҷумҳурӣ дар ин давраи таърихӣ роҳи дуру дарозеро тай намуда, барои барқарор намудани адолат, таъмини ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ корҳои зиёдеро ба сомон расонидаанд ва дар баробари он мавқеъ ва нақши худро дар низоми идоракунии давлатӣ муайян кардаанд. Таъсиси мақомоти адлия дар шакли имрӯзааш низ таърихи басо ибратомӯз дорад.
Таъсиси мақомоти адлияи навини тоҷикон дар замон ва даврае ба вуқӯъ пайваст, ки он вақт Тоҷикистон давраи душвори таърихиро паси сар карда, барои дар харитаи таърих арзи ҳастӣ намудани худ мубориза мебурд. Ҳаракати пантуркистон ва босмачиҳо имкон намедод, ки мақомоти давлатӣ фаъолияти худро ба таври муътадил ва дахлдор ба амал бароварда, амалишавии мӯътадили ҳокимияти давлатии қонуниро таъмин намояд. Дар баробари ин ба намояндагони ҳокимияти давлатӣ зарур меомад, ки фаъолияти худро дар ду ҷабҳа — ҷабҳае, ки бар зидди ҳаракати босмачигарӣ нигаронида шуда буд ва ҷабҳае, ки барои барқарор намудани ҳокимияти давлатӣ ва таъмини амнияти шаҳрвандон равона гардидааст, амалӣ созанд. Аз ин ҷо, мақомоти адлия аз рӯзҳои аввали таъсис ва фаъолияти худ дар сафи пеши барқарорсозандагони адолат қарор дошта, дар ин самт қадамҳои устувори худро гузоштааст.
Нақш ва мавқеи хоссаи Вазорати адлия баъд аз касби истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам тақвият ёфт. Махсусан дар солҳои ноороми ҷумҳурӣ ин мақомот сарфи назар аз ҳама мушкилиҳову кӯшишҳо тавонист садои одилонаи худро боло кунад ва алайҳи ҳама кӯшишҳои душманон истодагарӣ намояд.
Мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зарфи 95 сол аст, ки дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд, дар ҳимояи қонуният ва адолат қарор дошта, дар ин муддати таърихӣ роҳу пайраҳаи пурпечутоби ҳаёти сиёсии Тоҷикистонро тай намуда, барои устувории пояҳои ҳуқуқии мақомоти давлатӣ, ташаккули низоми ҳуқуқии ҷумҳурӣ, ба талаботи ҷомеаи ҷаҳонӣ мутобиқ шудани он саъю кӯшиши зиёдеро ба харҷ додааст, ки ин анъанаи корӣ то ба имрӯз иома дорад.
Фаъолияти мақомоти адлия аз рӯи мазмун ва моҳияти худ фаъолияти давлатӣ маҳсуб ёфта, дар доираи салоҳияти он ба амал бароварда мешавад. Ин фаъолият маҳз дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ ҳамаҷониба рушд ёфт ва барои бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ асос гузошт.
Яке аз комёбиҳои бузургтарини даврони соҳибистиқлолӣ дар соҳаи танзими ҳуқуқӣ — ин қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки бо роҳи раъйпурсиии умумихалқӣ 6 ноябри соли 1994 қабул гардида, ғояҳои пешқадами ҷамъиятиву сиёсӣ, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, таъмини пурраи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, гуногунандешии сиёсиву идеологиро дар худ таҷассум намуд.
Қабул шудани Конститутсияи давлати мустақили Тоҷикистон, ки воридкунандаи андеша, афкор, арзиш ва усули комилан нави давлатдорию ҳуқуқэҷодкунӣ мебошад, бори аввал дар таърихи ҳуқуқэҷодкунии мамлакат зарурати қабули як силсила қонунҳои конститутсиониро пешбинӣ намуд. Таҳия ва қабули кодексҳои гражданӣ, меҳнат, манзил, ҷиноятӣ, андоз, гумрук ва ғайра, ки поясутуни соҳаҳои ҳуқуқи марбута мебошанд, дар мазмуну муҳтавои худ тамоми андешаҳои ҳуқуқи муосирро, ки онҳо аз умқи таърихи афкори мутараққии башар илҳом мегиранд, инъикос намудаанд. Дар таҳия ва қабули ҳамаи ин санадҳо Вазорати адлия саҳми бевосита дорад.
Хусусияти хоси Вазорати адлия дар он зоҳир мегардад, ки вай дар баробари мақомоти судӣ ба амалисозӣ ва таъмини адолат сару кор дошта, мутобиқати санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба қонунгузории амалкунанда таъмин менамояд ва бо ин роҳ ҳуқуқу манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрвандро зери ҳимоя қарор медиҳад. Дар ин раванд на танҳо ҳуқуқу манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд, ҳамчунин сохти ҷамъиятӣ ва давлатӣ, тамоми шаклҳои моликият, ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, дигар ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсӣ ва молу мулкии шаҳрвандон, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии корхонаву муассисаҳо ва ташкилотҳои дорои шаклҳои гуногуни моликият низ мавриди ҳимоя қарор дода мешаванд.
Пешбурди фаъолияти тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ, меъёрэҷодкунӣ, ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон, иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, экспертизаи судӣ ва криминалистӣ ҳадди ниҳоии доираи фаъолияти Вазорати адлия набуда, ҳамчунин мутобиқи Низомномаи худ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 тасдиқ гардидааст, вазифаҳои таъмини ҳуқуқии фаъолияти меъёрэҷодкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба қайди давлатӣ гирифтани иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, сабти давлатии санадҳои хислати умумиҳатмӣ доштаи вазорату идораҳои давлатӣ, расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқиро ба амал мебарорад.
Аз ин ҷост, ки Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба тартиб даровардани қонунгузории Тоҷикистон дастурҳо дода, ба мақомоти давлатӣ ҷиҳати ба амал баровардани фаъолияти тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ ёрии амалии худро мерасонад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»