Дар Душанбе китобномаи профессор Аҳмад Абдуллоев рӯнамоӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 28.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон рӯнамоии китобномаи профессор Аҳмад Абдуллоев доир карда шуд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Рӯнамоӣ бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масълаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, зумрае аз донишмандон, шогирдон, ҳамкорон, пайвандон ва намояндагони расонаҳои хабарии дохиливу хориҷӣ баргузор шуд.
Зимни рӯнамоӣ тазаккур дода шуд, ки мураттибони китобнома Ҷурабой Раҷабов ва Гадобек Маҳмудов буда, он зери назари доктори илмҳои педагогика Ҷумахон Файзализода ба нашр расидааст.
Муҳаррири китобнома доктори илмҳои филологӣ Масрур Абдуллозода мебошад.


Дар чорабинӣ аз рӯзгору эҷод ва дастовардҳои илмии профессор Аҳмад Абдуллоев ба ҳозирин маълумот дода шуда, иброз гардид, ки ӯ умри бобаракати худро сарфи таҳқиқи осору ашъори шоироне чун Рӯдакӣ, Унсурӣ, Фаррухӣ, Манучеҳрӣ, Ғазоирӣ, Абулфараҷи Рунӣ, Адиб Собири Тирмизӣ, Заҳири Форёбӣ ва адабиёти тоҷики асрҳои XI-XII намуда, масъалаҳои ҷараёни адабии ин қарнҳо, жанру услуби лирикӣ, майлу равияҳои адабӣ, хусусиятҳои халқию демократӣ ва амсоли онро таҳқиқ кардааст.
Бояд гуфт, ки дар китоб андешаҳои адабиётшиносон дар бораи профессор ҷамъоварӣ шуда, он маводи ӯро дар се қисм «Асарҳои Аҳмад Абдуллоев», «Адабиёт дар бораи Аҳмад Абдуллоев» ва «Кумафеҳристҳо» дар бар мегирад.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»









Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид






