Рустами Эмомалӣ бо дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон мулоқот намуд

Октябрь 17, 2019 08:10

ДУШАНБЕ, 17.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи сафари дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон ба Чемпионати ҷаҳон-2019 мулоқоти Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ситоди мураббиён ва ҳайати мунтахаби мамлакат дар «Кохи Наврӯз»-и шаҳри Душанбе  сурат гирифт. Пас аз гирифтани акси хотиравӣ бо ҳайати даста Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон бо онҳо суҳбати кушоду озод анҷом дод. Дар ин бора  АМИТ «Ховар»   бо истинод ба Федератсияи  футболи Тоҷикистон иттилоъ  медиҳад.  

«Тайи солҳои охир бо дастгирию ҳидоятҳои ҳамвораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон футбол дар Тоҷикистон ба таври бесобиқа рушду ривоҷ ёфт», – гуфт дар оғози суҳбат Рустами Эмомалӣ.

«Сокинони сарбаланди мамлакат аз насли навраси футболбоз умеди зиёд дошта, ба онҳо эътимод доранд. Қатъи назар аз рақиб шуморо мебояд бо боварӣ дар майдон тӯбронӣ карда, баҳри баланд бардоштани эътибору нуфузи футболи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ва парафшонии парчами миллии ҷумҳуриамон  талош варзед»,-иброз дошт Президенти ФФТ.

Сармураббии дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи тоҷик Зайниддин Раҳимов аз номи ситоди мураббиён ва шогирдонаш ба Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷиҳати муҳайё сохтани шароити арзандаи тамрин ва иштирок дар мусобиқаҳои гуногуни байналмилалӣ изҳори сипос намуда, аз номи худ ва шогирдонаш ваъда дод, ки онҳо дар ин маъракаи бузурги ҷаҳонӣ бо тамоми неру ва иқтидори хеш баҳри бо сари баланд муаррифӣ кардани Тоҷикистон талош мекунанд.

Ёдовар  мешавем, ки дастаи мунтахаби   наврасони то 17-солаи футболи тоҷик  субҳи имрӯз, 17  октябр  тавассути хатсайри ҳавоии Душанбе-Истанбул-Сан Паулу ба Бразилия, ки мизбони 18-умин чемпионати ҷаҳон байни наврасон аст, сафар  кард.

Дар шаҳри Сан Паулу шогирдони Зайниддин Раҳимов як ҳафта ҷамъомади таълимиву тамринӣ гузаронида, сипас ба шаҳри Кариасика, ки макони баргузории ҳамаи бозиҳои даври гурӯҳии дастаи мунтахаби  Тоҷикистон бо ҳамтоёнаш аз Камерун, Испания ва Аргентина ба ҳисоб меравад, роҳсипор мегарданд. Чемпионати ҷаҳон 26 октябр шурӯъ шуда, то 17 ноябр дар шаҳрҳои Кариасика, Гояна ва Гамаи Бразилия идома меёбад.

Октябрь 17, 2019 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид