Вазири корҳои дохилӣ бо фаъолон ва сокинони минтақаи Рашт мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 19.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 18 октябр дар доираи сафари хизматӣ ба ноҳияи Рашт ва баргузории ҷаласаи сайёр оид ба ҷамъбасти фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ дар давоми нуҳ моҳ вохӯрии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода бо фаъолон ва сокинони минтақаи Рашт баргузор гардид.
Зимни мулоқот Вазири корҳои дохилӣ оид ба пешрафту тараққиёти минтақаи Рашт дар ҳамаи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва хоҷагии халқ, корҳои ободонию созандагӣ, инчунин ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ ибрози андеша намуд.
Мардуми сарбаланди ноҳияи Рашт аз дастгирию ғамхориҳо ва таваҷҷуҳи рӯзафзуни Сарвари давлат изҳори миннатдорӣ намуданд.
Дар хотимаи вохӯрӣ бо иштироки ансамбли «Сипар»-и Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар ҳунармандон барномаи ҳунарӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.









Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд






