Вазири мудофиаи Россия се афсари тоҷикро бо медалҳои «Барои таҳкими ҳамбастагии ҳарбӣ» сарфароз гардонид

Октябрь 2, 2019 13:00

ДУШАНБЕ, 02.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Вазири мудофиаи Федератсияи Россия, генерали Артиш Сергей Шойгу иштирокчиёни машқҳои стратегӣ ва фармондеҳӣ-ситодии «Марказ – 2019», аз ҷумла хизматчиёни ҳарбии кишварҳои хориҷиро сарфароз гардонд.

Се нафарӣ хизматчиёни ҳарбӣ аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин ва Покистон бо медалҳои «Барои таҳкими ҳамбастагии ҳарбӣ» сарфароз гардиданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Нозимиён хабар дод, афсарони тоҷик полковник Фаридун Усмонзода, полковник Файзулло Чаманзода ва подполковник Орифҷон Шарафов бо медалҳои «Барои таҳкими ҳамбастагии ҳарбӣ» сарфароз гардонида шуданд. Тибқи фармони Вазири мудофиаи Федератсияи Россия, афсарони тоҷик «барои хизматҳояшон дар таҳкими ҳамбастагии ҳарбӣ ва ҳамкории низомӣ бо артишҳои кишварҳои дӯст ва мусоидат дар ҳалли вазифаҳои ба зиммаи Қувваҳои Мусаллаҳ гузошташуда» сарфароз гардонида шуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар машқҳои «Марказ – 2019», ки моҳи сентябр дар машқгоҳҳои умумиҳарбии вилоятҳои Астрахан, Кемерово, Қӯрғон, Оренбург ва Челябинск, дар қаламрави Доғистон ва кишвари Олтой, инчунин дар баҳри Каспий баргузор шуданд, тақрибан 128 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбӣ иштирок намуда, беш аз 20 ҳазор адад силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ, тақрибан 600 дастгоҳҳои ҳавопаймоӣ ва то 15  адад киштиҳои таъминотӣ истифода бурда шуданд.

Октябрь 2, 2019 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд