Вазорати мудофиаи Тоҷикистон: маъракаи даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 65% иҷро гардид

Октябрь 24, 2019 08:40

ДУШАНБЕ, 24.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо маъракаи даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дошта, дар ҷумҳурӣ беш аз 65%-ро ташкил медиҳад. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф
Нозимиён хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, давоми 20 рӯзи даъвати тирамоҳӣ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аввалин шуда, маъракаро 110% ба иҷро расонид.

Имрӯзҳо теъдоди зиёди ҷавонон ба комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо омада, бо мақсади ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ шомил шудан ариза пешниҳод менамоянд.

«Дар ин давра комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои Шаҳристон, Исфара ва Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд аз иҷрои пурраи маъракаи даъват гузориш доданд. Дар умум то имрӯз дар вилояти Суғд маъракаи  даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ қариб 75% иҷро гардидааст», — иброз дошт котиби матбуоти  Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковник Ориф Нозимиён.

Бояд гуфт, ки маъракаи даъват дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон беш аз 50%, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 60% ва минтақаи Рашт 100%  иҷро гардидааст.

«Даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар шаҳри Душанбе бо маром идома дошта, дар 4 ноҳияи он иҷрои маърака ба 75% расидааст», — афзуд манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки маъракаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат идома дорад.

Октябрь 24, 2019 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид