Натиҷаҳои 16 бозии даври сеюми марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 дар қораи Осиё маълум гардиданд

Октябрь 11, 2019 10:23

ДУШАНБЕ,11.10.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Дирӯз дар қораи Осиё бозиҳои даври 3- юми марҳилаи дуюми интихобии Чемпионати ҷаҳон -2022 доир гардиданд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи  футболи Тоҷикистон иттилоъ  медиҳад.  

Тибқи иттилои манбаъ, дар гурӯҳи «F», ки дастаи  мунтахаби Тоҷикистон шомили ин гурӯҳ аст, Япония дар майдони «Сайтама 2002»  ба дарвозаи  дастаи  мунтахаби Муғулистон 6 голи беҷавоб зад.

Дастаи мунтахаби Қирғизистон дар шаҳри Бишкек дастаи  мунтахаби  Мянмарро бо ҳисоби калони 7:0 мағлуб намуд.

Бояд зикр кард, ки дастаи  мунтахаби Тоҷикистон дар ин давр аз бозиҳо озод буд ва дар даври оянда, 15 октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри  Душанбе бо дастаи мунтахаби Япония дидор анҷом медиҳад. Дар ду даври гузашта футболбозони тоҷик бо дастаҳои мунтахаби  Қирғизистон ва Муғулистон вохӯрӣ анҷом дода, ғалаба ба даст оварданд ва бо 6 имтиёз дар гурӯҳ баъди дастаи мунтахаби Япония дар зинаи 2-юми ҷадвал қарор гирифтаанд.

Имтиёзҳои футболбозони Тоҷикистон ва Япония баробар аст вале аз рӯи таносуби тӯбҳо Япония бартарият нишон дода, зинаи аввали ҷадвалро ишғол намудааст.

Инчунин    10  октябр 16 бозии даври сеюми марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 оид ба футбол дар қораи Осиё дар ҳамаи ҳашт гурӯҳ баргузор шуданд.

Ҳисоби аз ҳама калон дар ин давр дар бозии гурӯҳи «С» миёни дастаҳои миллии Эрон ва Камбоҷа ба назар расид. Эрониҳо ба дарвозаи меҳмонон – футболбозони Камбоҷа  14 голи беҷавоб заданд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки ба гурӯҳи «F» шомил аст, аз бозии даври сеюм озод буд. 15 октябр футболбозони тоҷик дар даври чаҳорум  дар Варзишгоҳи марказии  шаҳри Душанбе бо дастаи  миллии Япония  рақобат хоҳанд кард.

Дастаи мунтахаби   Япония дар даври сеюм дар майдони худ дастаи мунтахаби Муғулистонро бо ҳисоби 6:0 шикаст дод. Дар бозии дигари ин гурӯҳ дастаи мунтахаби Қирғизистон дар Бишкек дастаи мунтахаби Мянмарро бо ҳисоби 7:0 мағлуб сохт.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки дар ду бозӣ бар дастаҳои мунтахаби Қирғизистон ва Муғулистон бо ҳисоби якхелаи 1:0 пирӯз шудааст, шаш имтиёз дорад. Дастаи Япония низ шаш имтиёз гирифтааст. Дар ҷадвали гурӯҳи «F» бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо Япония (8-0) дар ҷойи аввал ва Тоҷикистон (2-0) дар ҷойи дуюм қарор доранд.

Дастаҳои мунтахаби Қирғизистон ва Муғулистон бо сеимтиёзӣ мутаносибан ҷойҳои сеюму чорумро касб намудаанд. Дастаи   мунтахаби Мянмар бидуни имтиёз ҷойи панҷумро ишғол кардааст.

Мавқеи дастаҳои мунтахаб дар гурӯҳи «F»

Ҷ ДАСТАҲО Б Ғ М Б Т И
1 Япония 2 2 0 0 8-0 6
2 Тоҷикистон 2 2 0 0 2-0 6
3 Қирғизистон 2 1 0 1 7-1 3
4 Муғулистон 3 1 0 2 1-7 3
5 Мянмар 3 0 0 3 0-10 0

Марҳилаи интихобии Чемипонати  ҷаҳон-2022 оид ба футбол, даври 3-юм, 10 октябр:

Гурӯҳи А:

Чин, Сурия, Филиппин, Молдив, Гуам

Чин – Гуам – 7:0

Сурия – Молдив – 2:1

Дар ин гурӯҳ Чин ва Сурия бо шашимтиёзӣ пешсафанд. Филиппин ва Молдив сеимтиёзӣ гирифтаанд. Гуам имтиёз надорад.

Гурӯҳи В:

Австралия, Урдун, Тайбэйи Чин, Кувайт, Непал

Австралия – Непал – 5:0

Урдун – Кувайт – 0:0

Дар ин гурӯҳ Австралия бо шаш имтиёз дар ҷойи аввал аст. Урдун ва Кувайт чоримтиёзӣ гирифтаанд. Непал бидуни имтиёз дар ҷойгоҳи охирин қарор дорад.

Гурӯҳи С:

Эрон, Ироқ, Баҳрайн, Ҳонконг, Камбоҷа

Ироқ – Ҳонконг – 2:0

Эрон – Камбоҷа – 14:0

Дар ин гурӯҳ Эрон бо шаш имтиёз пешқадам аст. Ироқ ва Баҳрайн чоримтиёзӣ гирифтаанд. Ҳонконг ва Камбоҷа якимтиёзӣ доранд.

Гурӯҳи D:

Арабистони Саудӣ, Ӯзбекистон, Фаластин, Яман, Сингапур

Арабистони Саудӣ – Сингапур – 3:0

Узбекистон – Яман – 5:0

Дар ин гурӯҳ Арабистони Саудӣ ва Сингапур бо чоримтиёзӣ пешсафанд. Ӯзбекистон ва Фаластин сеимтиёзӣ гирифтаанд. Яман ду имтиёз дорад.

Гурӯҳи E:

Қатар, Уммон, Ҳиндустон, Афғонистон, Бангладеш

Бангладеш – Қатар – 0:2

Уммон – Афғонистон – 3:0

Дар ин гурӯҳ Қатар бо ҳафт имтиёз мақоми аввалро касб намудааст. Уммон бо шаш имтиёз дар ҷойи дуюм аст. Афғонистон се имтиёз ва Ҳиндустон як имтиёз гирифтаанд. Бангладеш бидуни имтиёз дар ҷойи  охирон қарор дорад.

Гурӯҳи F:

Япония, Қирғизистон, Тоҷикистон, Мянмар, Муғулистон

Япония — Муғулистон — 6:0

Қирғизистон — Мянмар — 7:0

Дар ин гурӯҳ Япония ва Тоҷикистон бо шашимтиёзӣ пашсафанд. Қирғизистон ва Муғулистон сеимтиёзӣ гирифтаанд. Мянмар бидуни имтиёз дар ҷойи охирин қарор дорад.

Гурӯҳи G:

Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, Ветнам, Тайланд, Малайзия, Индонезия

Ветнам – Малайзия – 1:0

Аморот – Индонезия – 5:0

Дар ин гурӯҳ Амороти  Муттаҳидаи Араб  бо шаш имтиёз дар ҷойи аввал аст. Тайланд ва Ветнам чоримтиёзӣ, Малайзия се имтиёз гирифтаанд. Индонезия бидуни имтиёз дар зинаи охирин қарор дорад.

Гурӯҳи H:

Кореяи Ҷанубӣ, Лубнон, Кореяи Шимолӣ, Туркманистон, Шри-Ланка

Лубнон – Туркманистон – 2:1

Кореяи Ҷанубӣ — Шри-Ланка – 8:0

Дар ин гурӯҳ Кореяи Ҷанубӣ ва Кореяи Шимолӣ бо шашимтиёзӣ пашсафанд. Туркманистон ва Лубнон сеимтиёзӣ гирифтаанд. Шри-Ланка бидуни имтиёз дар ҷойи охирин қарор дорад.

