Омӯзгорони фаъоли Душанбе, ки шогирдонашон ҷойҳои ифтихориро сазовор гардидаанд, мукофот гирифтанд
ДУШАНБЕ, 07.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бахшида ба Рӯзи омӯзгор барои муаллимони фаъоли шаҳри Душанбе, ки шогирдонашон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ сазовор гардидаанд, ба ҳар кадоме ба сифати мукофот 3 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Ин туҳфаҳои молӣ ба 52 нафар омӯзгорони пойтахт дар ҷамъомади тантанавӣ, ки бахшида ба «Рӯзи забони давлатӣ» ва «Рӯзи омӯзгорон» дар Амфитеатри «Боғи фарҳангу фароғатии ба номи С. Айнӣ»-и пойтахт доир гардид, супорида шуданд.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷамъомад ба кормандони фаъоли соҳа, ҳамчунин бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии моддию маънавии омӯзгорони фаъоли пойтахт, тарғиби таҷрибаи пешқадами омӯзгорӣ, баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа мукофотҳои соҳавии вазоратҳои маориф ва илм ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуданд.
Сипас дастагули мусиқӣ, ки аз ҷониби Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо иштироки устодони санъат ва ҳунармандони ҷавону умедбахши пойтахт таҳия шуда буд, пешниҳоди иштирокдорон гардид.
Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе 8618 нафар омӯзгорон дар таълиму тарбияи 197 ҳазору 594 нафар шогирдон саҳм мегузоранд.
Хотиррасон менамоем, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи хонандагон ва ҳавасмандгардонии омӯзгорон пайваста тадбирҳои муассир меандешад.
Мақомоти мазкур дар баробари бунёди муассисаҳои муосири таълимӣ ҷиҳати дастгирӣ ва баланд бардоштани неруи зеҳнии омӯзгорон низ чораҳои зарурӣ амалӣ менамояд. Аз ҷумла, моҳи майи соли равон бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ «Барномаи давлатии рушди системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маорифи шаҳри Душанбе барои солҳои 2019-2022» тасдиқ гардид. Системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф яке аз қисматҳои муҳимтарини системаи таҳсилот буда, дар баланд бардоштани сифати он ва инкишофи неруи зеҳнии омӯзгор нақши муайянкунанда дорад.
«Тибқи нақшаи чорабиниҳои барномаи зикршуда, дар ин давра баргузор намудани мизҳои мудаввар вобаста ба мақсад, вазифаҳо ва дурнамои рушди такмили ихтисос ва бозомӯзӣ, машғулиятҳои омӯзишӣ аз фанҳои забони русӣ ва забони хориҷӣ, инчунин ташкили чунин ҷамъомадҳо оид ба усулҳои истифодаи технологияи нави иттилоотию таълимӣ барои омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе дар назар дошта шудааст»,-илова намуд манбаъ.
Бояд гуфт, ки Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе амалигардонии барномаи мазкурро ҳамасола дар доираи маблағҳои буҷетӣ, маблағҳои махсус, грантҳо, хайрияҳо ва сарпарастони барои соҳаи маориф пешбинишуда таъмин намуда, аз натиҷаи иҷрои он ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳар шашмоҳа ҳисобот пешниҳод менамояд.
Метавон гуфт, ки амалисозии Барнома ба такмил додани системаи амалкунандаи такмили ихтисос, бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф, ташкили низоми ягонаи такмили ихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи таҳсилоти ҷаҳонӣ ва татбиқи шаклҳои гуногуни баландбардории малакаи касбии кормандони соҳаи маорифи пойтахт мусоидат хоҳад кард.











СОКИНИ ПОЙТАХТ БУДАН ИФТИХОР АСТ! Имрӯз Душанбе гаҳвораи тамаддуни миллати тоҷик гардидааст
Душанбе бо зебоӣ ва тароваташ байни сокинон ва сайёҳон ҳамчун «шаҳри гулҳо» маъруф аст
РӮЗИ ПОЙТАХТ. Душанбе маркази ташаккул ва рушди кластерҳои инноватсионӣ мебошад
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ СУЛҲУ СУБОТ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи пойтахт
Фарҳод Раҳимӣ: «Рушди шаҳри Душанбе дар замони муосир ва нақши Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаклгирии фазои иҷтимоӣ ва маънавӣ»
ЧУ ДИЛ ДАР СИНААМ ҶОӢ, ДУШАНБЕ… Симои пойтахти Тоҷикистон ба таври шинохтанашаванда дигаргун шудааст
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ «САБЗ». Дар пойтахт давоми 9 соли охир зиёда аз 130 миллион дона гули мавсимию бисёрсола шинонида шудааст
НАҚШИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР ТАШАККУЛИ СИМОИ НАВИ ПОЙТАХТИ ТОҶИКИСТОН. Ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
Пагоҳ дар Душанбе ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ ҲУШМАНД ВА БЕХАТАР. Ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе таҷлил мегардад
ДУШАНБЕ — МАРКАЗИ ТАШАККУЛИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ АРЗИШҲОИ ФАРҲАНГӢ. Ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон эҳдо мегардад






