Аз ҶДММ «Шау-Сун» 50 адад чархҳои мошини тамғаи «Дулан»-ро дуздиданд
ДУШАНБЕ, 15.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ба шуъбаи 1-уми Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе марди 48-солаи шаҳрванди Ҷумҳурии Мардумии Чин, директори ҶДММ «Шау-Сун», ки айни ҳол истиқоматкунандаи кӯчаи Ҷ.Расулови пойтахт мебошад, муроҷиат намудааст.
Номбурда дар муроҷиаташ зикр кардааст, ки шаби 10 ба 11 ноябри соли равон, тахминан соати 03:20, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба корхонаи мазкур, воқеъ дар кӯчаи Ҷ.Расулов даромада, аз он ҷо 50 адад чархҳои мошини тамғаи «Дулан»-ро дуздидааст. Дар натиҷаи ин дуздӣ ба корхонаи «Шау-Сун» 150 ҳазор сомонӣ зарар расидааст.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ — ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон бо гумони дуздӣ дастгир гардид. Айни ҳол аз рӯи ин ҳодиса корҳои тафтишотӣ идома доранд.








ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид






