«Тасвири об дар асарҳои рассомони Тоҷикистон» — таҳти ин унвон дар Бохтар намоиши аксҳо баргузор мегардад

Октябрь 8, 2019 15:43

ДУШАНБЕ, 08.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз 10 то 30 октябр  дар Осорхонаи таърихию кишваршиносии ба номи «Авасто»-и шаҳри Бохтари вилояти Хатлон таҳти унвони «Тасвири об дар асарҳои рассомони Тоҷикистон» намоиши аксҳо  баргузор мегардад.

Намоиш бо ташаббуси Муассисаи давлатии Осорхонаи миллии Тоҷикистон доир карда мешавад.

Тавре сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷазода ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ҳамоиши мазкур бахшида ба Даҳсолаи  байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор карда мешавад.

Ҳадаф аз баргузории намоиши аксҳо- ин муаррифии манзараҳои зебои Ватан, чашмаву дарёҳо ва кӯлҳои нодир тавассути расмҳо ба тамошобинон мебошад.

Дар намоишгоҳ аз хазинаи Осорхонаи миллии Тоҷикистон 25 адад асарҳо аз эҷодиёти рассомони машҳури Ҷумҳурии Тоҷикистон: Х. Хушвахтов, З. Ҳабибулоев, Боборикин В., Волинский И., Довудов З.,Ҳайдаров А., Талдигин Ю., Богдасаров Р., Мамадкулов Я., Одинаев Б. ба намоиш гузошта мешаванд.

Инчунин дар офаридаҳои мусаввирони Тоҷикистон, ки солҳои гуногун эҷод шудаанд, манзараҳои зебои табиати диёр: дарёҳо, кӯлҳо, чашмасорон наққошӣ шудаанд, ки сарзамини моро ҳамчун диёри сарчашмаҳои оби мусаффо муаррифӣ менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки 22 декабри соли 2016 дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълони Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо ҷонибдории 177 давлати аъзои СММ қабул гардида буд.

Намоишгоҳи аксҳо 10 октябр, соати 10:00 оғоз гардида, дӯстдорони мусаввараҳо метавонанд аз он дидан намоянд.

Октябрь 8, 2019 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид