Намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ба Беларус мераванд
ДУШАНБЕ, 26.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони Комиссияи марказии интихоботи ва раъйпурсии Тоҷикистон дар баробари намояндагони Россия, Украина, Гурҷистон ва як қатор кишварҳои дигар ба Беларус барои назорати ҷараёни интихоботи палатаи поёнии парлумони ин кишвар мераванд. Интихобот 17 ноябр баргузор мешавад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Спутник» хабар медиҳад, дар ин бора раиси Комиссияи марказии интихоботи Беларус Лидия Ермошина иттилоъ дод.
«Ҳамтоён аз Булғория, Украина, Гурҷистон меоянд, аз Федератсияи Россия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Арманистон аллакай саволномаҳоро (барои бақайдгирӣ ҳамчун нозир, — АМИТ «Ховар») фиристодаанд», — гуфт Ермошина зимни брифинги мустақим тавассути сомонаи маркази матбуоти миллии кишвараш.
Ермошина тазаккур дод, ки иштироки роҳбарони КМИ Арманистону Булғория ва муовинони раисони КМИ Россия ва Украина дар назар аст. Аз ҷумла, ба гуфтаи ӯ, Николай Булаев аз КМИ Россия иштирок хоҳад кард.
Раиси КМИ Беларус ҳамчунин иттилоъ дод: «Аллакай 12 нафар нозирон аз ҳамтоёни хориҷиамон (комиссияҳои марказии интихоботӣ, — АМИТ «Ховар») ба қайд гирифта шудаанд, аммо шумораи онҳо бештар хоҳад шуд, зеро баъзеҳо омадани худро ба таври шифоҳӣ тасдиқ карданд, вале ҳанӯз дар ҳоли интихоби номзадҳои худ дар доираи КМИ мебошанд».
Тибқи иттилои КМИ Беларус, 386 нозирони хориҷӣ ба қайд гирифта шудаанд. Аз ин теъдод 332 нафар ИДМ ва 42 нафар ДИДҲБ/САҲА-ро намояндагӣ мекунанд.
Интихобот ба палатаи намояндагони парлумони Беларус тибқи системаи мажоритарӣ баргузор мешавад. Дар 110 ҳавза 110 вакилро интихоб мекунанд.








Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад






