Муроҷиатномаи Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Октябрь 16, 2019 15:31

ДУШАНБЕ, 16.10.2019./АМИТ «Ховар»/. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе сокинони пойтахтро тавассути Муроҷиатнома ба ҳамкорӣ даъват намуд. Дар   муроҷиатномаи мазкур, аз ҷумла чунин омадааст:

«Муҳтарам сокинон ва меҳмонони арҷманди шаҳри Душанбе!

Роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз ҳар як сокини  пойтахт эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки дар пешгирии ҳуқуқвайронкунии байни ноболиғону ҷавонон, риояи одоби шаҳршинӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва муносибатҳои ҷамъиятӣ саҳмгузор  бошанд. Зеро танҳо дар  якҷоягӣ мо метавонем  ҷинояткорӣ ва дигар амалҳои номатлубро  дар пойтахт  пешгирӣ намоем. Пойтахт —  шаҳри Душанбе маркази маъмурии мамлакат аст, ки  онро  оинаи миллати соҳибтамаддуни тоҷик  меноманд. Аз ин рӯ, сокини пойтахт будан мояи ифтихор  аст ва  барои ҳар шаҳрванд доштани  масъулияти баландро тақозо менамояд.

«Ҷоизаи шаҳри сулҳ»-ро доро  будани пойтахти тоҷикон моро водор месозад, ки тавассути ҳамкории зич бо ҷомеаи шаҳрвандӣ,  риояи ҳатмии «Маромномаи сокини пойтахт», инчунин  дигар талаботи қоидаву санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ  дар таъмини тартиботи комили ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон ва ҷомеа масъул бошем.

Дар ин радиф, махсусан   афзоиши содиршавии авбошиҳои гурӯҳӣ аз ҷониби ноболиғону ҷавононро бо истифода аз корд, дигар силоҳҳои сард (олоти халандаю бурранда), ки боиси расонидани зарар ба ҳаёту саломатии шаҳрвандон ва дар ин замина нигаронии ҷиддии роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ва сокинони пойтахт гардидааст,  таъкид  менамоем.

Натиҷаҳои баргузории амалиёти шартии «Корд» дар ҳудуди пойтахт нишон дод, ки новобаста аз баргузории чорабиниҳои профилактикӣ, огоҳ кардани ҷавонону ноболиғон аз пайомадҳои вазнини муноқиша ва авбошиҳо бо истифода аз корду ашёи сард содиршаванда, ҳанӯз ҳам онҳо  ин  олотро бо худ мегардонанд.

Аз ин рӯ, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз тамоми падарону модарон, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, роҳбарон, масъулини муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон, мақомоти дар тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон манфиатдори пойтахт эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки дар раванди пешгирии бо худ гардонидани корд ва дигар воситаҳои махсус аз ҷониби ноболиғону ҷавнон саҳми худро гузоранд.

Муҳтарам падарону модарон!

Фарзандони худро пайваста таҳти назорат қарор дода, нагузоред, ки бо содир намудани ҷиноят ва дигар кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ шаъну шарафи оиларо паст зада, ояндаи дурахшони хешро доғдор созанд.

Аз ин рӯ, пайваста  фарзандонро зери назорат нигоҳ доред, бояд бо кӣ ва дар кадом доира   дӯстӣ доштани  онҳоро донед. Зеро тибқи таҳлилҳои тафтишотӣ, аксар вақт баҳсу нофаҳмиҳои ночиз оқибат ба ҷиноятҳои вазнин, махсусан содиршавии ҷиноятҳои қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ва одамкушӣ бо истифода аз корд оварда мерасонанд, ки дар натиҷа чандин нафар ҷавонону наврасон маҳбасӣ мешаванд!

Бояд гуфт, ки рух додани  ду ҳолати  муноқиша байни ҷавонон ва ба натиҷаи вазнин — одамкушӣ овардани яке аз онҳо моҳи октябри соли равон  мақомоти милитсияи пойтахтро ба ташвиш овардааст. Раёсати Вазорати корҳои дохилии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  шаҳри Душанбе  ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷинояткории ноболиғону ҷавонон, бахусус муноқишаҳои гурӯҳии хонандагон бо истифода аз силоҳи сард ва предметҳои ба сифати силоҳ истифодашаванда як қатор чорабиниҳои ташкилӣ – ҳуқуқиро дар ҳамбастагӣ бо дигар мақомоти салоҳиятдори давлатӣ ба  роҳ мондааст.

Баъди содиршавии чандин ҷинояти вазнин дар ҳудуди пойтахт, ки бо истифода аз корд сурат гирифтаанд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ба суроғаҳои электронии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе пешниҳод намудаанд, ки дар ҳудуди пойтахт амалиёти пешгирикунанда гузаронида,  корду дигар ашёи ба сифати силоҳи сард истифодашаванда аз ҷавонон мусодира карда шаванд.

13 октябр дар доираи баргузории амалиёти пешгирикунанда бо номи шартии «Корд»,  зимни амалинамоии чорабиниҳои пешгирикунандаву андешидани тадбирҳои махсус дар ҳудуди кӯчаю хиёбонҳои  пойтахт  аз шаҳрвандон чандин  корд дарёфт ва мусодира карда шуд.