Бояд тазаккур дод, ки дар марҳилаи дуюми интихобии Чемпионати  ҷаҳон-2022 оид ба футбол 40 даста ширкат меварзанд, ки ба 8 гурӯҳи иборат аз панҷдастаӣ тақсим шудаанд.

Бозиҳои боқимонда дар гурӯҳи F

Даври 4-ум

15 октябр (сешанбе)

Оғози бозӣ – соати 17:15

Тоҷикистон – Япония

Сардовар: Муҳаммад Зайд Тҳамер (Ироқ).

Ёварон: Убайди Ҳайдар Абдулҳасан Алӣ, Ҷаббор Акрам Алӣ (ҳарду аз Ироқ).

Довари эҳтиётӣ: Чоримурод Қурбонов (Туркманистон).

Нозири доварон: Энтони Ҷон Да Коста (Ҳиндустон).

Комиссари бозӣ: Муҳаммад Саид Ҳасан Ал-Хаттавӣ (Имороти Муттаҳидаи Арабӣ).

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

Муғулистон – Қирғизистон

Даври 5-ум

14 ноябр (панҷшанбе)

Мянмар – Тоҷикистон

Қирғизистон – Япония

Даври 6-ум

19 ноябр (сешанбе)

Қирғизистон – Тоҷикистон

Мянмар – Муғулистон

Даври 7-ум

26 марти соли 2020 (панҷшанбе)

Тоҷикистон – Муғулистон

Япония – Мянмар

Даври 8-ум

31 марти соли 2020 (сешанбе)

Муғулистон – Япония

Мянмар – Қирғизистон

Даври 9-ум

4 июни соли 2020 (панҷшанбе)

Япония – Тоҷикистон

Қирғизистон – Муғулистон

Даври 10-ум

9 июни соли 2020 (сешанбе)

Тоҷикистон – Мянмар

Япония– Қирғизистон

Ёдовар мешавем, марҳилаи интихобӣ, ки 5 сентябри имсол шурӯъ шуд, 9  июни соли 2020 ба поён мерасад. 8 ғолиби гурӯҳ ва 4 дастаи нишондодҳояш хубтари ҷойҳои дуюм ба марҳилаи сеюми интихобии Чемпионати  ҷаҳон-2022 роҳ пайдо намуда, соҳиби роҳхатҳо ба Ҷоми Осиё-2023 мешаванд.

Октябрь 11, 2019 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ПАРИЖ-2024. Ҳарифони паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот муайян шуданд
Дар Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолият»-и шаҳри Хуҷанд насби чароғу сутунпояҳо оғоз гардид
Имрӯз дар Париж Бозиҳои 33-юми тобистонаи олимпӣ-2024 расман оғоз мегардад
Соли 2024 варзишгарони ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ 530 медали тилло ба даст оварданд
Варзишгарони Вазорати мудофиа соҳиби 38 медали тилло гардиданд
БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ПАРИЖ-2024. Ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар шаҳри Париж қарор дорад
Дар шаҳри Хоруғ барои дарёфти Ҷоми Раиси вилоят мусобиқа оид ба волейбол идома дорад
Соли равон дар вилояти Суғд 25 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
ФУТЗАЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бар тими миллии Қирғизистон пирӯз шуд
БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ПАРИЖ-2024. Тоҷикистонро аз намуди гӯштини ҷудо паҳлавонони шинохта муаррифӣ мекунад
Ваҳдат Ҳанонов фаъолияташро дар дастаи футболи «Сипоҳон»-и Эрон давом медиҳад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар Бозиҳои олимпӣ ба шаҳри Парижи Фаронса сафар намуд