Судҳои ҷумҳурӣ нисбат ба 7600 нафар шахсоне, ки қонунҳои миллиро риоя накардаанд, ҷазои ҷарима таъйин намудаанд
ДУШАНБЕ, 21.10.2019/АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби судҳои ҷумҳурӣ вобаста ба вайрон кардани яке аз қонунҳои миллӣ- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар нуҳ моҳи соли равон 527 парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба 527 шахс баррасӣ шуда, ба 519 шахс ба маблағи умумии 2 490 565 сомонӣ ҷарима татбиқ шудаст. Ин маълумот зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли равон манзур гардид.
Зикр шуд, ки шумораи баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оид ба риоя накардани Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба 12690 адад расида, бо 11453 парванда нисбат ба 11535 нафар қарор қабул карда шудаст. Дар маҷмӯъ нисбат ба 4421 нафар огоҳӣ ва нисбат ба 7114 нафар ҷазои ҷарима ба маблағи умумии 1154672 сомонӣ таъйин гардидааст. Дар ин давра ба судҳои ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 120090 адад парвандаҳо ва дархосту пешниҳодҳо ворид гардиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 633 адад зиёданд. Аз ин шумора судҳо 106695 адад парвандаҳо ва дархосту пешниҳодҳоро моҳиятан баррасӣ карданд, ки назар ба шашмоҳаи якуми соли гузашта 500 адад кам шудааст.
Аз шумораи парвандаҳои баррасигардида дар марҳилаи якум 10130 ададро парвандаҳои гражданӣ, 29324 парвандаҳои оилавӣ, 8149 парвандаҳои ҷиноятӣ, 39106 парвандаҳои маъмурӣ ва 13382 дархосту пешниҳодҳои мақомот ташкил медиҳанд. Аз ин шумора 12384 парванда дар маҷлисҳои сайёри судӣ баррасӣ карда шудаанд.
Ҳамзамон таъкид шуд, ки бо мақсади амалӣ намудани «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019», ки ба баланд бардоштани маърифату дониши ҳуқуқии шаҳрвандон равона шудааст, судяҳо ва кормандони дастгоҳҳои судҳо тариқи телевизион ва радио 1783 маротиба дар мавзӯъҳои ҳуқуқӣ сухан гуфта, дар рӯзномаю маҷаллаҳо 773 хабару мақолаҳо ба нашр расонида ва дар ташкилоту корхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ ва қисмҳои ҳарбӣ 6671 вохӯриҳо баргузор намуданд.
Бо мақсади ҷалб намудани диққати мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор ба ҳолатҳои вайронкунии қонун ва сабабу шароите, ки ба содир шудани қонунвайронкунӣ мусоидат кардаанд, судҳои ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 12966 таъйиноти хусусӣ бароварда, 471 ҷамъбастҳои амалияи судиро гузаронида, ба мақомоти дахлдор 567 адад пешниҳодҳо ирсол намуданд.
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат оид ба ду маротиба дар як ҳафта ба роҳ мондани қабули шаҳрвандон, дар нимсолаи якум бевосита аз ҷониби Раиси Суди Олӣ 1279 нафар муроҷиаткунандагон қабул карда шуданд, ки дар таносуб ба ҳамин давраи соли 2018 ин шумора 148 адад зиёд мебошад.
Дар рӯзҳои корӣ аз ҷониби муовинони Раиси Суди Олӣ ва раисони коллегияҳои судӣ 64 нафар шаҳрвандон қабул карда шуданд.
Ба АМИТ «Ховар» аз бахши иттилооти Суди Олии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ки дар интиҳои маҷлис Раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён фаъолияти мақомоти судиро давоми нуҳ моҳи соли 2019 мавриди ҷамъбаст қарор дода, ба судяҳо ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо, роҳ надодан ба кашолкорӣ, риоя кардани муҳлати баррасии парвандаҳо, тибқи талаботи қонунгузории мурофиавӣ босифат таҳия намудани санадҳои судӣ ва сари вақт ба тарафҳо супоридани нусхаҳои онҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.








Дар деҳаҳои Дарғ ва Каздони ноҳияи Айнӣ бар асари омадани сел хисороти зиёд ба қайд гирифта шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 шаш санади меъёрии ҳуқуқӣ мавриди омӯзишу таҳлил қарор гирифт
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳолати риоя накардани талаботи қонуни танзими ҷашну маросим 74 адад зиёд шудааст
Бо ташаббуси ҲХДТ беш аз сад нафар кӯдак ба лагерҳои истироҳатию фароғатӣ сафарбар шуданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ низоми нави андозбандии электронӣ баррасӣ шуд
Имсол теъдоди муассисаҳои фарматсевтӣ ва дорухонаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 61 адад зиёд гардидааст
Дар ноҳияи Фирдавсӣ 3244 нафар ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул гардиданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар соҳаи тандурустӣ навовариҳо амалӣ гардиданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаш моҳи соли равон шумораи хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби занон афзоиш ёфтааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 31 ҳазор иншоот ба истифода дода шуд
Беш аз 2970 нафар дар асоси иҷрои Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи авф» ба озодӣ баромаданд






