Вазири мудофиаи Қазоқистон Нурлан Ермекбаев бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад

Октябрь 28, 2019 09:33

ДУШАНБЕ, 28.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 27 октябр Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Қазоқистон, генерал-майор Нурлан Ермекбаев бо ҳайати ҳамроҳонаш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Нозимиён   иттилоъ дод, дар доираи  сафар мулоқоти Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Шералӣ Мирзо  бо Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Қазоқистон, генерал-майор Нурлан Ермекбаев доир гардид.

Зимни мулоқот ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ миёни Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар заминаи баргузории машқҳои муштараки ҳарбӣ, табодули иттилооту таҷрибаомӯзӣ ва омода намудани кадрҳо дар  донишкадаҳои олии ҳарбии ҳарду давлат матраҳ гардиданд.

Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Қазоқистон Нурлан Ермекбаев зимни сафар ҳамчунин аз боғҳои фарҳангӣ ва фароғатии ҳудуди шаҳри Душанбе ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуд. Дар доираи сафар барномаи консертии «Шоми дӯстӣ» бо иштироки ҳунармандони ду давлат  баргузор гардид.

Ёдовар мешавем, ки сафари Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Қазоқистон пагоҳ хотима меёбад.

Октябрь 28, 2019 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд