ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи абрнок мешавад
ДУШАНБЕ, 01.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ пешгӯӣ мегардад.
Тавре аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борони кӯтоҳмуддат ва дар шарқи вилоят бе боришоти назаррас (0-0,5мм) пешгӯӣ мегардад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8+13 ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борони кӯтоҳмуддат (шабона дар баландиҳои зиёда аз 2500 метр барфи тар) ва ба амал омадани раъду барқ пешгӯӣ мегардад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 ва рӯзона 19-24 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7+12 ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбандаи абрнок ва бебориш шуда, танҳо дар баъзе ноҳияҳои наздикӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 10+15 ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат (шабона дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр барф) борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 11+16, рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10+15 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 11+13 ва рӯзона 20+22 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