Барои пурра муайян намудани мақсад ва ҳадафи бо худ гардонидани корд, даст доштани онҳо дар содир намудани ҷиноятҳо 4 нафар шаҳрвандони  дастгиршуда  ба қабулгоҳи махсуси РВКД дар шаҳри  Душанбе оварда  шуда, айни замон нисбат ба  ин нафарон ҳабси маъмурӣ татбиқ карда шудааст.
Дар идомаи амалиёт кормандони милитсия дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ аз ҷузвдони 2 нафар хонандагони синфи 11-и МТМУ №24 ва МТМУ №72-и ноҳияи мазкур 2 адад корд (финка) дарёфт ва мусодира намуданд (ин ҷо ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқҳои ноболиғон аз гузоштани расм ва ному насаби онҳо худдорӣ мекунем).

Илова бар ин, зимни баргузории амалиёти мазкур кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз дохили ҷузвдони хонандагони синфи 11-и Гимназияи №9 ва МТМУ № 11 як ададӣ (дар умум 2 адад) воситаҳои махсуси барқдиҳанда- «Электрошокер» дарёфту мусодира намуданд.

Хотиррасон мешавем, ки  8 октябр дар буриши кӯчаҳои Борбад ва Чортути ноҳияи Синои шаҳри Душанбе,  ҳангоми ба донишгоҳ рафтан байни 2 донишҷӯи бахши 1-уми  Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон-сокини кӯчаи М.Шерализодаи ноҳияи Сино  Убайдулло Қурбонови 18-сола  ва  истиқоматкунандаи кӯчаи Ҳаёти Нави ҳамин  ноҳия   Дилмурод Фозилови 17-сола  муноқиша сар мезанад. Номбурдагон  якдигарро латукӯб карда,  ин ҳолат  то ба дараҷаи кордзанӣ мерасад. Дар  натиҷаи ин муноқиша   Дилмурод Фозилов ҷароҳати  вазнин бардошта,  ба ҳалокат  мерасад.

Ҳодисаи дигари кордзанӣ  12 октябр рух додааст. Дар ин рӯз сокинони шаҳри Душанбе   Ифтихор Толиҳови 19 –сола,   Амирҷон Бобоеви  20-сола  ва Муҳаммадшариф Зокирови 21-сола  ҳангоми дар роҳи пиёдагарди бинои №42-и кӯчаи Б.Ғафуров (маҳаллаи 103)-и пойтахт  қарор доштанашон байни ҳам муноқиша менамоянд. Дар ин лаҳза аз ҳиссиёти авбошӣ  Талиҳов Ифтихор Ҷамшедович аз корди бо худ доштааш истифода намуда, 1 маротиба ба бадани Амирҷон Бобоев зада, бо расонидани ҷароҳати вазнин ба саломатӣ аз ҷои ҳодиса ғайб задааст. Бо ёрии атрофиён Амирҷон Бобоев дар  Беморхонаи шаҳраки «Шифобахш»  бистарӣ карда шудааст.

Дар натиҷаи гузаронидани маҷмӯи чорабиниҳои фаврӣ -ҷустуҷӯӣ донишҷӯи соли дуюми Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур, кордзан Толиҳов Ифтихор Ҷамшедович дастгир карда шуда, айни ҳол мақомоти милитсияи пойтахт  сабабу омилҳои ба ин ҷинояти вазнин мусоидаткунандаро    мавриди омӯзиш қарор додааст.

Айни ҳол аз ҷониби Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҷиҳати монеъ шудан ба муноқишаҳои гурӯҳии ноболиғону ҷавонон, махсусан бо истифода аз силоҳи сард баргузории амалиёти «Корд» дар ҳудуди пойтахт идома дорад».

Октябрь 16, 2019 15:31

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни духтарон доир мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Роҳи автомобилгарди маҳаллаҳои Чимтеппа, Дарёобод ва Сарикиштии ноҳияи Фирдавсӣ пурра таъмир гардид
Оид ба рушди бонизоми зеҳни сунъӣ конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Олимпиадаи V даставии хонандагони муассисаҳои шаҳри Душанбе аз фанни технология баргузор мегардад
Дар Душанбе Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил мешавад
Доир ба татбиқи «Ҷадвали тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2025» ҷаласа баргузор шуд
МАРОМНОМАИ СОКИНИ ПОЙТАХТ. Муҳаббатамонро ба шаҳри Душанбе — муаррифи таъриху фарҳанги миллат бо рафтори намунавӣ собит намоем
«САЙРИ САДА». Дар Душанбе таҳти ин унвон барои иштирокдорон ва меҳмонони хориҷӣ хатсайрҳои сайёҳӣ ташкил гардид
«БАРНОМАИ МИЛЛӢ ОИД БА БАРҲАМДИҲИИ ШАКЛҲОИ БАДТАРИНИ МЕҲНАТИ КӮДАКОН». Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба амалишавии он дар пойтахт ба тавсиб расид
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
«САЙРИ САДА». 1 феврал барои меҳмонон ва сокинони пойтахт хатсайрҳои сайёҳии ройгон ташкил мешаванд
Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз — 2025 дар шаҳри Душанбе тасдиқ гардид