«БО НИГОҲАТ РӮЗГОРАМ ОФТОБӢ МЕШАВАД!». Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб 80-сола шуд

Январь 20, 2023 11:29

ДУШАНБЕ, 20.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Хатлонзамин ва хусусан  Кӯлоби бостонӣ сарзамини шеъру шоирпарвар аст. Беҳуда нест, ки адибони тоҷик ҳанӯз аз замонҳои шӯравӣ сафари Кӯлобро дӯст медоштанд. Банда борҳову борҳо бо устодон- аз  устод Ҷалол Икромӣ то ба Қутбӣ Кирому Аскар Ҳакиму дигарон ба ин сарзамини шеърдӯсту шоирдӯст сафарҳо доштаам. Бо устод Лоиқ борҳову борҳо. Ва муҳаббати бениҳоят баланди халқи Кӯлобро ба устод Лоиқ шоҳидам. Устод Лоиқ сафари ин сарзамини меҳмоннавозу суханпарваррро дӯст медоштанд. Ва аз сафари Кӯлоб ҳаргиз дасти тиҳӣ барнамегаштанд, ҳатман як рубоӣ ва байту дубайтӣ, як суннати зебои мардумиро бо худ меоварданд, агар чизе набуд, дар роҳ аз адирҳо як шоха гули хорро бо худ мегирифтанду аз накҳати он дилхуш ба Душанбе мерасиданд.

Мо, адибони тоҷик он қадар аз дастархони Ҳақназар Ғоиб нон  хӯрдаем, ки ҳамаамон узви хонадони ӯ гаштаем. Гумон мекунам, шарофату баракати ин инсони нек ба ҳама дӯстон, шогирдон ва ҳамдиёронаш расидааст. Чанд сатре, ки иҷмолан  ва самимона рӯи коғаз овардам,  ба 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон (1996), барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ (2000) ва Ҷоизаи ба номи Шамсиддин Шоҳин (2013) Ҳақназар Ғоиб бахшида мешавад,-навиштааст Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол НАСРУЛЛО.   

Дар зер андешаҳои пурраи муаллиф пешкаши хонандагон гардонида мешаванд.

-Кӯлоб барои ман ҳамеша чеҳраи Ашӯр Сафар, Саидҷон Ҳакимзода, Ҳақназар Ғоиб ва дигар азизонро дорад, мисли Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Сафармуҳаммад Аюбӣ,  Муҳаммад Ғоиб ва дигарон, ки кам нестанд. Имрӯз мо Кӯлобро бо номи Ҳақназар Ғоиб мешиносем. Ин инсон бисёр ҳалим, хайрхоҳ, некбин, меҳмондӯст шоири баландмақом, аммо хеле хоксор аст. Хулқу хӯи ӯ чунон аст, ки ӯро дар ҳама гӯшаҳои Тоҷикистон дӯст медоранд ва дар тамоми маҳалҳои кишвар дӯстони ҳамдилу вафодораш ҳамеша ӯро интизоранд.

Дар як шеъри даврони наврасӣ гуфта будам:

Он қадар нон хӯрдаам аз рӯи хони одамон,
Ҷони ман пайванд гардида ба ҷони одамон…

Ба андешаи банда, шеъри шоир намои шахсияти ӯст. Ин шахсият ҳар қадар дурахшон аст, шеъраш ҳам он дурахшро дорад, ин шахсият то куҷо некбин аст, адолатпарвар аст, инсондӯст аст, меҳрбор аст, шеъраш ҳам ҳамон қадар ин ангезаҳоро бо худ мебарад. Симои маънавию зоҳирии шоир, армонҳои  инсонӣ, ҳадафҳо, ишқу умед, муносибати ӯ ба ҳаёт ва ҷомеа ҳама рангҳое мебошанд, ки дар андешаву афкори ӯ таҷассуми шоирона меёбанд. Яъне шеъри шоир оинаест, ки аз он шахсияти ӯ муҷалло мешавад. Устод Ҳақназар Ғоиб аз чунин шоирон аст, яъне шеъраш худаш аст, шеъраш дурӯғи бофтаи ӯ нест, он чизест, ки бо ӯст, андар ӯст ва дар дилу андешаҳояш аст, он чизе, ки аз ӯ метаровад.

Аз ин рӯст, ки дар шеърҳои Ҳақназар симои инсонӣ ва шоиронаи ӯ бештар пеши назар меояд ва агар хоҳем ин ҳарду симои ӯро бубинем, яъне зоҳирӣ ва маънавиро, бояд рӯ орем ба шеъри ӯ. Бубинед, ин аст симои зоҳирӣ ва маънавии шоир:

Кафам ҳамчун кафи хоки пур аз файзи сахо боз аст,
Дилам чун кони тилло бо қудуми раҳкушо боз аст…

Касе, ки ӯро медонаду бо ӯ шинос аст, ин байтро хонда, тасдиқ мекунад, ки оре, ин симои Ҳақназар аст.

Дар идомаи ин ғазал ӯ ба сурати зиндагии худ тасвири шоирона медиҳад, ки низ воқеист:

Хаёлам бо канори беканори худ тамоми умр,
Ба болои  сарам монандаи чатри само боз аст.

Ба монанди “чатри само боз” будани” “хаёл” “бо канори беканор” тасвири шоирона бахшидан ба як вожаи абстрактии “хаёл” аст,  ки аслан шаклу намо надорад, аммо шоир тавонистааст ба он шаклу намо бахшад.

Рӯ овардани Ҳақназар ба ҷодаи муқаддаси шоирӣ бе ихлосу имон нест, балки бо камоли дарку масъулият аст ва ӯ кӯшидааст дасттиҳӣ ба ин даргоҳ рӯ наоварад:

Рӯ ба даргоҳи бузургон сар фурӯ овардаам,
Тӯша аз ихлосу меҳру орзу овардаам.

Ҳамин ҳамнишинӣ бо бузургони дирӯзу имрӯз аст, ки ӯро ихлосманди сухани асил гардонидааст:

Гавҳари мақсуди ман шуд аз дили дарёдилон..

Ва идомаи андешаро бо таъбири халқии “хобатро ба об гӯ” баёни шоирона мебахшад:

Хоб дидам гар, ба оби ҷӯй рӯ овардаам…

Касе, ки устод Ҳақназарро мешиносад, медонад, ки  он чи ӯ дар ин ғазал меорад, ҳақиқат аст ва ҳақиқати самимонаи ҳаёти шоиронаи ӯст:

Бо хумори мастиям гар пеши хубон омадам,
Дар бағал аз меҳри дил ҷоми сабӯ овардаам.

Бар ту, эй халқи азиз, аз шеър то шеъри дигар

Аз гули боғи муҳаббат рангу бӯ овардаам.

Ҳақназар бар Ҳақ назар кун, кам накардам  ман ба ту,

Хӯрда хуни дил ба ту номи накӯ овардаам.

Ҳастии Ҳақназар дар зиндагӣ ҳастие мебошад, ки ҳар узви ӯ дар бадан бе ҳадафу беҳудаву берисолат нест ва шоир шарҳи инро шоирона зебо ба қалам медиҳад:

Ҷон бар тан аз он бошад, то бар ту сано хонам,
Дил бошад, аз он ки ту бошӣ ба дилу ҷонам.

То нур ту дар чашмӣ, чашми дили ман биност,

Бе ту ба чи кор ояд ин машъали рахшонам?…

Дар роҳи сарафрозӣ сар лоиқи сарбозист,

Гар нест фидои ту ман аз чӣ сараш хонам?

Мо пажӯҳиши шеърҳои китоби нави устод Ҳақназарро, ки “Гул, шиша ва санг” ном дорад, тарзе пеш гирифтем, ки дар баробари пажӯҳиши маъниву ҳунар симои инсониву шоиронаи адиб низ пеши назар ояд. Ва ин ки дар ғазали мазкур ҳама чиз дар ҳама ҷо гул мекунад, гулкунии завқ ва табъи шоир аст:

Дар лаби хандони ту армони ман гул мекунад,
Умри аз ишқу вафо хандони ман гул мекунад,

Доғҳои синаам бо диданат кам мешавад,
Барги зулфе аз гили армони ман гул мекунад.

Дар назари ошиқонаи Ҳақназар табиат, маҳбуба ва эҳсосоти шоир бо ҳам омезиш ёфта, ғазали зебо меофаранд ва саҳифаро гулафшон мекунанд:

Бо нигоҳат рӯзгорам офтобӣ мешавад,
Даври лабҳои хушат даврони ман гул мекунад.

Бахт мерезад зи рухсори ту дар кошонаам,
К-аз ҳавояш синаи бирёни ман гул мекунад.

Васли ту ранҷи раҳи танҳоиямро мекушад,
Пеши рӯят дидаи гирёни ман гул мекунад..

Ва табиист, ки дар мадори ин ҳама гулкарданҳо шоир метавонад бигӯяд:

Зиндагӣ дар мағз-мағзи ҷони ман гул мекунад.

Сухани Ҳақназар дар шеър сухан аз тақдир аст ва дар ин маврид ӯ ошкоро, самимӣ дари дилро ба рӯи хонанда ва мухотабаш боз мекунад:

Хостам бори дигар умри нав оғоз кунам,
Дари пӯшидаи ишқам зи дигар боз кунам.

Аз сари кӯи муродам, ки туро гум кардам,
Он ҳама гумшудаҳоро зи нав овоз кунам…

Ҳамчу шоҳинбачаи маст зи болои сарат,
Бол бикшояму бо номи ту парвоз кунам.

Лек дидам, ки ту бо қисмати ман носозӣ,
Гуфтам ин хонаи носоз чӣ пардоз кунам.

          Танҳо инсоне масъул ва шоире башарпарвар чун устод Ҳақназар худро дар пайванд бо ҷаҳон ва инсоният дармеёбад:

То ба дунё домани манзилгаҳам пайвастааст,
То ба саҳни чарх ҷони огаҳам пайвастааст…

Ва ӯ фарохо андеша меронад то ин пайваст низ маънои фарохтаре бигирад:

Шеър мебофам ба нури моҳ шабҳои дароз,
Рӯз дар ҷон, шом дар нури маҳам пайвастааст.

Ман чароғ афрӯхтам ҷои чароғи мурдае,
То ба базми Ҷоми Ҷам маҳфилгаҳам пайвастааст.

Чунон ки мушоҳида мекунед, устод Ҳақназар дар баёни мақсаду андеша ҳамеша ҳунармандона аз рамзҳо истифода мекунад. Чунончи дар боло вожаҳои “чароғ”, “чароғи мурда”, “Ҷоми Ҷам” ва ғайраҳо.

Устод Ҳақназар аз ҳолатҳо ва рӯҳияҳои мухталифи  инсонӣ шеърҳое меофарад, ки ҳолатҳои рӯҳонӣ ва эҳсосоти шоиронаро ба тасвир меоранд:

Аз дили содаю аз чашми намам метарсам,
Аз балохезии дарёи ғамам метарсам…

Пеш бимам набуд аз ханҷари хунрези нигоҳ,
Ин дам аз бӯи хуши атри ҳарам метарсам.

Ва ин тасвир оҳанги ғайричашмдошту таъсирбахши рӯзро  мегирад, вақте ки шоир ин тарсро то ба рози қаламу рози сухан мерасонад:

Ҳамдами роз бубинам, ки шуда кам дар кам,
Рози дил гӯям агар бар қаламам, метарсам.

Ҳақназар, ҳақнигариҳо ба паноҳат гиранд,
Ки ман аз ҳақсуханиҳои ту ҳам метарсам.

          Тасвири симои инсониву шоиронаи муаллиф тиҳӣ аз тасвирҳои бадеъ ва ҳунармандона нест, ки дар он истифодаи фаровон аз санъатҳои шеърӣ мушоҳида мешавад. Чанд мисол танҳо аз як ғазал:

Лаби хомӯши ман аз оҳу фиғон нест тиҳӣ,
Ҳамчу тармарг лаби гул зи фиғон саршор аст.

***

Шӯълаи ишқ зи ҷонсӯхтагон кам нашавад,
Хирмани барг кунад дуду таҳ оташзор аст.

***

Тали хокистари мо дида, дил аз мо наканӣ,
Таги хокистари мо коб, ки оташдор аст.

***

Чашмаи умри ман аз шишаи ях оина баст,
Ки сари ҳар қадаме шишашикан бисёр аст.

Ҳамаи ин мисолҳои дар боло овардашуда гувоҳи мушоҳидаҳои шоирона ва корбурди санъатҳо дар шеъри Ҳақназар Ғоибанд.

Сухани рост, ростгӯӣ яке аз хусусиятҳои шеъри устод Ҳақназар мебошад ва ин баёнҳо чунон самимонаанд, ки хонандаро моил ба ҳақиқати худ месозанд ва илова бар ин як паҳлуи дигари шеъри шоиррро боз менамоянд ва ҳам ба тасвири комили симои инсонии ӯ, ки мо пайгирӣ дорем, саҳм мегузоранд:

Бисёр ҷон бикандаму роҳат надидаам,
Серӣ зи ҷоми айши муҳаббат надидаам.

Ошиқ шудам, ки завқ намирад ба синаам,
Аз ёри хеш лек фароғат надидаам…

Бо бӯйи васли ӯ ба танам зиндагӣ дамад,
Дар гуфтаҳош гарчи ҳарорат надидаам.

Дар ҳаҷр нест  сабр маро, гарчи рӯзи васл
Дар ҷони хеш низ ҷасорат надидаам.

Гӯям дуош, давлаташ гардад зиёдтар
Гарчи зи ишқ ғайр зи ғорат надидаам.

Бубинед, ки Ҳақназар на танҳо дурӯғ намегӯяд, балки аз гуфтани гапи рост, ки одатан дар чунин мавридҳо маъмул нест, намеҳаросад. Ба ростӣ банда чунин шеъри ошиқонаи эҳсосотиро ба ин ошкорбаёнии самимона дар каси дигар нахондаам.

Чизи дигаре, ки хонандаро  дар шеъри устод Ҳақназар ба худ ҷалб мекунад, рӯҳияи баланду солиму ифтихоромез аст, ки дар ҳама шеърҳои ӯ пайваста ҳузур дорад:

Тахти сангин тахти аҷдоди ман аст,
Сахтбунёдии бунёди ман аст.

Он ҳама кӯҳе, ки хоропайкар аст,
Ҳайкали аҷдоди кӯҳзоди ман аст.

Он ҳама шеъре, ки Ҳофиз гуфтааст,
Партави табъи худододи ман аст…

Мурғи оташ қиссаву афсона нест,
Қисмати қавми шарарзоди ман аст…

Ва ӯ имрӯзиёнро дар ин радиф ба сарбаландиву олиҳимматӣ даъват мекунад:

Сархамии беди маҷнун нест хуш, бояд, ки мо
Ҷониби хуршед чун вартоҷ сар боло кунем.

Тоби бори дил надорад шонаи дунҳимматон,
Такя бар мардони олиҳиммати дунё кунем.

Бале, Ҳақназар инсон ва шоири бананг ва солимфикр аст ва ин хусусият дар шеъри ӯ ҳамеша ҷилвагар аст:

Барои ҳифзи нанги одамӣ бошад ғурури ман,
Ғаму шодӣ, талошу меҳри қалби носабури ман…

Дилам аз оташи ишқу ҳавасҳо  сӯзу таб дорад,
Бувад аз нони гарми шеърҳоям пур танӯри ман.

Маро рӯзию ризқ аз хони алвони бузургон аст,
Бувад аз мисраҳои обдоре обхӯри ман.

Ғуруби офтоби умри аҷдодам маро овард,
Ман он субҳам, ки аз баъди ғуруре тофт нури ман.

Ба андешаи боло илова мекунем, ки солимфикрии муаллиф сарчашма аз хиради зотии халқи мо мегирад ва намунаи ибрат барои имрӯзиён метавонад буд.

Шеъри Ҳақназарро метавон шеъри бовар ва ихлос номид. Арҷгузории ӯ ба фарҳанги қадима, ба бузургони миллат, ба суннатҳои волои миллӣ ба шеъри ӯ шираи ватандӯстӣ ва муҳаббат ба халқу ватанро додааст:

Рӯ ба даргоҳи бузургон сар фурӯ овардаам,
Тӯша аз ихлосу меҳру орзу овардаам.

***

Ба роҳи зиндагӣ то дам занам, дасти дуои халқ
Ба мисли дасти пурмеҳри ниёям аз дуо боз аст.

Дар ҳамин радифи арҷгузориҳои шоир ба бузургони гузашта метавон боз аз як хусусияти шеъри шоир оҳангҳои панду андарзро, ки ҷо-ҷо ба шеъри ӯ дурахши хосса медиҳанд, қайд кард. Чанд мисол меорем. Масалан дар байти зер, ба андешаи банда, шоир кӯшидааст тасвири тозае ба бор орад:

Гар сурати акси маҳӣ дар об, чӣ суде,
Ҳар лаҳза наҳанге бихурад моҳии нурат.

“Моҳии нурро хӯрдани наҳанг” тасвирест тоза, дар услуби куҳан.

Ё байти дигаре ҳам, ки тасвири тозаву зебои шоирона дорад ва ҳадафрас аст:

Табъи чун дарёи ман бе моҳии заррин равон,
Моҳии тиллоии ман ғайри ранги зард нест.

Ва ё ин андарзе, ки низ бӯи ҳикматҳои халқро дорад:

Гар нон зи саховат надиҳӣ баҳри дигарҳо,
Гармӣ надиҳад баҳри ту дар хона танӯрат.

Ва чанд мисоли дигар бидуни шарҳ:

Чун варақгардон бикардам қиссаи мардигарӣ,
“Ҳеҷ муҳтоҷӣ бад аз муҳтоҷии номард нест”.

***

Эй тоқахӯри тахтнишин, биншину ҳуш дор,
Рӯзе бикананд аз бари гӯри ҳама гӯрат.

***

Тоқате бояд таҳи санги гарони зиндагӣ,
Бишканӣ то нони беминнат зи хони зиндагӣ.

Пандномаҳои Ҳақназар ҳам андешаҳои хуби шоирона доранд, чунончи, мисоли “ба моиндар надодани тифли сухан” дар байти зер:

Харидори  сухан гар нест, ҳарфатро макун зоеъ,
Сухан тифл аст, бар моиндаре ҳаргиз мадеҳ онро.

Ҳақназар, ба гумонам, ягона шоирест, ки “шукри ғам” гуфтааст, зеро агар ғам намешуд, ӯ лаззати шодиро намечашид:

Ғам фаровон аст агарчи, шодам ин ки зиндаам,
Шукри ғамҳое, ки шодии фаровон дидаам.

Ҳақназар бо нигоҳи шоирона ба зиндагӣ, ба табиат ва ашё менагарад ва тасвирҳое месозад нобу андешанок, ки ҳақиқати ҳаётро намое шоирона мебахшанд ва дар шеъре, ки меорем, дар ҳар байт тазоди зиндагӣ ба д-ин тариқ ба тасвир меояд:

Зиндагӣ ғамоин аст, аз дилам чӣ мехоҳӣ?
Чашму рӯш чандин аст, аз дилам чӣ мехоҳӣ?

Дидаӣ гули шабро аз ситора хандон аст,
Шом шоли заррин аст, аз дилам чӣ мехоҳӣ?

Дар чароғи гулзораш қӯраи гули оташ,
Қӯрабози дерин аст, аз дилам чӣ мехоҳӣ?

Роҳи сарнавишти мо нагзарад зи тахтие,
Раҳ чунин ки сангин аст, аз дилам чӣ мехоҳӣ?

Бо ҳавои ҷилди бабр вартаи хатар ҷӯӣ,
Чашми бабр хашмин аст, аз дилам чӣ мехоҳӣ?

Рӯи тахтаи шаҳмат ҳолати шаҳат дидӣ,
Баста роҳи фарзин аст, аз дилам чӣ мехоҳӣ?..

Дар ин ғазал “чашму рӯи чандини зиндагӣ”, “шоли заррини шом”,

“қӯраи гули оташ”, “роҳи нотахту сангин”, “чашми бабр”-у “ҷилди бабр”, “ҳолати шоҳ”-у “роҳи бастаи фарзин”дар моварои худ маъниҳову суварҳои андешаро ифода мекунанд ва дар маҷмуъ як як овезаи тасвири зиндагиро ба пеши назар мегузоранд.

Як вижагии дигари шеъри Ҳақназар Ғоиб дар он аст, ки ӯ метавонад аз санъати  тазод ва муколама хуб истифода кунад. Масалан, дар ғазали мазкур шоир пайи ҳам санъати саволу ҷавобро меорад ва бо ин васила оҳангҳои ҷавонмардиву инсониро ба тарзи худ тараннум мекунад:

Ман ғами дил гӯямат, ту аз тараб мегӯиям,
“Ҷон ба лаб шуд” гӯямат, аз шаҳди лаб мегӯиям.

Ман зи ту шодӣ талаб кардам зи умри даргузар,
“Аз Худованди каримам ҳақ талаб” мегӯиям.

Ман зи дарди ишқ мегӯям, ки мехоҳам даво,
Аз ту чун хоҳам давоямро, “Сабаб?” мегӯиям.

Ман шаборӯзе ба пешат роз гуфтан хостам,
“Хомушӣ тиллост аз рӯи адаб” мегӯиям…

Эй Ҳақи ҷон, гӯямат: “Рав гӯшаи хилват бигир”,
Ту ба лабханди хуше: “Ин кори шаб” мегӯиям.

Бояд гуфт, ки шеъри Ҳақназар аз ҳавои зиндагӣ нафас мекашад ва  аз хиради зиндагӣ саршор аст. Ӯ бо чунин ашъор ба хонанда тарзи солими зиндагиро илқо мекунад. Ва ин ки тасвиру андешаҳи шоирона тиҳӣ аз мазмунҳои ҳаётӣ нестанд, худ аз ҳар байт ҳувайдост:

Меҳри ту дар ҷони ман бошад чу як ҷони дигар,
Як замини дигару як чархи гардони дигар.

Аз ҳавасҳое агар ман осмонӣ мешавам,
Мешавам бо ту заминӣ ҳамчу инсони дигар…

Гар касе аз ҷаҳл пеши ту намакдон бишканад,
Пеши ӯ аз меҳр бигзорӣ намакдони дигар…

Шеъри хокӣ ёд гирам аз ҷаноби деҳқон,
То бароем аз қатори шеърбофони дигар.

Мо асосан дар мавриди хусусиятҳои ғазалиёти Ҳақназар Ғоиб иҷмолан изҳори  андеша кардем, аммо наметавонам яктоӣ намуна аз рубоиёту дубайтиҳои ӯ наорам, ки аз назари банда тасвир ва маънои шоиронаи дурахшон доранд. Рубоӣ:

Дунё, ки ба ишқ арҷманд аст мудом,
Бар ошиқи худ ҷафописанд аст мудом.

Шамшер тасодуфан расад бар сари паст,
Он бар сари марди сарбаланд аст мудом.

Ва дубайтӣ:

Рухе ҳамчун гули ночида дорӣ,
Ба ҷонам аз ҳавас оташ гузорӣ.

Маро дар ишқ агар куштӣ, ҳунар нест,
Ҳунар бошад маро гар зинда дорӣ.

Осори устод Ҳақназар ҳам аз ҷиҳат мавзӯъ ва ҳам аз ҷиҳати жанрҳои адабӣ хеле фарогир аст ва мо ба хотири ба дарозо накашидани мақола оид ба  китоби нави адиб асосан дар хусуси ғазалиёти ӯ сухан кардем.

Мояи сарфарозист, ки устод Ҳақназар дар синни мубораки ҳаштод ҳанӯз саршори илҳоми шоирона ва яке аз шоирони пурмаҳсул аст.  Мо дар баробари ҳаштодсолагӣ ин неру, ин бовар ба худро, ки гумон мекунам, аз дили поку ромардиҳои шахсияти устод сарчашма мегиранд, бар устод  Ҳақназар муборакбод мегӯем. Ва чунон ки худ рӯҳбаландона сурудааст:

Ман зиндаам! Бало ба паси фанди зиндагӣ!
Фархунда бод ҷону ҷигарбанди зиндагӣ!…

Бас кандаанд риштаи меҳри маро, зи нав
Кардам гираҳ ба набзи дил пайванди зиндагӣ!

Ва ин пажӯҳиши нотамомро, ки ба сабаби норасоии фурсат ва имкон  хеле мушоҳидаҳо дар поварақҳо ногуфта монданд, бо як байти худи шоир  ҷамъбаст мебахшам:

Рӯҳам зи назаргоҳи Худо мужда расонад:
Монанди ту дар рӯи ҷаҳон Ҳақназаре нест”.

Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон,
ходими адабии АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 20, 2023 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон бо иштироки ҳайати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили адабӣ доир шуд
«ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Даври сеюми ин озмуни ҷумҳуриявӣ моҳи сентябр баргузор мешавад
Ҳайати котиботи номинатсияи фаромиллии Роҳи абрешим: Долони Фарғона — Сирдарё бо ёдгориҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва меъмории Суғд шинос мегардад
Олимони Чин бо фаъолияти расадхонаҳои Тоҷикистон шинос шуданд
Вобаста ба масъалаҳои таъмини ҳифзи сирри давлатӣ дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма машварати омӯзишӣ доир гардид
22 июл дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва МД «Телевизиони Сафина» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар Душанбе намоиши «Намунаҳои атласу адраси тоҷикӣ аз фонди Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ гардид
22 июл дар Тоҷикистон нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо оғоз мегарданд
Сайёҳон ба воситаи аудиошунавоӣ бо мавзеъҳои таърихиву фарҳангии шаҳри Хуҷанд шинос мешаванд
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Ба даври сеюми ин озмуни ҷумҳуриявӣ 525 довталаб роҳхат гирифт
Бахшида ба 100-солагии адабиётшиноси маъруфи тоҷик Соҳиб Табаров ҳамоишу маҳфилҳои илмӣ-адабӣ доир мешаванд
Донишкадаи умумирусиягии кинематографияи ба номи Сергей Герасимови шаҳри Москва қабули довталабонро эълон намуд