Намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ба Беларус мераванд

Октябрь 26, 2019 15:31

ДУШАНБЕ, 26.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони Комиссияи марказии интихоботи ва раъйпурсии Тоҷикистон дар баробари намояндагони Россия, Украина, Гурҷистон ва як қатор кишварҳои дигар ба Беларус барои  назорати   ҷараёни интихоботи палатаи поёнии парлумони ин кишвар мераванд.  Интихобот  17 ноябр баргузор мешавад.  Тавре  АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Спутник» хабар медиҳад, дар ин бора раиси Комиссияи марказии интихоботи Беларус Лидия Ермошина иттилоъ дод.

«Ҳамтоён аз Булғория, Украина, Гурҷистон меоянд, аз Федератсияи Россия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Арманистон аллакай саволномаҳоро (барои бақайдгирӣ ҳамчун нозир, — АМИТ «Ховар») фиристодаанд», — гуфт Ермошина зимни брифинги мустақим тавассути сомонаи маркази матбуоти миллии кишвараш.

Ермошина тазаккур дод, ки иштироки роҳбарони КМИ Арманистону Булғория ва муовинони раисони КМИ Россия ва Украина дар назар аст. Аз ҷумла, ба гуфтаи ӯ, Николай Булаев аз КМИ Россия иштирок хоҳад кард.

Раиси КМИ Беларус ҳамчунин  иттилоъ дод: «Аллакай 12 нафар нозирон аз ҳамтоёни хориҷиамон (комиссияҳои марказии интихоботӣ, — АМИТ «Ховар») ба қайд гирифта шудаанд, аммо шумораи онҳо бештар хоҳад шуд, зеро баъзеҳо омадани худро ба таври шифоҳӣ тасдиқ карданд, вале ҳанӯз дар ҳоли интихоби номзадҳои худ дар доираи КМИ  мебошанд».

Тибқи иттилои КМИ Беларус, 386 нозирони хориҷӣ ба қайд гирифта шудаанд. Аз ин теъдод 332 нафар ИДМ ва 42 нафар ДИДҲБ/САҲА-ро намояндагӣ мекунанд.

Интихобот ба палатаи намояндагони парлумони Беларус тибқи системаи мажоритарӣ баргузор мешавад. Дар 110 ҳавза 110 вакилро интихоб мекунанд.

Октябрь 26, 2019 15:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид