Омодагӣ ба зимистон. Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» дар фасли сармо аҳолии мамлакатро бо барқ таъмин менамоянд

Октябрь 17, 2019 17:21

НОРАК, 17.10.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Мутахассисони  Неругоҳи барқи обии «Норак» барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020  ва  дар ин давра таъмин намудани хоҷагии халқи мамлакат бо барқ корҳои омодагӣ ва таъмири  ҷорӣ, миёна  ва асосии  гидроагрегатҳо ва таҷҳизоти ёрирасонро  мувофиқи нақша гузаронида  истодаанд. То имрӯз  мутахассисони неругоҳ гидроагрегатҳои рақами 6,7-ро таъмири пурра ва агрегатҳои рақами 1,2,3,4,5,7,8,9-ро таъмири ҷорӣ ва миёна намудаанд. Ин гидроагрегатҳо ба истеҳсоли қувваи барқи хушсифат дар фасли зимистон  омода мебошанд.

Тибқи иттилои сармуҳандиси НБО-и «Норак» Рустам Фозилов, то имрӯз мутахассисон ин корхонаи бузург аз рӯи нақшаи корҳо  барои омода намудани неругоҳ ба кори муътадил ва устувор дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 як зумра корҳои муҳим, аз ҷумла, захира намудани равғани Т–1500,  таъмири дегхонаи системаи гармидиҳӣ ва таъмини оби гарм, дар ҳолати омодабош нигоҳ доштани  дизел-генераторҳо, баровардани селовардҳо аз барражи №1-2 ва аз ҳавзи сойро иҷро намудаанд.

То имрӯз дар асоси  нақшаи таъмири НБО-и «Норак»  дар таҷҳизоти асосӣ зиёда аз 85 таъмир ва дар таҷҳизоти ёрирасон зиёда аз 238 таъмири ҷорӣ ва миёна гузаронида шудааст. Ҳоло чунин таъмирҳо мувофиқи нақша идома доранд.

Кормандони Неругоҳи барқи обии «Бойғозӣ» низ барои истеҳсоли барқи хушсифат дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 омодагии ҷиддӣ гирифтаанд. Муовини сардори хадамоти истифодаи техникии неругоҳи «Бойғозӣ» Фахриддин  Ятимов гуфт, ки барои бо оби гарм ва низоми гармидиҳӣ таъмин намудани бинои маъмурии неругоҳ дар дегҳои барқии обии 1,2,3 таъмир гузаронида шуда,  қисмҳои корношоями онҳо аз нав барқарор гардиданд.

Ҳамчунин барои таъмини бехатарии кормандон дар  роҳи нақлиётгарди Чашма-Бойғозӣ ва Бойғозӣ-Оби туғ  30 метри кубӣ маводи зидди лағжиш, 500 км намак, 5 тонна сӯзишвории дизелӣ ва 2 тонна сӯзишвории бензин захира карда шудааст. Ҳамзамон техникаҳои неругоҳ дар ҳолати корӣ қарор доранд.

Сармуҳандиси НБО-и «Бойғозӣ» Ҷамшед Маҳмадхонов иброз дошт, ки дар асоси нақшаи таъмири генераторҳои неругоҳ генератори рақами 1 ва 2 аз таъмири ҷорӣ бароварда шуданд. Айни замон таъмири ҷории агрегати рақами 4 идома дошта, дар охири моҳи октиябр ва моҳи ноябри соли равон таъмири асосии генератори рақами 3 ба нақша гирифта шудааст.

Ба иттилои мутахассисон,  оби обанбор дар неругоҳҳои мазкур  айни замон дар сатҳи максималӣ қарор дорад.

Дар асоси гуфтаҳои мутахассисони неругоҳҳои мазкур дар нуҳ моҳи соли 2019 Неругоҳи барқи обии «Норак» 8 миллиарду 878 миллиону 466 ҳазору 600 кВт соат  ва Неругоҳи барқи обии «Бойғозӣ» 1 миллиарду 645 миллиону 902 ҳазору 300 кВт соат неруи барқ истеҳсол намудаанд.

НБО-и «Норак» аз оғози фаъолияташ  то имрӯз 455 миллиарду 265 миллиону 594 ҳазору 330 кВт соат энергияи барқ истеҳсол кардааст.

Октябрь 17, 2019 17:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад