ПОСИ ХОТИР. Агар умр вафо мекард, ходими намоёни сиёсию давлатӣ Моёншо Назаршоев моҳи декабри ҳамин сол 90-сола мешуд
ДУШАНБЕ, 12.10.2019/АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати 90-солагии арбоби сиёсию давлатӣ, академик Моёншо Назаршоев имрӯз Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов, муовини Раиси ноҳияи Шуғнон Азиз Гиёзода ва собиқадорони меҳнат Соҳибназар Бекназаров ва дигарон ба ноҳияи Шуғнон рафта, дар оромгоҳи ин шахсияти таърихӣ дар деҳаи Хосаи ҷамоати Поршинев гулчанбар гузоштанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ хабар доданд.
Моёншо Назаршоев дар давоми фаъолияти омӯзгории хеш дар Институти педагогии шаҳри Кӯлоб ва баъдтар дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба тайёр ва тарбия намудани мутахассисони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ машғул буд. Саҳми ин олим махсусан дар тарбияи зиёиён ва ходимони илмӣ хеле калон аст.
Аввали солҳои шастум Моёншо Назаршоев ба корҳои ҳизбӣ ҷалб мешавад. Ҳамчун роҳбари вилоят аз рӯзҳои авали фаъолияташ хуб дарк кард, ки қисми масъалаҳои муҳими пешрафти вилоятро дар сатҳи идораҳои ҷумҳурӣ ҳаллу фасл кардан имкон надорад. Ҳамин буд, ки ӯ ду маротиба бо талабу дархост ба назди Раиси Шӯрои Вазирони СССР А. Н. Косигин ба Москва рафта буд. Дар натиҷа бо мадади Косигин барои вилоят 200 мошини тамғаи «Зил-130» ва «ГАЗ-53» ва барои сохтмони стансияи телевизионии «Орбита» маблағ дастрас гардиданд.
Ҳукумати марказии СССР маҳз таклифу дархост ва пешниҳодоти М. Назаршоевро ба инобат гирифта, 31 январи соли 1967 қарори махсусеро «Дар бораи чорабиниҳо оид ба тараққиёти иқтисодиёт ва баланд бардоштани дараҷаи ҳаёти моддӣ — мадании Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуд. Дар ин қарор ояндабинии мушаххаси инкишофи тараққиёти иқтисодӣю иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, баланд бардоштани дараҷаи некӯаҳволии меҳнаткашони Бадахшон хеле равшан инъикос гардида буданд.
Моёншо Назаршоев дар давраи котиби аввали кумитаи ҳизбии вилоят буданаш ба инкишофи соҳаи саноат, коркарди тилло, лаьлу лоҷвар, мармар ва дигар захираҳои бебаҳои зеризаминии Бадахшон диққати махсус медод. Аз миёни солҳои шастум сар карда дар ҳудуди вилоят, аз ҷумла дар маркази он шаҳри Хоруғ банақшагирии сохмони корхонаҳои саноатӣ, амсоли заводи нон, комбинати гӯшту шир, заводи маснуоти оҳану бетонӣ шурӯъ карда мешавад.
Хизматҳои Моёншо Назаршоев ҳамчун роҳбари вилоят дар инкишофи соҳаи маориф, илм ва фарҳанг низ хеле калонанд. Вай ҳамчун сарвар – олим бар он кӯшиш ба харҷ медод, ки дар Бадахшон низ як маркази илмие таъсис ёбад. Бо дастгирии ӯ соли 1969 дар базаи Боғи ботаникии Помир институти биологӣ ташкил шуд, ки барои минбаъд инкишоф ёфтани тадқиқотҳои илмӣ дар Помир заминаи мустаҳкам гузошт…
Соли 1990 пастшавии сатҳи зиндагии аҳолӣ, қувват гирифтани ихтилофи иҷтимоӣ, ки ба бесуботии тамоми сохторҳои ҳокимият сабаб гардиданд, вазъи сиёсиву ҷамъиятӣ ва иқтисодии ҷумҳуриро ҳам мураккаб гардонид. Сар шудани ҷанги шаҳрвандӣ ба сари мардуми ҷумҳурӣ бадбахтиҳои зиёде овард. М. Назаршоев дар ин рӯзҳои барои халқи тоҷик мушкил тамоми маҳорату малака ва донишашро ба он равона намуд, ки пеши роҳи қурбониҳо, парокандагию ноамниҳо гирифта шавад. Ин кӯшиш ва иқдоми ӯ моҳи ноябри соли 1992 дар суханрониаш дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон равшану возеҳ ифода мегардад. Ӯ он айём Раиси Кумитаи илм, маориф ва сиёсати ҷавонони парламенти мамлакат буд.
Тамоми ҳаёту фаъолияти ин марди ҳақиқатҷӯ ба он нигаронида шуда буд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол, аз ҷумла Бадахшон ҳарчӣ зудтар аз бӯҳрони сиёсию иқтисодӣ, маънавию фарҳангӣ бароварда шавад. Моёншо Назаршоев ба тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ сафар карда, бо ҳаёт ва зисту зиндагонии мардум аз наздик ошно мегардид ва онҳоро ба сулҳу осоиш, ризоияту ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ даъват мекард.
Моёншо Назаршоев моҳи феврали соли 1994 муовини Раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мегардад. Вазифаи нав дар Ҳукумат аз ӯ масъулияти дучандро талаб мекард. Беҳтар намудани шароити таълиму тарбия дар мактабҳои миёна, миёнаи махсус, олӣ, зиёд намудани маоши кормандони муассисаҳои табобатию фарҳангӣ ва ғайраҳо ҳадафи ҳаррӯзаи фаъолияташ қарор мегиранд. Моёншо Назаршоев бисёр корҳоро анҷом медод, агар душманони миллат бо кирдори разилонаи худ риштаи ҳаёти ин ходими барҷастаи давлатиро моҳи марти соли 1994 барнамеканданд. Маҳз ҷонбозиҳо ва хизматҳои чунин фарзандони миллати тоҷик буд, ки сулҳ ба Тоҷикистон баргашт ва давраи созандагӣ шурӯъ гардид.
Барои посдории номи неки ӯ соли 1999 хона-музеи Моёншо Назаршоев дар ноҳияи Шуғнон таъсис ёфта Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев гузошта шудааст.