РӮЗГОРИ ОДАМОНИ НАҶИБ. Омӯзиши фаъолияти касбии академик Раҳим Масов барои тарбияи насли ҷавон мактаби бузурги таълимиву тарбиявист

Ноябрь 16, 2022 17:00

ДУШАНБЕ, 16.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 16 ноябр ба зодрӯзи донишманди маъруфи тоҷик, муаррих, академик Раҳим Масов 83 сол пур шуд.

Рушди таърихнигории миллии тоҷик аз солҳои 80-уми қарни гузашта ва ба мактаби пешқадами таърихнигорӣ табдил ёфтани он дар давраи шӯравӣ ва пас аз он дар баробари муҳаққиқони шинохтаи дигар, бешубҳа, бо номи академик Раҳим Масов алоқаманд аст, ки инро мутахассисони варзидаи ватанию хориҷӣ низ эътироф намудаанд. Аммо баробари муҳаққиқи саршинос будан рисолати дигари академик Раҳим Масов роҳнамои илмӣ ва омӯзгорӣ дар ҷомеа буд, ки он низ аз тарафи мутахассисони дохилию хориҷӣ мавриди эътироф қарор ёфтааст.

Раҳим Масов дастпарвари мактаби таърихшиносии шӯравӣ буд ва аз лаборанти одии пажӯҳишгоҳ то ба дараҷаи академикӣ ва сарварии як муассисаи марказии илмӣ-пажӯҳишӣ расида, дар ташаккул ва рушди таърихнигории миллӣ ва чун сарвари пажӯҳишгоҳ дар тайёр намудани мутахассисони касбии илмҳои таърих нақши муассир гузоштааст.

Ҳамчун омӯзгори касбӣ Раҳим Масов солҳои тӯлонӣ дар факултети таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба донишҷӯён дарс гуфта, бо пешниҳоди Шӯрои олимони ҳамин муассиса соли 1990 унвони баланди профессориро соҳиб гардид. Ҳар дарси устод барои донишҷӯён ва инчунин нафароне, ки ихтиёрӣ хоҳиши шунидани онро доштанд, хотирмон ва фаромӯшнаванда буд, зеро сабақи таълимии ӯ чун асарҳояш ҳамеша ҷолиб ва дархӯри талаби муаррихону омӯзгорони оянда буд.

Курсҳои махсуси таълимии устод Раҳим Масов, ки дар заминаи тадқиқоти бунёдии ӯ асос меёфтанд, барои донишҷӯён кушоиши нави илмӣ буданд, зеро ҳар хулосаи олим бо далелҳои муътамад, ки аз рӯи сарчашмаву маъхазҳо, бавижа маводи бойгонӣ пешниҳод мегардид, қотеу раднопазир буда, дар дилу шуури муҳассилин инқилоберо ба амал меовард.

Ба вазифаи роҳбари маркази асосии таърихшиносии ҷумҳурӣ – Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониш интихоб шудани Раҳим Масов то андозае фаъолияти омӯзгории устодро маҳдуд намуд. Вале академик Раҳим Масов тавонист тавассути даҳҳо тадқиқоти бунёдӣ ва садҳо мақолоти илмии худ рисолати омӯзгорияшро дар ҷомеа бо камоли садоқат иҷро намояд. Ёдовар бояд шуд, ки дар ҷомеаи шӯравӣ сафи мардуми китобхон ва дӯсторони китоб ниҳоят зиёд буд, аҳолӣ пайваста аз пайи дарёфти китобу рӯзнома ва маҷаллаву таълифоти гуногун мегашт. Танҳо соли 1973 ба китобхонаҳои ҷумҳурӣ 423,7 ҳазор одам ташриф оварда, 5661 ҳазор нусха китобу маҷалла истифода намудаанд. Рӯи чопро дидани асарҳои ҷолиби илмиву бадеӣ ва мақолаҳои илмиву интиқодӣ, шеъри хубу ноб аз ҳаводиси беҳтарини фарҳангии ҷомеа маҳсуб меёфт. Бесабаб нест, ки соли 1972 аз чоп баромадани шоҳасари аллома Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» (ба забони русӣ) дар ҷумҳурӣ чун ҳодисаи бузурги фарҳангию илмӣ қабул гардид ва илова ба он ҳар фарди рӯшанзамир дар ҷустуҷӯи ин китоб буд. Солҳои 80-уми қарни гузашта, махсусан нимаи дуюми он, ки давраи нисбатан бедоршавӣ ва шикасти завлонаҳои идеологӣ маҳсуб меёфт, ҷомеа аз пайи дарёфти асару навиштаҳои нави як зумра олимону адибони ҷумҳурӣ, ба вижа асару мақолаҳои Раҳим Масов буданд.

Пажӯҳишҳои академик Раҳим Масов аз ибтидо ба таърихнигории сохтмони ҷомеаи сотсиалистӣ дар Тоҷикистон бахшида шудааст. Пажӯҳиши масоили гуногуни таърихӣ дар ин самт имкон дод, ки олими нуктасанҷу жарфгаро рисолаҳои бунёдии илмӣ таълиф намуда, байни мутахассисони соҳа ва қишрҳои гуногуни ҷомеа доираи васеи хонандагони асил ва доимии худро пайдо намояд. Махсусан, таҳқиқоти ба масоили миллӣ ва ҳалли он бахшидаи академик Раҳим Масов дар байни аҳли ҷомеа бештар нуфуз ва мақоми хосса пайдо карданд.

Масоили умдаи таърихнигорӣ қариб дар тамоми асарҳои олими варзида мақоми вижа дошта бошад ҳам, вале се рисолаи ба масъалаи миллӣ ва тақсимоти марзию ҳудудии соли 1924 бахшидаи ӯ, ки баъдан дар шакли китоби ягона бо тағйироту иловаҳои ҷиддӣ нашр гардиданд, дар ҷумҳурӣ ва берун аз он аз тарафи мутахассисон баҳои сазовор гирифтанд. Дар як вохӯрӣ шоири шаҳир, устоди шодравон Лоиқ Шералӣ, ки дар даст як нусха аз китоби «Таърихи табартақсим» дошт, бо ифтихор изҳор намуд, ки ин рисолаи хурдакаки олими тавоно Раҳим Масов аз чандин асарҳои калонҳаҷм боло меистад ва ғазали пурдарду пурсӯзу фарёдомези устод Лоиқ «Ин кӯчиёни хокираҳ пур хоки моро бехтанд» бардошт аз мутолиаи ҳамин асари бунёдии устод аст.

Мутолиаи асарҳои академик Раҳим Масов хонандаро нисбат ба тақдири халқи тоҷик, талошу муборизаҳои он барои ҳифзи нангу ном, манфиату ҳуқуқҳои худ, ҷонбозии фарзандони озодандеши он аз як тараф, ва аз тарафи дигар, хиёнату манфиатҷӯии баъзе аз зодагони ин миллат бетафовут гузошта наметавонад. Устод Лоиқ нисбат ба китоби дуюми академик Раҳим Масов- «Таърихи тоҷикон бо мӯҳри «комилан сиррӣ» таъкид намудааст, ки «ин китоб танҳо як кори илмӣ нест, балки достонест пур аз ашку хун, пур аз оҳу фарёд, навишта ба забони аснод, балки фоҷианомаест аз худии худро куштанамон гоҳо ба дасти худ, гоҳо ба дасти душманон».

Мақсади муаллиф низ аз таълифи ин рисола ва рисолаҳои дигар- шинос намудани тамоми ҷомеа бо таърихи пурфоҷиаи халқи тоҷик аст. Академик Раҳим Масов низ рисолати хешро дар ҳамин дида, таъкид менамояд, ки мақсад «ба масоили печидаи таърихи пурфоҷиаи тоҷикон посух» гуфтан аст, зеро ин масъала «то ба имрӯз дар осор ва навиштаҳои пажӯҳишгарон ба таври шоиста мавриди баррасӣ қарор нагирифтааст». «Фақат бо донистани ҳамаи ҳақойиқи таърих мардуми тоҷик – ин миллати халлоқу мутафаккир ва дар айни ҳол ранҷкашида метавонад,- менависад академик Раҳим Масов, — дубора ҳам аз лиҳози фарҳангӣ ва ҳам аз лиҳози иҷтимоӣ эҳё шавад» .

Академик Раҳим Масов ҳанӯз соли 1989 огоҳ намуда буд, ки дар таърихи давраи шӯравии халқи тоҷик номҳо, давраҳо ва падидаҳое ҳастанд, ки аз онҳо на танҳо доираи васеи хонандагон, балки ҳатто онҳое, ки тибқи вазифа ба тадқиқи таърихи сохтмони сотсиалистӣ машғуланд, кам огоҳӣ доранд. Аз ин рӯ, зарур ва ҳатмист, ки дар раванди баланд бардоштани сатҳи донишҳои таърихӣ дар байни ҷомеа тадбирҳои ҷиддӣ ва мушаххас бояд андешид ва яке аз вазифаҳои муҳими муаррихини тоҷик низ дар иҷрои ҳамин масъала зоҳир меёбад.

Академик Раҳим Масов тибқи асарҳои илмии бунёдии худ нисбат ба дигарон дар паҳн намудани донишҳои таърихӣ бештар саҳм гузоштааст, махсусан дар сӣ соли охир ягон пажӯҳишгар чун ӯ асару мақолаи дархӯри дарди ҷомеа таълиф накардааст ва ягон муаррих чун ӯ аз манфиати таърихии халқу миллати тоҷик чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи ҷумҳурӣ дифоъ нанамудааст. Асарҳои ин олими варзида на танҳо барои мутахассисони соҳа, балки барои ҳама қишрҳои ҷомеа таълиф шудаанд. Бесабаб нест, ки устод Лоиқ дар тавсифи китоби Раҳим Масов «Таърихи тоҷикон бо мӯҳри «комилан сиррӣ» гуфтааст: «Ин китоб бо хуни дил иншо шуда ва боястӣ ҳар тоҷики пурҷигар онро бо хуни дил бихонад ва бидонад, ки кӣ будаем ва кӣ ҳастем, аз куҷо будаем, ба куҷо расидаем ва киву киҳо моро ба ин партгоҳи ҳалокат кашондаанд?» Зеро: «Бихонад ва бидонад, ки бидуни дифоъ аз ифтихорот ва муқаддасоти миллӣ, бидуни дифоъ аз ватан, модар, ору номуси миллӣ ва фарри ориёӣ наметавон худро соҳибватан хонд».

Рисолати мураббигии академик Раҳим Масов дар ҷомеа низ аз он бармеояд, ки тибқи таълифу пажӯҳишҳои ӯ наслҳои нав тарбия меёбанд, аз таърихи гузаштаи хеш бохабар гашта, ифтихор аз дастовардҳои ниёгон мекунанд.

Баробари таълифоти нодири илмӣ ва пардабардорӣ аз «лаккаҳои сафед» — и таърихи халқи тоҷик маҳз бо ташаббусу заҳмат ва роҳбарии устод Раҳим Масов нашри нави асари бунёдии «Таърихи халқи тоҷик» дар шаш ҷилд ба роҳ монда шуд. Новобаста аз душвориҳои иқтисодиву молиявӣ, нашр шудани чунин таҳқиқоти бузург ва садҳо рисолаҳои дигари бунёдии мутахассисони муассиса аз он шаҳодат медиҳад, ки ин «донишманди ғаюри тоҷик, таърихшиноси шерҷигар» тасодуфан сарвари чунин як муассисаи марказии илмӣ нашуд ва дар ин ҷо низ рисолати худро ҳамчун роҳнамои улуми таърихӣ аз сидқи дил иҷро намуд. Ин ташаббуси Раҳим Масовро академик Б.А.Литвинский баробар ба қаҳрамонӣ номид.

Ҷасорату ғайрати академик Раҳим Масов, ки воқеан барои тамоми қишрҳои ҷомеа сабақи мардонагист, бори дигар дар мубориза бар зидди таҳрифгарони таърихи халқи тоҷик пас аз пароканда гардидани Иттиҳоди Шӯравӣ айён гардид. Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва ташкил ёфтани ҷумҳуриҳои мустақил таърих ва масоили таърихӣ яке аз воситаҳои муҳими амалӣ намудани сиёсати роҳбарони ин давлатҳо гардид. Махсусан дар Осиёи Миёна зимомдорони вақт зиёдтар ба ин кор даст заданд ва ба ҷойи таълифи асари илмии таърихӣ ба таҳрифи ғаразмандонаи он машғул шуда, рисолати таҳқиқгарии асилро ба гӯшаи фаромӯшӣ партофтанд ва худро меросхӯри таъриху фарҳанги дигарон, бахусус тоҷикон намоиш медоданд. Дар ин «тақсимоти мерос» баробари асарҳои зиёди бепояи ба ном илмӣ, инчунин шабакаи ҷаҳонии Интернетро низ моҳирона ба манфиати хеш истифода мебурданд. Академик Раҳим Масов ва пайравонаш ба ин таҳқиқгарони аз таърихи воқеӣ бехабар ҷавобҳои мушаххасу илмӣ дода, воқеъияти асили таърихи тоҷиконро бо далелу асноди муътамад дастраси умум мегардониданд.

Академик Раҳим Масов дар тарбия ва ба воя расонидани мутахассисони таърихшинос низ нақши бориз дошт. Зери роҳбарии ин олими асил зиёда аз даҳҳо рисолаҳои докторию номзадӣ дифоъ шуданд, ки аз заҳмати пурсамари олим дар ин ҷода гувоҳӣ медиҳанд. Академик Р.Масов ҳамчун сарвари Шӯрои махсуси ҳимояи рисолаҳои докторию номзадӣ ҳар сол даҳҳо мутахассисони соҳаро ба майдони васеи илм ҳидоят менамуд.

Омӯзиши фаъолияти касбии устод Раҳим Масов барои тарбияи насли ҷавон, бавижа онҳое, ки даст ба омӯзишу пажӯҳиши таърих мезананд, мактаби бузурги таълимиву тарбиявӣ аст.

Зиндагиномаи чунин олимон, ки рисолати хешро дар ҷомеа пурра ва бо садоқати баланд иҷро менамоянд, ҳамеша барои наслҳо дарси ибрат ва ҳикмат аст. Академик Раҳим Масов, ки худ дар мактаби бузурги ҳаёт ва олимони барҷастаи улуми таърих камол ёфта буд, тавонист роҳи пешгирифтаи ин пажӯҳандагони воқеиро идома диҳад ва собит созад, ки мактаби таърихнигории тоҷик ҳамеша дар минтақа пешқадам буд ва ҳаст. Зеро ба қавли Камолиддини Биноӣ:

Наравӣ то ба хидмати устод,
Илму ирфон куҷо бигирӣ ёд?

Насрулло УБАЙДУЛЛО,
Директори Институти таърих,
бостоншиносӣ ва мардумшиносии
ба номи Дониш, доктори илмҳои таърих, профессор

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Ноябрь 16, 2022 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲАФТАИ ИЛМ. Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ оғоз гардид
Хонандагони тоҷик дар озмуни байналмилалӣ соҳиби 4 медали тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ гардиданд
Илму маориф дар пешрафти иқтисодию иҷтимоии давлати ҳуқуқбунёд ҷойгоҳи хосса дорад
Донишҷӯёни тоҷик дар олимпиадаи информатика байни 70 муассисаи олии ҷаҳон сазовори ҷойҳои намоён гардиданд
Ҳамкории Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо муассисаҳои олии Узбекистон густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб даври донишгоҳии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар конференсияи илмӣ — назариявӣ доир гардид
ИЛМ-АСОСИ РУШДИ ИННОВАТСИОНӢ. Таҳти ин унвон дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон Фестивал- намоишгоҳи якуми байналмилалии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои хориҷӣ баргузор мегардад
Доир ба нақш ва ҷойгоҳи муҳаққиқони ватанӣ дар рушди илми ҳуқуқшиносӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Масъалаи эътирофи баробарарзиши дипломҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва дараҷаву унвонҳои илмӣ байни Тоҷикистон ва Чин баррасӣ шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои иловагии муассисаи таълимӣ барои 288 хонанда ифтитоҳ ёфт