САММИТИ ИДМ ДАР АШҚОБОД. МУЛОҚОТ ДАР ҲАЙАТИ МАҲДУД ОҒОЗ ГАРДИД: иттилоъ дода мешавад, ки сарони давлатҳо дар ин шакли ҳамоиш масъалаҳои муҳимро баррасӣ менамоянд
ДУШАНБЕ, 11.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар пойтахти Туркманистон ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад. Дар он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок доранд.
Дигар сарони давлатҳои узви ИДМ низ ба Ашқобод ташриф оварданд: президентҳои Россия Владимир Путин, Беларус — Александр Лукашенко, Озарбойҷон — Илҳом Алиев, Қазоқистон – Қосим Жомарт Тоқаев, Ӯзбекистон — Шавкат Мирзиёев, Қирғизистон — Сооронбой Жээнбеков, Молдова — Игор Додон ва Сарвазири Арманистон Никол Пашинян.
Ҳайати Тоҷикистонро дар ин саммит инчунин Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Аъзамшо Шарифӣ, Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ва дигар шахсони расмӣ намояндагӣ мекунанд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «РИА Новости» хабар медиҳад, субҳи имрӯз мулоқоти сарони давлатҳо дар ҳайати маҳдуд оғоз ёфт. Дар хабар зикр мешавад, ки дар ин шакли ҳамоиш сарони давлатҳо доир ба масъалаҳои мубрами рушди ҳамкорӣ дар доираи ИДМ изҳори андеша намуда, назари худро роҷеъ ба вазифаҳои минбаъда баён мекунанд.
АМИТ «Ховар» дирӯз хабар дода буд, ки дар арафаи саммити сарони давлатҳо дар Ашқобод ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардида, лоиҳаҳои як зумра қарорҳо барои баррасии минбаъда дар сатҳи сарони давлатҳо тасдиқ гардид. Вазирон ҳамчунин барномаи амал барои тақвияти шарикӣ миёни вазоратҳои хориҷиро тасдиқ намуданд.
Тибқи иттилои Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ ҳашт лоиҳаи ҳуҷҷатҳо, ки ба рушди минбаъдаи ҳамкории иқтисодӣ ва шарикии сиёсати хориҷӣ, таъмини амният, муқовимат ба чолишҳо ва таҳдидҳои нав равона шудаанд, баррасӣ мегарданд.
Дар робита ба 75-солагии Ғалабаи халқи шӯравӣ дар Ҷанги бузурги ватании солҳои 1941-1945 муроҷиати сарони давлатҳои ИДМ ба мардумони кишварҳои Иттиҳод ва ҷомеаи ҷаҳонӣ қабул карда хоҳад шуд.
Дар ҳайати васеи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳо баррасии лоиҳаи Эъломия дар бораи ҳамкории стратегии иқтисодӣ, ки бо назардошти равандҳои ҷории рақамикунонӣ таҳия шудааст, дар назар аст.
Сомонаи Кумитаи иҷроияи ИДМ иттилоъ медиҳад, ки раҳбарони давлатҳо лоиҳаи эъломияро дар ҷаласаи васеъ баррасӣ мекунанд. «Лоиҳа низоми муносибатҳои мувофиқанамудаи давлатҳои аъзои ИДМ-ро ба ҳадафҳои умумӣ, вазифаҳо ва самтҳои афзалиятноки рушди иҷтимоию иқтисодӣ барои тавсеа ва таҳкими муносибатҳои иқтисодии байнидавлатӣ, таъмини рушди устувор, амнияти иқтисодӣ, густариши ҳамкории илмию техникӣ ва инноватсионӣ ҳамчун асоси истеҳсоли маҳсулоти муштараки рақобатпазир, таҳкими мавқеи давлатҳои Иттиҳод дар иқтисоди ҷаҳонӣ, баланд бардоштани некӯаҳволӣ ва сифати ҳаёти аҳолӣ пешбинӣ мекунад», хабар медиҳад сомонаи расмии Кумитаи иҷроияи ИДМ.
Котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев дар мусоҳиба бо БелТА ба суол дар бораи пеш омадани зарурати ин ҳуҷҷат дар сурати мавҷуд будани бе ин ҳам ҳамгироии фаъоли иқтисодӣ ҷавоб дода, чунин гуфт: «Бо гузашти вақт бисёре аз ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи муносибатҳои иқтисодии мо тадриҷан кӯҳна мешаванд. Ҳолатҳои нав дар ҳаёти байналмилалӣ ва муносибатҳои иқтисодӣ ба миён меоянд. Ва ин эъломия эҳтиёҷоти моро дар рушди робитаҳои иқтисодӣ мубрам гардонид. Ба он унсурҳои нав, аз ҷумла истилоҳи рақамикунонӣ ва татбиқи иқтисоди рақамӣ ворид карда шудаанд».
Ҳамин тариқ, дар лоиҳаи эъломия муқаррароте мавҷуданд, ки барои муносибатҳои иқтисодии кишварҳои Иттиҳод мубраманд. «Он дар ҳама кишварҳои ИДМ дастгирӣ ёфт. Он якҷо мувофиқа ва таҳия карда шуд. Намояндагони давлатҳо ба он бо пешниҳодҳои худро илова карданд. Умедворем, ки ин ҳуҷҷати муҳим ва пурмуҳтаво самтҳои фаъолиятро дар ростои ҳамкории иқтисодӣ барои солҳои оянда ба танзим медарорад», — илова намуд Сергей Лебедев.
Ба рӯзномаи ҷаласа инчунин дигар санадҳо, аз қабили конвенсия дар бораи иҷрои ҳукмҳои бидуни ҳабс, созишнома дар бораи воҳиди муштараки муҳандисӣ оид ба безараргардонии башардӯстонаи қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои ИДМ, созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди коррупсия, барномаи ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди терроризм ва дигар зуҳуроти зӯроварии экстремизм барои солҳои 2020-2022 дохил мешаванд.
Интизор меравад, ки зимни ҷаласаи мазкур шӯро масъалаи тамдиди ваколати Раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Сергей Лебедевро барои се соли дигар баррасӣ мекунад. Тавре Ёрдамчии Президенти Россия Юрий Ушаков дар суҳбат бо рӯзноманигорон тазаккур дод, ин масъала «қаблан бо ҳама мувофиқа шудааст ва интизор меравад, ки президентҳо ин қарорро ба расмият медароранд».
Масъалаи раисӣ дар ИДМ дар соли 2020 низ бояд баррасӣ шавад. Тавре Ушаков зикр кард, дар Ашқобод «қарор дар бораи аз 1 январ ба Ӯзбекистон гузаштани раёсат дар ИДМ дар соли 2020» ва дар бораи ҳамраис гардани Туркманистону Беларус ҳамчун раисони қаблӣ ва ояндаи Иттиҳод мувофиқа карда мешавад. Илова бар ин, масъалаи баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ баррасӣ хоҳад шуд. Ин банд низ қаблан мувофиқа шудааст — ҷаласа 16 октябр ба нақша гирифта шуда, он бояд дар Тошканд баргузор гардад.