Раисони кумитаҳои парлумонҳои давлатҳои аъзои СААД бо таърих ва фарҳанги миллати тоҷик шинос шуданд

Октябрь 29, 2019 14:20

ДУШАНБЕ, 29.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 28 октябр раисони кумитаҳои мудофиа ва амнияти парлумонҳои давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъии назди Шӯрои Ассамблеяи парлумонии СААД аз нигораҳои Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд.

Тавре сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷазода ба мухбири АМИТ «Ховар»  хабар дод, меҳмононро директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Абдувалӣ Шарифзода ва дигар шахсони масъул истиқбол гирифта, ба онҳо дар сатҳи баланди касбӣ бо забони русӣ сайри осорхонавӣ  гузарониданд.

Сайри Осорхона аз харитаи «Ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон» оғоз гардида, бо тамошои дигар толорҳо ва гӯшаҳои намоишии Осорхона, аз қабили «Саразм», «Оини Зардуштӣ» «Ҳахоманишиҳо», «Юнону Бохтар», «Дайри Буддоии Аҷинатеппа», инчунин толорҳои намоишии шуъбаи таърихи нав ва навтарин ва «Туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» идома ёфт. Дар маҷмӯъ меҳмонон экспозитсияи шуъбаҳои таърихи бостон ва асрҳои миёна, таърихи нав ва навтаринро диданд.

Хамчунин онҳо бо бозёфтҳои давраҳои гуногуни таърихӣ, шурӯъ аз асри санг то замони муосир, дастовардҳои замони истиқлолият, фарҳанг ва ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик шинос гардиданд.

Меҳмонон аз боздиди толорҳои намоишии Осорхонаи миллии Тоҷикистон изҳори хушҳолӣ намуда, чун анъана дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон таассуроти хешро дарҷ  намуданд.

Бояд зикр намуд, ки бо мақсади рушду такомули робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ 28-29 октябр раисони кумитаҳои мудофиа ва амнияти парлумонҳои давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъии назди Шӯрои Ассамблеяи парлумонии СААД дар шаҳри Душанбе қарор доранд.

Октябрь 29, 2019 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рӯзи фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба сокинони пойтахт ганҷинаи нотакрори ҳунар пешниҳод гардид
«CHAKAN HOUSE». Дар Донишгоҳи давлатии Данғара маркази дӯзандагӣ ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги ВМКБ ва ноҳияи Файзобод баргузор мегарданд
Дар Душанбе рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Ишкошим ва Мурғоб баргузор шуд
Имрӯз рӯзҳои фарҳанги шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб ва Роштқалъа баргузор мегарданд
БОЗЁФТИ НОДИР. Сиккаҳои замони Сомониён дар Хутали Қадим кашф гардиданд
Шоири халқии Тоҷикистон Ҳадиса Қурбонова аз олам даргузашт
«САМАРАИ ИСТИҚЛОЛ». Таҳти чунин унвон Иттифоқи журналистони Тоҷикистон озмун эълон менамояд
«ЯК МЕРОС, ДУ САРЗАМИН». Намоиши маҷозии муштараки Тоҷикистон ва Эрон баргузор мегардад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги ВМКБ, шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб, Роштқалъа ва Файзобод баргузор мегарданд
Раиси шаҳри Шероз ёдгории таърихию фарҳангии «Қалъаи Ҳисор»-ро тамошо намуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯшон баргузор гардид