Ғолибони рӯзи дуюми Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шуданд

Октябрь 4, 2019 10:40

ДУШАНБЕ,04.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, дар    Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд​  Мусобиқаи 7-уми байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии​ Тоҷикистон дар сатҳи баланду  хотирмон идома дорад. Дар рӯзи дуюми ин мусобиқаи байналмилалӣ довталабони зиёд аз Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳунар озмуданд. Дар ин бора шореҳи варзиш Каримхон Бекматов ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон  хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ, баъд аз рақобатҳои шадид ба даври ниҳоии вазни то 66 кг паҳлавони шинохтаи тоҷик  Ёқубҷон Боқиев ва намояндаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Азамат Мадяқубов роҳхат гирифтанд. Дар ин рақобат варзишгари тоҷик Ёқубҷон Боқиев аз ҳарифи ӯзбекистонии хеш шикаст хӯрда, мақоми дуюмро ишғол намуд. Паҳлавони 23-солаи ӯзбек Азамат Мадяқубов соҳиби медали тиллои вазни 66 килои мусобиқаи Ҷоми Президенти Тоҷикистон дар соли 2019 гардид. Ҷойҳои сеюми вазни мазкурро Раҳматулло Сатторов ва Орифҷон Додов аз Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба даст оварданд.

Ҳамчунин дар рӯзи дуюми мусобиқаи мазкур рақобатҳо дар вазни 73 кг низ сурат гирифтанд. Барои ишғоли мақоми сеюм паҳлавони Тоҷикистон Наврӯз Каримзода бо Шоҳрӯз Бердиев аз Ӯзбекистон ба рӯи татамӣ баромаданд. Дар натиҷа намояндаи Ӯзбекистон пирӯз гардида, мақоми сеюмро ба даст овард. Нишони биринҷии дуюми вазни 73кг-ро Мирзоҷамил Рамазонов соҳиб гардид.

Дар даври ниҳоии вазни мазкур паҳлавони тоҷик Раҳматулло Фарҳодов бар ҳамтои ӯзбекаш Комронбек Олтибоев дастболо гардида, соҳиби нишони тилло гардид.

Ҷоми Президенти Тоҷикистон 2019 оид ба дзюдо.

Рӯзи дуюм

-66кг

  1. Азамат Матяқубов (Ӯзбекистон)
  2. Суҳроб Боқиев (Тоҷикистон)
  3. Раҳматулло Сатторов (Тоҷикистон)
  4. Ориф Додов (Тоҷикистон)

-73кг

  1. Раҳматулло Фарҳодов (Тоҷикистон)
  2. О. Нумонов (Ӯзбекистон)
  3. Мирзоҷамил Рамазонов (Тоҷикистон)
  4. Шоҳрӯз Бердиев (Ӯзбекистон)

Ёдовар мешавем, ки Мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ҳафтум аст, ки дар сатҳи баланд баргузор мегардад ва он бори аввал дар вилояти Суғд доир шуда истодааст. Дар мусобиқаи мазкур зиёда аз 200 нафар варзишгарони кишварҳои минтақа иштирок доранд. Мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи ҳафт категорияи вазнӣ миёни мардон: -60кг, -66кг, -73кг, -81кг, -90кг, -100кг, +100кг гузаронида шуда,аз  рӯзи 2 то 5 октябри соли равон  идома меёбад.

Октябрь 4, 2019 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Душанбе мизбони ҷаласаҳои Федератсияи ҷаҳонии гимнастика гардид
Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон дар доираи Ёддошти тафоҳум густариш меёбад
Дастаи духтаронаи Тоҷикистон (U-17) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бо Кореяи Ҷанубӣ, Урдун ва АМА ҳамгурӯҳ гардид
Доварони футболи Тоҷикистон омодагиро ба қисми дуюми мавсим оғоз намуданд
Тоҷикистон дар қароргоҳи СММ чорабинии сатҳи баланд оид ба нақши футбол дар солимии равонии ҷавонон доир намуд
Дар Тоҷикистон дар шаш моҳ 87 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-20) дар Чемпионати CAFA-2026 иштирок менамояд
Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Ню-Йорк фестивал баргузор менамояд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Варзишгарони тоҷик дар беш аз 80 мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ иштирок намуданд
Дар Душанбе дуюмин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ баргузор мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷиу-ҷитсу ва грэплинг байни ҷавонон ва наврасон баргузор гардид
Дар Москва бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ Мусобиқа оид ба футболи хурд таҳти унвони «Ҳамбастагӣ-2026» баргузор шуд