«МО БОЯД ДАР ЗАМИРИ ҶАВОНОН ҲИССИ ХЕШТАНШИНОСИЮ ХУДОГОҲӢ ВА ВАТАНДӮСТӢ БЕДОР НАМОЕМ». Абдуҷаббор Раҳмонзода фаъолону роҳбарони Кӯлобро ба ҷоннок намудани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ миёни сокинон даъват намуд

Октябрь 30, 2019 09:40

ДУШАНБЕ, 30.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. «Мо бояд дар замири ҷавонон ҳисси хештаншиносию худогоҳӣ ва ватандӯстиро бедор намоем», — таъкид намуд Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба омодагӣ ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Абдуҷаббор Раҳмонзода зимни вохӯрӣ бо фаъолону роҳбарони идораҳои давлатии шаҳриву минтақавӣ дар шаҳри Кӯлоб. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар медиҳад.

Зимни ҷаласа, ки дар он муовини якуми раиси вилояти Хатлон Хайрулло Амонулло, раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода, муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Лангариев, сардорон ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои давлатии шаҳриву минтақавӣ, директорони муассисаҳои таълимии олию миёна, раисони ҷамоатҳои деҳот, имомхатибон ва фаъолони шаҳр иштирок доштанд, Абдуҷаббор Раҳмонзода доир ба ҷалб намудани ҷавонписарони синни даъватӣ ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар кард.

«Мо бояд дар замири ҷавонон ҳисси хештаншиносию худогоҳӣ ва ватандӯстӣ бедор намуда, байни аҳолии осоишта ва ҷавонон корҳои тарғиботиву ташвиқотиро зиёд намоем», — тазаккур дод Абдуҷаббор Раҳмонзода.

Дар идома ба директори ТВ «Кӯлоб», сармуҳаррирони рӯзномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб супориш дода шуд, ки дар барнома ва саҳифаҳои худ гузоришу мақолаҳои дорои мазмуни ватандӯстию ватанпарастиро бештар ҷой диҳанд.

Муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Лангариев иброз намуд, ки мардуми сарбаланди Кӯлоб солҳои навадум аввалин шуда, ба муқобили хоинон ва он гурӯҳҳое, ки мехостанд Тоҷикистонро пора-пора созанд ва миллату давлати тозаистиқлолро аз харитаи ҷаҳон нест кунанд, бархостанд. Ҳазорон ҷавонони ғаюру далер барои Ватан ҷон бохтанд.

«Имрӯз мову шумо дар фазои сулҳу субот зиндагӣ карда, он рӯзҳоро набояд фаромӯш кунем. Аз хизмат набояд гурехт. Имрӯз дар қисмҳои низомии Тоҷикистон тамоми шароит барои нафароне, ки оиладор ҳастанд, муҳайё мебошад. Барои волидайн низ ҷойҳои дидорбинии шабонарӯзӣ ташкил шудааст. Ба он нафароне, ки мехоҳанд ба дидорбинии падару модар раванд, сари вақт ва то як ҳафта рухсатӣ дода мешавад. Имрӯз шароит барои хизматро ба ҷо овардан дар Қӯшунҳои ҳарбии мамлакат сад дар сад муҳайёст», — зикр намуд муовини Вазири мудофиа.

Дар фарҷоми вохӯрӣ аз тарафи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба шахсоне, ки дар чорабиниҳои бахшида ба истиқболи 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешвози Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10-11 сентябр дар шаҳри Кӯлоб саҳми назаррас гузоштанд, ифтихорномаву мукофотҳо тақдим гардид.

 

АКС аз бойгонии  АМИТ «Ховар»

Октябрь 30, 2019 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон