Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА мулоқот намуд

Октябрь 7, 2019 15:52

ДУШАНБЕ, 07.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) мулоқот намуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муҳими рӯзро дар доираи САҲА мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.

Таъкид шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои идома ва тақвият бахшидани ҳамгироӣ бо САҲА  ҳавасманд буда, дар ин самт тадбирҳои зарурӣ амалӣ месозад.

Ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва САҲА  дар самтҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон, озодӣ, таъмини амният ва иқтисодию экологӣ ба роҳ монда шудааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар ин росто ҳамкориро бо САҲА  дар соҳаи энергетика, роҳу нақлиёт, тағйирёбии иқлим ва дигар самтҳои муҳим таҳким бахшад.

Октябрь 7, 2019 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид