Сӯҳроб Мирзоев: «Интизор набудем, ки Шоҳҷоизаи Фестивали байналмилалии театрҳо насиби мо мешавад»

Октябрь 24, 2019 15:05

ДУШАНБЕ, 24.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 23 октябр аҳли Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, ки дар Фестивали байналмилалии театрҳо ба номи Ҷанат Хаҷиев дар Қазоқистон иштирок карда, соҳиби Шоҳҷоизаи фестивал шуданд, ба Тоҷикистон баргаштанд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Вазорати фарҳанг ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Барандагони Шоҳҷоизаро муовини якуми Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Обидҷон Назариён бо як гурӯҳ кормандони вазорат ва ҳунарпешаҳои театрҳои пойтахт истиқбол гирифтанд.

Ҳунарпешаҳои Театри ҷавонон дар фестивали мазкур, ки дар шаҳри Жезказган баргузор гардид, спектакли “Дирафши Коваёнӣ”-ро намоиш доданд.

Тавре директори Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон Суҳроб Мирзоев зикр намуд, “Дирафши Коваёнӣ” ҳам аз ҷониби тамошобинон ва ҳам ҳайати ҳакамон хеле хуш пазируфта шуд.

“Мо аз кафкӯбиҳои пурмавҷи аҳли толор фаҳмидем, ки ҷои намоёнро соҳиб мешавем, аммо интизор набудем, ки Шоҳҷоиза насиби мо мешавад”, -иброз дошт Сӯҳроб Мирзоев.

Намоиши “Дирафши ковиёнӣ” аз рӯи асари “Шоҳнома”-и безаволи ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ дар таҳияи коргардони шинохта Нозим Меликов рӯи саҳна омадааст.

Намоиши мазкур дар Тоҷикистон ҳам дар доираи касбӣ ва ҳам байни ҳаводорони санъати театрӣ маҳбубият пайдо кардааст. Соли 2017 «Дирафши коваёнӣ» сазовори Шоҳҷоизаи Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2017» гардида буд.

Ёдовар мешавем, ки Фестивали байналмилалии театрҳо ба номи Ҷанат Хаҷиев аз 15 то 19 октябр дар Театри мусиқӣ-драмавии шаҳри Жезказгани Ҷумҳурии Қазоқистон бо мақсади рушди санъати театрӣ, таҳкими робитаҳо байни театрҳои кишварҳои гуногун ва дарёфти чеҳраҳои нав баргузор гардид. Фестивал ба хотираи Арбоби шоистаи Қазоқистон, яке аз асосгузорони театри Жезказган, коргардон Ҷанат Хаҷиев бахшида шуда буд.

Дар фестивал гурӯҳҳои театрӣ аз минтақаҳои гуногуни Қазоқистон, инчунин аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон иштирок карданд.

Октябрь 24, 2019 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд