Қотили намояндаи фаъоли ҷамъиятӣ Мустафо Наимов дастгир карда шуд

Октябрь 2, 2019 08:30

ДУШАНБЕ, 02.10.2019./АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ дода будем, 22 сентябр    ҳангоми дастгир намудани  як ҷинояткор   намояндаи фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, узви созмони «Авангард», сокини ноҳияи Рӯдакӣ   Мустафо Наимови 28-сола  аз ҷониби ин ғоратгар бо корд захмӣ гардид, ки дар натиҷа  ба ҳалокат расид.  Баъди содиршавии ҷинояти вазнини дорои хусусияти васеи ҷамъиятӣ нисбат ба  Мустафо Наимов  бо супориши Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода  аз ҳисоби кормандони ботаҷрибаи Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилӣ ва РВКД дар шаҳри Душанбе гурӯҳи  фаврӣ-тафтишотӣ таъсис дода шуда, ин ҷинояти вазнин муайян ва ҷинояткор дастгир карда шуд. Ин ҳодисаи ҷиноятиро сокини шаҳри Душанбе Муминов Фирдавс Рустамовичи 24 –сола  содир намудааст.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,   Фирдавс Муминов  доғи судӣ дошта, аз ин пеш 3 маротиба, соли 2012 бо моддаи 139 (ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ), соли 2014 бо моддаи 244 (дуздӣ) ва соли 2016 бо моддаи 248 қисми 2 (ғоратгарӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст.

Ёдовар мешавем, ки 22 сентябр, соати 19:20,  ҷавони тахминан 20-25-солаи  шахсияташ номаълум,  бо мақсади ошкоро тасарруф намудани амволи ғайр,  ба назди  сокини 24 –солаи   кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе  Артур Тугеев, ки  дар назди бинои истиқоматии худ қарор дошт, омада, бо истифода аз қувваи ҷисмонӣ   аз дасти ӯ телефони мобилии тамғаи «Редми-нот-7», арзишаш 1800 сомониро ғорат намуда, аз ҷойи ҳодиса ба  тарафи кӯчаи Гипрозем (самти бозори «Деҳқон»)  мегурезад.

Ҷабрдида  барои дастгир намудани  ҷинояткор ӯро   дунболагирӣ мекунад. Баъдан ба ӯ намояндаи фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, шаҳрванд Мустафо Наимов  ҳамроҳ шуда, шахси ҷиноятпешаро  пайгирӣ намуда, дар наздикии бозори «Деҳқон» ӯро зада, аз пой меафтонад. Дар ҳамин вақт  ҷинояткор бо  корд  ба бадани Мустафо Наимов зада, ӯро захмӣ  менамояд ва  аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад.

Дар натиҷа  М. Наимов бо бардоштани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар беморхона ба ҳалокат мерасад.

Бо фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  намояндаи фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ Мустафо Наимов барои нишон додани корнамоию мардонагӣ ва шуҷоату далерӣ дар мубориза бо ҷинояткорӣ пас аз марг бо медали «Барои далерӣ» қадрдонӣ карда шуд. 24 сентябр роҳбари созмони «Авангард» Фирӯзи Маҳмадулло  ва намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ ин медалро ба падари  марҳум Мустафо Наимов супурданд.

«Ҳеҷ гоҳ далерию ҷоннисории Мустафо Наимов — фарзанди диловари Ватан фаромӯш намешавад. Шуҷоату далерии ӯ барои наслҳои минбаъда чун дарси ибрату мардонагӣ, фидокориву ҷасорат ва садоқату матонат абадан боқӣ хоҳад монд»,- афзуд манбаъ.

 

 

Октябрь 2, 2019 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд