То соли 2025 зиёда аз 1 миллион аҳолии вилояти Хатлон бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин карда мешавад

Октябрь 23, 2019 11:58

ДУШАНБЕ, 23.10.2019 /АМИТ «Ховар»/.  То соли 2025 зиёда аз 1 миллион аҳолии вилояти Хатлон бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин карда мешаванд. Дар ин бора имрӯз зимни ҷаласаи навбатии иҷлосияи шашуми  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ҷаласаи мазкур вакилони мардумӣ оид ба тасдиқи Созишнома оид ба маблағгузории грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот» қарори дахлдор қабул намуданд.

«Масъалаи таъмини оби нӯшокӣ барои мардуми мо хеле муҳим ба ҳисоб меравад, зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  давоми даҳсолаҳои охир ташаббускори соҳаи об ба ҳисоб меравад. Қабул ва эълон намудани пешниҳодҳои Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ гувоҳи ин гуфтаҳост», — афзуд Шукурҷон Зуҳуров.

Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода зимни шарҳи Созишномаи мазкур зикр намуд, ки он 25 июни соли 2019 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, маблағи умумияш ба 58 миллион доллари америкоӣ баробар мебошад.

Гуфта шуд, ки лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот» аз се қисмат иборат мебошад.

«Давоми солҳои татбиқи лоиҳа корҳои зиёде, ба монанди бо оби ошомиданӣ таъмин намудани 426 маҳалли аҳолинишини дар гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Вахш тавассути сохтмони 445 километр шабакаи обрасонӣ, таъмин намудани 54 маҳали аҳолинишини ноҳияи Восеъ бо оби тоза тавассути барқарорсозии зиёда аз 150 километр шабакаи обтаъминкунӣ, инчунин сохтмони иншооти беҳдошти санитарӣ ва утоқҳои санитарию гигиенӣ дар 150 муассисаи таълимӣ ва 50 муасисаи тандурустӣ пешбинӣ шудааст», — илова намуд Файзиддин Қаҳҳорзода.

Иттилоъ дода шуд, ки бо татбиқи ин лоиҳа дастрасии аҳолии шаҳру ноҳияҳои Кӯшониён, Вахш, Ҷалолиддини Балхӣ, Леваканд, Дӯстӣ, Ҷайҳун ва Восеи вилояти Хатлон бо оби ошомиданӣ ва хизматрасонии обу беҳдошт таъмин мегардад. Инчунин низоми устувори идоракунӣ дар корхонаҳои хизматрасонии бахши таъминоти об беҳтар гардида, идоракунии муосир ба роҳ монда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2019 оғоз гардида, то соли 2025 идома меёбад.

Октябрь 23, 2019 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи Шурои Маҷлиси намояндагон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Рустами Эмомалӣ аз истифодаи зиёди вейпҳо ё сигорҳои электронӣ дар байни наврасон изҳори нигаронӣ намуданд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пагоҳ ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
16 декабр ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
15 декабр иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
16 декабр ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба ду қонун тағйиру илова ворид карда шуд
15 декабр иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад